Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » И.С.Лякин-Фролов: «Тоҷикистон шарики стратегии мост!»

И.С.Лякин-Фролов: «Тоҷикистон шарики стратегии мост!»

3-11-2015, 05:00
Хабарро хонданд: 1098 нафар
Назарҳо: 0
И.С.Лякин-Фролов: «Тоҷикистон шарики стратегии мост!»
Маълумотномаи «МХ»:
Игор Семёнович Лякин-Фролов 10 сентябри соли 1948 таваллуд шудааст. Донишкадаи давлатии муносиботи байналмилалии шаҳри Москва (МГИМО)-ро соли 1972 ва курси такмили ихтисоси маркази илмӣ-тадқиқотии информатикаи назди Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русияро соли 1992 хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатӣ:
Солҳои 1992-95. Ҷонишини Директори Департаменти хадамоти консулии ВКХ ФР.
1995-99. Сафири Фавқулодда ва Мухтори ФР дар Ҷумҳурии Бурунди.
1999-2003. Ҷонишини Директори департаменти Якуми кишварҳои ИДМ-и ВКХ ФР.
2003-08. Сафири Фавқулодда ва Мухтори ФР дар Ҷумҳурии Ботсвана.
2008-10. Ҷонишини директори Департаменти табъу нашри ВКХ РФ.
2010-13. Намояндаи фавқулоддаи РФ дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД).
Мукофотҳо: Ордени Шараф (2012)-барои ҳиссаи намоён гузоштан дар пиёда сохтани сиёсати хориҷии ФР ва фаъолияти бисёрсолаи шоён.
Нишони фахрии «Барои хидмати намоён»(2004).
Унвони дипломатии Сафири дараҷаи 1-ро дорад. Дар кори дипломатӣ аз соли 1978.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро муносиботи қавии стратегӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ ба ҳам мепайванданд. Имрӯз кишварҳои мо дорои ҳамкориҳои ҳасанаи тарафайн судманд ҳастанд, ки ҷавобгӯ ба манофеи миллии ҳар ду ҷониб буда, дар вохӯрии ахири сарони ду кишвар дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ин нукта маротибаи дигар амиқан баён шуда, баҳри боз ҳам густурдатар гардидани муштаракот гоми навбатӣ гузошта шуд. Оид ба сатҳи имрӯзаи муносиботи ҷонибҳо ва дурбинии рушди он бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ҷаноби Игор Семёнович Лякин-Фролов суҳбат оростем.


«МХ»Ҷаноби сафир, Шумо тайи 3 сол аст, ки намояндагии дипломатии Федератсияи Русияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳбарӣ мекунед, шоҳид ва иштирокчии бисёр воқеоте, ки тӯли ин муддат дар кишвари мо рӯйи кор омаданд, низ будед. Аз нигоҳи Шумо, дар ин муддат чӣ тағйироте дар самти равобити дуҷониба рӯйи кор омаданд ва вазъи ҳозираи муносибот миёни кишварҳои моро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Игор Семёнович Лякин-Фролов – Бояд қайд кард, ки муносиботи мо дар ҳама самтҳо раванди мусбиро касб кардааст. Дар ҷодаи сиёсат равобит муваффақона аст, танҳо дар муддати аз 15 сентябр то 15 октябри соли ҷорӣ сарони кишварҳои мо се маротиба бо ҳам вохӯрӣ доир намуданд. Дар диди бисёр масоили байналмилалӣ мавқеи Русия ва Тоҷикистон ба ҳам наздик ё тавъам ҳастанд, ки ин имконияти мусоидеро баҳри ҳамкориҳои тарафайн муфид дар чунин созмонҳои байналмилалие чун СММ, СҲШ, САҲШ, СПАД, ИДМ фароҳам меорад.
Русия имрӯз шарики асосии иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон мебошад. Соли 2014 наздики 30% савдои берунаи Тоҷикистон бо Русия алоқаманд буда, маблағгузории бевоситаи кишвари мо ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз нишондоди 1,2 миллиард доллар убур кард. Дар кишвари шумо як қатор ширкатҳои бузурги русиягӣ, аз ҷумла «Газпромнефт-Тоҷикистон», «Мегафон» ва «Билайн» фаъолият доранд, ки зерсохторҳои худро тақвият дода истодаанд.
Дар самти гуманитарӣ низ ҳамкориҳои мо бобарор ҳастанд. Як ҷанбаи онро ин ҷо мехоҳам қайд кунам. Ҳар сол наздики 2 ҳазор муҳассилини тоҷик ба Русия барои таҳсил сафар намуда, шумораи умумии донишҷӯён- шаҳрвандони Тоҷикистон аллакай аз 7,5 ҳазор гузаштааст. Дар қатори макотиби олии бонуфузи ҷумҳурӣ имрӯз Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва шуъбаҳои маҳаллии дигар макотиби олии Русия-Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов, Донишкадаи маъдангудозии Москва ва Донишкадаи энергетикии Москва ҳастанд. Ҳамасола садҳо мутахассиси ҷавон-хатмкардаҳои ин макотиб бо дипломҳои Русия дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон ба кор ҷалб карда мешаванд.
Ҳамаи ин бозгӯ аз он аст, ки Русия, бидуни шубҳа, барои Тоҷикистон шарики асосии сиёсӣ, тиҷориву иқтисодӣ ва гуманитарӣ боқӣ мемонад. Ҳузури ҳарбии Русия бошад, кафолати боэътимоди амнияти ҷумҳурӣ аз хатароти берунаи барои кишварҳои мо умумӣ маҳсуб мегардад.

«МХ»Кишварҳои моро риштаҳои қавии сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба ҳам мепайванданд. Чуноне ки зикр шуд, Федератсияи Русия ҳоли ҳозир шарики асосии стратегӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Игор Семёнович, лутфан бигӯед, агар воқеияти имрӯзаро ба назар бигирем, ба ақидаи Шумо, барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои тарафайн судманд боз чӣ корҳоро метавон ба субут расонд?
Игор Семёнович Лякин-Фролов – Шумо дуруст қайд кардед, имрӯз сатҳи муносиботи мо хеле олист. Ман чунин мешуморам, ки дар навбати аввал мо бояд сатҳи имрӯзаи рушди муносиботи тарафайнро ҳифз намоем. Имрӯз гомҳои бисёр қавӣ дар ин самт, азҷумла такя ба заминаи созишномавӣ-ҳуқуқӣ гузошта шудаанд. Вазифаи асосӣ ҳоло ба дастовардҳо дар ин ҷода эҳтиёткорона муносибат намудан, масоили муҳимро муайян кардану аз пайи ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли он шудан аст. Баъдан, бояд дар ҳаҷми пурра зарфиятҳои то ҳол истифоданашударо ба кор бурд.
Бояд гуфт, ки нақши боризро дар рушди ҳамкориҳо вохӯриҳои пайвастаи сарони кишварҳои мо мебозанд, ки зимни онҳо ҳадафҳои ҷадид муайян шуда, ба сатҳи муносиботи муштарак баҳо дода мешавад.
Механизми муҳиме, ки таҳрикдиҳандаи ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ мебошад, комиссияи байниҳукуматист, ки барои барқарор кардани алоқаҳои бевосита миёни минтақаҳо ва субъектҳои алоҳидаи хоҷагидорӣ мусоидат намуда, натиҷаҳои фаъолияти муштаракро баҳогузорӣ мекунад ва пешбинии ҳамкориҳоро муайян месозад.

«МХ»Нақши сармоягузории Русияро дар иқтисодиёти мо чи гуна баҳогузорӣ мекунед? Мо қаблан қайд намуда будем, ки Русия шарики асосии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, аммо ба назари Шумо чунин намерасад, ки ҳаҷми сармояи Русия дар таносуб бо дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин он қадар бузург нест?
И.С.Лякин-Фролов: «Тоҷикистон шарики стратегии мост!»Игор Семёнович Лякин-Фролов – Бале, такрор ҳам шавад, мегӯям, ки Русия шарики пешбари тиҷориву иқтисодии Тоҷикистон аст. Соли 2014 ҳиссаи мо наздики сеяки савдои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дод. Дар ҳақиқат, ҳаҷми сармоягузории Русия имрӯз ба андозае коҳиш ёфтааст, вале нигоҳ накарда ба фаъолнокии дӯстони чинии мо, Русия дар самти сармоягузории бевосита бо нишондоди 1,2 миллиард доллари ИМА дар иқтисодиёти кишвари шумо пештоз аст. Танҳо иншооти бузургтарини сармоягузории Русия – НОБ-и Сангтӯда-1-ро ба хотир овардан кофист. Чуноне ки гуфтам, дигар ширкатҳои мо, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, сармоягузориро ба лоиҳаҳои иқтисодии кишвар идома медиҳанд.
Дар коҳиш ёфтани ҳаҷми сармоягузории Русия сабабҳои объективӣ вуҷуд доранд. Дар қатори онҳо метавон як андоза таназзули иқтисодии кишвари мо дар натиҷаи таҳримҳои ғайриқонунии кишварҳои Ғарб ва паст фаромадани нархи ҷаҳонии сӯзишвориро номид.
Сабабҳои дигари мураккабии муайяни вазъ, ки сармоягузорони русиягӣ рӯ ба рӯи он қарор гирифтаанд, ин қазияҳои андозбандӣ- зуд-зуд иваз шудани системаи он ва андозбандии баланд мебошанд. Махсусан, ин ба ширкатҳои телекоммуникатсионӣ дахл дорад. Ҳамчунин, қазияи дигар ин қарздории ширкати «Барқи Тоҷик» назди НОБ-и Сангтӯда-1 мебошад. Мо интизорӣ дорем, ки чораҳои аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар хусуси беҳтар сохтани фазои сармоягузорӣ таваҷҷуҳи сармоягузорони русиягиро зиёд хоҳад кард.
Дуруст қайд кардед, Чин сармоягузори бузург ба иқтисодиёти Тоҷикистон маҳсуб мегардад, ҳарчанд ки ҳоло дар ин самт Русия пешгомтар аст. Аммо мо дар масъалаи оне, ки кадом ҷониб ба иқтисодиёти Тоҷикистон сармояи зиёдтар мегузорад, рақобат надорем. Баръакс, дар ҳошияи созишномаи бунёди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва «Камарбанди иқтисодии Роҳи нави Абрешим», ки моҳи майи соли равон дар шаҳри Москва имзо шуд, сармояи чиниву русиягӣ ба инфрасохтори Тоҷикистон барои рушди фазои авруосиёӣ кори умумиро ба анҷом мерасонанд, ки ҷавобгӯ ба манфиати ҷонибҳо аст.

«МХ»Тоҷикистону Русия шомили созмонҳои минтақавие чун ИДМ, СҲШ, СПАД ва амсоли ин ҳастанд, ки дар ҳошияи онҳо бисёр масоили дуҷониба низ ҳаллу фасл мешаванд. Шумо нақши ин созмонҳоро дар роҳандозии сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ чи гуна баҳо медиҳед ва оё дар ҳалли масоиле, ки пешорӯи давлатҳои аъзо истодаанд, ба фикри Шумо, нақши онҳо таъсирбахш аст?
Игор Семёнович Лякин-Фролов – Созмонҳои бузурги минтақавие, ки шумо онҳоро номбар намудед, дар таъмин сохтани амнияти минтақавӣ, мубориза алайҳи терроризм, ифротгароии динӣ ва дигар таҳдиду хатарҳо нақши муҳим мебозанд. Ин ҷо мехостам нисбати афзун гаштани нақши Созмони Ҳамкориҳои Шанхай қайд намоям- рӯз аз рӯз нуфузи ин созмон афзуда истодааст, махсусан дар арафаи қабул шудани Ҳиндустону Покистон ба ҳайати он, яъне созмони мазкур ба як навъ қолаби «Авруосиёи Бузург» табдил шуда истодааст.
Ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ низ барои мо авлавиятро дорост. Санҷиши ногаҳонии омодагии ҷангии қувваҳои зудамали Дастаҷамъии СПАД дар наздикии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон имкониятҳои ҷангии иттифоқчиён, аз ҷумла алайҳи хатароти террористии берунаро баръало нишон дод. Президенти Федератсияи Русия сатҳи баланди ин чорабинӣ ва сарварии босамари Тоҷикистонро баланд баҳогузорӣ намуд. Дар вохӯрии сарварони кишварҳои аъзои СПАД қарорҳои муҳими ҳарбиву сиёсӣ қабул карда шуда, манфиатҳои умумӣ дар самти мубориза алайҳи терроризм, ифротгароии динӣ ва интиқоли маводи мухаддир изҳор карда шуданд. Боварии комил дорам, ки СПАД ҳамчун омили асосии таъмини амният дар Осиёи Марказӣ тамоми он имкониятҳоро дорост, ки мустақилияти тамоми кишварҳои аъзоро ҳифз бикунад.

«МХ»Вазъи амниятии минтақаи Осиёи Марказӣ замони ахир мураккаб шуда, хатар ва таҳдидҳои нав рӯйи кор омада истодаанд. Русия дар самти мубориза алайҳи ин таҳдидҳои ҷадид дар ҳамдастӣ бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон бояд чӣ амалҳое ба субут бирасонад?
Игор Семёнович Лякин-Фролов – Хуб, шумо дуруст қайд кардед, вазъи минтақа имрӯз то андозае мураккаб шуда истодааст. Мо дақиқкорона вазъи ҳамсоякишвари Афғонистонро таҳти назорат қарор додаем ва он моро бехавотир гузошта наметавонад. Маълум аст, ки нигоҳ накарда ба ҳузури чандинсолаи қувваҳои ИМА ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) вазъи ҳарбиву сиёсии ин кишвар, мутаассифона, майл ба муташанниҷ шудан дорад. Шоҳиди ин гуфтаҳо ҳодисоти авохир дар музофоти бо Тоҷикистон ҳамсарҳади Қундуз аст, ки маркази маъмурии он аз ҷониби ҷангиёни ифротгаро таҳти тасарруф қарор гирифт. Зиёда аз ин, беш аз нисфи ҳудуди қисми шимолии мамлакат аллакай таҳти назорати «Толибон» ва дигар гурӯҳҳои ҷангӣ даромадаанд. Замони ахир фаъолнокии гурӯҳҳои «Давлати Исломӣ» фаросӯи рӯдхонаи Панҷ дар ҳоли афзудан аст. Дар ин хусус дар вохӯрии ба наздикӣ доиршуда дар шаҳри Сочи сарони кишварҳои мо низ мулоқот доштанд ва изҳори хавотирӣ намуданд.
Шумо огаҳӣ доред, ки сарҳади миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон марзҳои ҷанубии минтақаи таҳти масъулияти СПАД маҳсуб мегардад. Нақши калидиро дар таъмин намудани бехатарии ин минтақа пойгоҳи низомии 201- и Русия мебозад. Қудрати ҷангии он пайваста афзуда, дар ҳоли модернизатсия ва пурқувват шудан қарор дорад. Чуноне маълум аст, ба наздикӣ оид ба пурқувват намудани гурӯҳи авиатсионии пойгоҳ бо чархболҳои зарбазан ва ҳарбӣ-нақлиётӣ қарор қабул гардид, ки дар фурудгоҳи ҳарбии «Айнӣ» дар 30-километрии шаҳри Душанбе ҷойгир хоҳанд шуд. Мутахассисон (дастурдиҳандагон)-и пойгоҳ ҳарбиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таълим медиҳанд. Масалан, соли 2015 чунин омӯзишро аллакай зиёда аз 1000 мутахассисони хурд гузаштанд. Русия зиёда аз ҳар кишвари олам дар афзудани иқтидор ва омодагии ҳарбии артиши Тоҷикистон манфиатдор аст. Мо ҳамеша ёрии ҳарбӣ-техникии заруриро ба артиши шумо мерасондем ва бешубҳа, дар оянда низ хоҳем расонд.
Мо итминони комил дорем, ки пойгоҳи низомии 201 бо дарназардошти қувваҳои иловагии авиатсионӣ яке аз асбоби асосии ҳифзи Тоҷикистон аст, аз ҷумла аз хатарҳое, ки аз самти Ҷануб таҳдид мекунанд.

«МХ»Аз сабаби сангинтар шудани қонунҳои муҳоҷират дар Русия, муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон бо мушкилиҳои зиёд дучор шуданд. Ба фикри Шумо, ин қазияҳоро чӣ тавр метавон фасл намуд, масалан, оид ба содда кардани қонунҳои муҷоҷирати меҳнатӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бояд чӣ амалҳоро ба анҷом расонд?
Игор Семёнович Лякин-Фролов – Ба он ақидае, ки муҷоҷирати меҳнатӣ яке аз саҳифаҳои муҳимтарину ҳассос дар муносиботи муштараки кишварҳои мост, розӣ ҳастам. Бояд ин ҷо зикр намоям, ки муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва назоратшаванда ба ҳар ду ҷониб ҳам муфид аст. Русия чун ҳамеша ба захираҳои иловагии меҳнатӣ ниёз дорад, алалхусус аз ҷумҳуриҳои АвруОсиёӣ. Тоҷикистон бошад, кишварест, ки захираҳои барзиёди қувваи кориро дорост. Зиёда аз ин, имконияти фаъолияти корӣ дар Русия ҳам ба садҳо ҳазор шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва дар маҷмӯъ ҳам ба давлати Тоҷикистон манфиатовар аст.
Муҳим аст қайд намоям, ки солиёни ахир барои ҷорӣ намудани тартибот дар ин соҳа хеле корҳо ба субут расонида шуда шудааст. Сохтори (системаи) патентии ба кор таъмин шудан ҷорӣ карда шуд, ки ба муҳоҷирон имконияти зудтар қонунӣ гардонидани фаъолияти меҳнатиро дар ҳудуди Русия фароҳам меорад, масъулияти корфармо барои ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи кории муҳоҷирон (муҳоҷирони ғайриқонунӣ) баланд бардошта шуд. Ҳоли ҳозир пешниҳод оид ба нармтар сохтани талаботи дониши забони русӣ ва таърихи Русия ба он муҳоҷироне, ки барои корҳои мавсимӣ ба кишвари мо меоянд, таҳти омӯзиш қарор гирифтааст.
Ба суоли шумо дар ҳошияи принсипиалӣ посух медиҳам, ки воситаи аз ҳама дурусти беҳтар сохтани шароити муҳоҷирони тоҷик ин ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё НИА аст, ки ҳадафи аслии он бардоштани монеаҳо дар роҳи интиқоли қувваи корӣ, хидматрасониҳо ва сармоя мебошад. Яъне, муҷоҷирони кории тоҷик ҳамроҳ бо шаҳрвандони дигар кишварҳои ИИА дар бозори бузурги меҳнатӣ қарор хоҳанд дошт. Чи гуна чунин қазияҳо ҳалли худро меёбанд, мо инро дар мисоли Қирғизистон мебинем, ки ҳамин сол ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ҳамроҳ гардид.

«МХ»Вобаста ба ҳаводиси ахири Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ намуданд, ки ба пастравии қурби рубли русӣ ва то андозае коҳиш ёфтани рушди иқтисодиёти кишвар овардааст. Такя ба ин омилҳои зикргардида, Президенти Русия оид ба дастгирии истеҳсолкунандаи маҳсулоти ватанӣ ва тақвият бахшидани равобити иқтисодӣ бо он кишварҳое, ки дар ин таҳримҳо ширкат надоранд, изҳори назар намуд. Дар ин замина, дар самти таъмини бозори дохилии Русия бо маҳсулоти кишоварзӣ Тоҷикистон низ чун истеҳсолкунанда метавонад ширкати фаъолона дошта бошад, зарфиятҳо баҳри ин ҳастанд. Бигӯед, ки истеҳсолкунандагони русиягӣ метавонанд дар самти истеҳсоли маҳсулот дар Тоҷикистон иштироки бевосита дошта бошанд, чун манбаи ашёи хом ва қувваи корӣ ин ҷо вуҷуд доранд?
И.С.Лякин-Фролов: «Тоҷикистон шарики стратегии мост!»Игор Семёнович Лякин-Фролов – Дуруст гуфтед, воридотивазкунии маҳсулоти кишоварзӣ ва дастгирии истеҳсолкунандаи ватанӣ барои кишвари мо имрӯз ба як вазифаи муҳим табдил гаштааст. Дар ин масъала мо ҳамчунин ба ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагони тоҷикистонӣ интизорӣ дорем. Ин ҷо бамаврид аст ба хотир биёрем, ки дар замони шӯравӣ ангур, зардолу, себ, маҳсулоти дигари кишоварзии барвақтӣ аз Тоҷикистон дар бозорҳо ва мағозаҳои Русия ба таври васеъ дастрас буданд, яъне замина дар ин самт вуҷуд дорад.
Барои зиёд намудани содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия корҳои муайян карда мешаванд. Тибқи маълумоти мо, ҳаҷми содироти он соли равон ба Русия хоҳад афзуд. Барои ин ворид шудани Қирғизистони ҳамсоя ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё низ мусоидат мекунад, чунки акнун барои ворид гаштани маҳсулоти кишоварзии тоҷик ба минтақаи гумрукии Иттиҳод расмияти гумрукӣ танҳо як маротиба дар сарҳад бо Қирғизистон сурат мегирад.
Аммо, илова ба ин, баъзе мушкилиҳо низ дар ин самт вуҷуд доранд. Масалан, набудани занҷираҳои бузурги фурӯши яклухти маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон, қафомондагии техникӣ, мушкилиҳои нақлиётӣ ва нархҳои баланд. Нигоҳ накарда ба ин қазияҳо, мо дар самти зиёд намудани содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия фаъолиятро давом дода истодаем.

«МХ»Суоли дигарро наметавонем надиҳем, чун сархати расонаҳои кишварҳои мо гаштааст. Ин ҳам нисбати марги кӯдаки 5-моҳаи тоҷик – Умаралӣ зимни боздошти волидонаш аз ҷониби мақомоти қудратии Русия аст. Дар ин хусус мехостем фикри Шуморо бифаҳмем.
Игор Семёнович Лякин-Фролов – Мехоҳам махсусан қайд кунам, ки ин ҳодисаи фоҷиавӣ маро низ ғамгин сохт. Сафорати Русия дар Тоҷикистон ба волидон ва наздикони Умаралӣ Назаров изҳори ҳамдардӣ баён мекунад. Барои ошкор кардани ҷузъиёти ин воқеаи фоҷиавӣ Вазорати корҳои хориҷии Русия ба ВКД, Хадамоти федеролии муҷоҷират, Вазорати тандурустӣ ва Прокуратураи Генералии кишвар муроҷиатнома фиристод. Ҳамчунин Вакил оид ба ҳуқуқи кӯдак назди Президенти Русия- Павел Астахов ва намояндаи ВКХ ФР дар шаҳри Санкт-Петербург ба кор ҷалб карда шуданд. Ин масъала таҳти назорати ВКХ Русия қарор дорад.Ҷиноят аз ҷониби касе содир нашуда бошад, новобаста аз вазифаи ба уҳдадоштааш, ӯ бояд назди қонун ҷавоб диҳад. Дар ин ҳодиса, ки мутаассифона боиси марги тифли маъсум гардид, ҳоло то ба охир бояд сабабҳои онро омӯхт ва баъдан гунаҳкоронро ҷазои сазовор дод. Мо ҳоло тафсилоти онро то ба охир намедонем, ин кори мақомоти дахлдор аст, ки зимни тафтишот ҷурми ашхосеро, ки сабабгори ин фоҷиа шуданд, муайян созанд. Аммо маро як чиз боиси хавотирӣ мешавад, ки марги ин тифли маъсумро дар расонаҳои тоҷикистонӣ дастак карда, вазъро то ба охир наомӯхта, сабабҳои онро ба зуҳуроти «нажодпарастӣ» нисбат медиҳанд. Бояд гуфт, ки ҷиноятҳо дар ҳар ҷо бо ҳар сабаб рух медиҳанд ва аз онҳо дарҳол як асбоби сиёсӣ сохтан амалест муғризона. Чунин лаҳну гуфтор ба манфиати он қувваҳоест, ки мехоҳанд миёни муносиботи дӯстонаи мо халал ворид созанд ва ин дар шароите, ки мо дастаҷамъона алайҳи терроризму ифротгароии динӣ мубориза мебарем, пайомадҳои нохуб дошта метавонад. Мо аз ин ҳодиса андӯҳгин ҳастем, аммо ҳоло бояд ба мақомоти дахлдор вақт дод, ки сабаби онро таҳти тафтиш қарор дода, гунаҳкоронро муайян кунанд. Гунаҳкорон, касе, ки набошанд, ҳатман ҷазои худро хоҳанд гирифт.

«МХ»Игор Семёнович, баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Русияву Тоҷикистон насли наве ба камол расидааст, ки мутаассифона дар бораи таъриху муштаракоти кишварҳои мо маълумоти хеле кам доранд. Аммо нигоҳ накарда ба ин, имрӯз дар Тоҷикистон нуфузи забони русӣ ҳоло ҳам зиёд аст. Он дар ҷумҳурии мо ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо қабул шудааст. Фикр мекунем, ки дар самти дастгирии риштаҳои муштараки илмиву фарҳангӣ Русия бояд боз ҳам фаъолтар бошад, то ин ки ин фазои ҳузури забон ва адабиёти русӣ коста нагардад. Шумо чӣ андеша доред?
Игор Семёнович Лякин-Фролов – Шумо комилан ҳақ ҳастед. Барои эҳтиром гузоштан ба миллатҳо ва фаромӯш насохтани пайвандҳои таърихиву фарҳангӣ тарбия бояд аз оила ва баъдан дар мактаб оғоз бигардад. Дар ин ҷода мо корҳои зиёде карда истодаем, аз қабили таъмини макотиби Тоҷикистон бо китобҳои русӣ, дастгирии моддии муассиаҳои таълимии кишвар, чуноне ки аз аввали суҳбатамон зикр карда будам, таъсиси шуъбаҳои донишгоҳҳои маъруфи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли ин. Аммо бояд гӯям, ки дар ин самт то ба ҳол мушкилиҳо вуҷуд доранд ва мо бояд пайи бартараф сохтани онҳо бошем. Дар ин маврид, гумон мекунам, зарфиятҳо хеле зиёд ҳастанд ва мо ҳамкориҳоро тақвият хоҳем бахшид.

«МХ»Рушди минбаъдаи муносиботи моро чӣ гуна ояндабинӣ мекунед?
Игор Семёнович Лякин-Фролов – Дар ин масъала нигоҳи ман хушбинона аст, чун барои мазбут сохтани муносиботу муштаракоти тарафайн судманди мо заминаи қавии сиёсӣ ва ҳуқуқиву иқтисодӣ гузошта шудааст. Мо дорои таърихи муштараки ғанӣ ҳастем-мо дастҷамъона озодии Ватани умумӣ-Иттиҳоди Шӯравиро ҳифз намудаем.
Барои боз ҳам вусъат бахшидани муносиботи мо муташанниҷ гаштани вазъи амниятии минтақа ва ҷаҳон такони дигар медиҳад. Имкониятҳои дигари мусоидро барои кишварҳои мо ҳамчунин ҳамкориҳои авруосиёӣ тавъам бо барномаҳои иқтисодии Чин дар минтақаи Осиёи Марказӣ фароҳам меоранд. Ба ибораи дигар, мо барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тарафайн судманд
«маҳкум» ҳастем.
©Бахтиёр Ҳамдамов, Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: