Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Муқовимат бар зидди коррупсия қарзи шаҳрвандии мост»

«Муқовимат бар зидди коррупсия қарзи шаҳрвандии мост»

11-11-2016, 13:44
Хабарро хонданд: 274 нафар
Назарҳо: 0
«Муқовимат бар зидди коррупсия қарзи шаҳрвандии мост»

Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷахонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст. Рӯзмарра ва мубрам будани масъалаи баррасишавандаро ба инобат гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба коррупсия гардид ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ чораҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқиро андешид. Бо максади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва андешидани чораҳои зарурӣ дар сатҳи миллӣ маҷмӯи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ қабул гардид.
Мо аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бояд ҳамеша пеши роҳи чунин амалҳои номатлуби коррупсиониро гирифта, ҷиҳати амалӣ гардидани Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назарраси худро гузорем.
Тибқи фармоиши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд оиди дар амал тадбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013 таҳти №1504, «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аксияи ҳизбӣ ба нақша гирифта шудааст.
Рӯзи гузашта дар маҷлисгоҳи Донишкадаи иқтисод ва савдои донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон бо омӯзгорону донишҷӯён вохӯрӣ гузаронида шуд, ки дар он пеш аз ҳама сармутахассиси назорати Раёсати агентии мубориза бар зидди коррупсия дар вилояти Суғд Саломзода Н. ва Назриён В., муовини ректор оид ба корҳои тарбия Аҳророва Г., ва мудири шӯъбаи умумӣ ва назорати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мақсудҷон Абдуғафуров ширкат варзида суханронӣ намуданд.
Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мақсудҷон Абдуғафуров дар баромади худ қайд кард, ки муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва тадбиқи он, аз ташаббуси олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз мегардад. Самаранокии муқовимат бо коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шахрвандӣ дар раванди амалигардонии он вобастагии зич ва ногусастанӣ дорад.
Баъдан миёни иштирокчиён дар бораи пешгирӣ ва муқовимат бар зидди коррупсия саволу ҷавоб доир гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: