Рамзан Қодиров ронандаҳои мастро бо террористон баробар кард2-12-2016, 14:20
Хабарро хонданд: 192 нафар
Назарҳо: 0
Рамзан Қодиров, президенти Чеченистон иштироки руҳониёни мусулмонро дар маросими ҷанозаи ронандаҳои масте, ки бо айби онҳо садамаҳои нақлиётӣ рух медиҳад, манъ кард. "Агар ронандаи маст дучори садамаи нақлиётӣ шуд ва одамеро кушт, бо масоили дафну оштии тарафҳо набояд ходимони дин машғул шаванд. Ҷомеаи бояд дарк кунанд, ки ин одам қасдан ҷиноят ё амали террористӣ содир кард", - гуфтааст Қодиров. Президенти Чеченистон ҳамчунин зикр кардааст, ки фурӯши машруботро дар кишвараш манъ накардааст, чун танҳо ҳаққи додани тавсияро дорад. "Фурӯши машруботро мо мушкил накардаем, зеро бар пояи қонунгузорӣ ин ҳақро надорем", - изҳор доштааст вай. Тавре 30 ноябри соли равон маълум гардид, ҳамаи соҳибкороне, ки рухсатномаи фурӯши машруботро доштанд, баъди як мулоқот бо Муҳаммад Довудов, раиси порлумони Чеченистон аз тиҷорати нӯшокиҳои спиртӣ даст кашиданд. Ба гуфтаи ӯ, соҳибкорон бо ихтиёри худ фаъолияташонро тарк кардаанд. Вохӯрии Довудов бо соҳибкорон баъди садамаи нақлиётие бо иштироки ронанда Алам Хоҷаеви маст баргузор шуд. Дар натиҷаи ин садама 7 нафар ҷон доданд. Сар аз соли 2009 инҷониб дар Чеченистон бар пояи дастури Рамзан Қодиров нӯшокиҳои спиртӣ танҳо аз соати 8 то 10 субҳ фурӯхта мешавад. Дар моҳи Рамазон ва рӯзҳои Иди қурбон фурӯши машрубот шабонарӯзӣ манъ аст. Саидраҳмон Каримӣ
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.