Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Донишҷӯён алайҳи ифротгароӣ

Донишҷӯён алайҳи ифротгароӣ

20-12-2016, 15:47
Хабарро хонданд: 221 нафар
Назарҳо: 0
    Донишҷӯён алайҳи ифротгароӣ

17 декабри соли равон дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов ва намояндагии Хазинаи рушди «Институти тадқиқоти АвруОсиёӣ» ҷасалаи навбатии клуби байнидонишгоҳӣ дар мавзӯи «Суботи Тоҷикистон дар замони таҳдидҳои нав: вазъ ва дурнамо» доир шуд.

Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини суботи миллии хеш аҳамияти бузург медиҳад ва ин омил барои ҳар кишвар аз омилҳои муҳимтарини сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. Имрӯз дар қатори таҳдидҳои асосии бехатарии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташаккил, интиқол ва фурӯши маводи мухаддир, исломи радикалӣ-сиёсӣ, ифротгароии динӣ-сиёсӣ ва буҳрони молиявӣ-иқтисодӣ ҷо гирифтаанд. Амнияти кишварҳои зиёд имрӯз таҳти зарбаҳои терроризму ифротгароӣ қарор гирифтааст, ки талафоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавиро ба бор оварда, шумораи бузурги ашхоси бегуноҳ дар ин дасисаҳо кушта мешаванд. Такя ба ин, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ҳамеша таъмини бехатарӣ ва суботи ҷомеа маҳсуб мегардад.

Чуноне гуфта шуд, мақсади асосии ҳамоиш тарбият кардани ҷавонон дар руҳияи таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром гузоштан ба намояндагони миллатҳо ва фарҳангу динҳои ғайр, пешгирии низоъҳои байниқавмиву байнимазҳабӣ ва ҳифзи ризоият ва субот дар ҷомеа мебошад. Дар кори чорабинӣ донишҷӯён-намояндагони Филиали ДДМ ба номи М.В.Ломоносов, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, ДДМТ, ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, ДДОТ ба номи С.Айнӣ, ДТТ ба номи М.С.Осимӣ, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода ширкат доштанд. Вобаста ба мавзӯи пешниҳодгардида донишҷӯён бо маърӯзаҳо баромад намуда, миёни онҳо табодули назар сурат гирфт.

Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: