Эмомалӣ Раҳмон: «Тарҳи инфрасохтории дуруст ба нақша гирифташуда ҳамзамон метавонад дар ҳалли чандин масъалаҳои ҳаётан муҳим мусоидат намояд»30-11-2016, 12:09
Хабарро хонданд: 271 нафар
Назарҳо: 0
Ноябрь 30, 2016 09:02, . Душанбе, 30.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки дар доираи Саммити оби Будапешт баргузор гардид, дар хусуси сармоягузорӣ ва таҷдиди инфрасохторҳои соҳаи об изҳори назар карданд. «Сохтмони обанборҳо имкон медиҳад, ки на танҳо тавлиди неруи барқи арзону аз ҷиҳати экологӣ тоза роҳандозӣ шавад, балки дар шароити тағйирпазирии иқлим танзими ҷараёни боэътимоди об ва ҳифзи аҳоливу заминҳо аз селу обхезиҳо таъмин гардида, шиддати таъсири хушксолиҳо ва партови газҳои карбон ба фазо ба таври назаррас паст карда шавад», — таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. «Яъне, тарҳи инфрасохтории дуруст ба нақша гирифташуда ҳамзамон метавонад дар ҳалли чандин масъалаҳои ҳаётан муҳим мусоидат намояд. Маҳз бо ҳамин мақсадҳо, мо дар баробари такмили қонунгузорӣ ва асосҳои ниҳодии идоракунӣ ба Барномаи ислоҳоти бахши оби Тоҷикистон масъалаи рушди инфрасохтори обро ворид кардем. Ба ҳалли ин масъала зиёда аз ҳаштод фоизи маблағҳои пешбинишуда равона карда мешавад», — омадааст дар матни суханронии Пешвои миллат. Сарвари давлат изҳор карданд: «Мо итминон дорем, ки ин амалҳо ба кишвари мо имкон медиҳанд, ки як қадами назаррас дар шоҳроҳи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор гузорад. Изҳори умедворӣ менамоям, ки ниҳодҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ ва кишварҳои донорҳо ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи талошҳои мо дар ин ҷода мусоидати худро дареғ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.