Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Қазоқистон 25-солагии истиқлолашро ҷашн мегирад

Қазоқистон 25-солагии истиқлолашро ҷашн мегирад

19-12-2016, 08:40
Хабарро хонданд: 136 нафар
Назарҳо: 0
Қазоқистон 25-солагии истиқлолашро ҷашн мегирад

16 декабр дар Қазоқистон Рӯзи Истиқлолият таҷлил мешавад. 25 сол пеш қонуни конститутсионӣ дар бораи истиқлолияти Қазоқистон қабул шуда буд.
Нурсултон Назарбоев, президенти ин кишвар дар суханронии бахшида ба истиқлолият аз дастовардҳои кишвараш дар 25 соли охир ёдоварӣ кардааст. Вай ба ҳукуматаш дастур додааст, ки соли 2017 нафақаро 20 дарсад бештар кунад ва ҳамчунин пардохти якдафъаина барои таваллуди тифлро аз 1 июли соли 2017 20 дарсад боло барад.

Назарбоев ҳамчунин аз ёдгории 25-солагии истиқлолият пардабардорӣ кардааст.

Муҷассамаи 25-солагии истиқлолияти Қазоқистон давоми 3,5 моҳ бо меъмории хос аз мармари сурх сохта шудааст.

16 декабр дар ин кишвар ҳамчунин аз ҳодисаҳои 30-солагии Декабри соли 1986 - замоне, ки дар шаҳри Алмаато донишҷӯён ва коргарони ҷавон эътироз карданд ва панҷсолагии рӯйдодҳои Жанаозен, замоне, ки пулис сӯи нафткашони эътирозгар тир кушод, ёдоварӣ мешавад.

Саидраҳмон Каримӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: