ПРЕЗИДЕНТИ МО-ПЕШВО ВА РАҲНАМОИ МОСТ!21-11-2016, 14:24
Хабарро хонданд: 173 нафар
Назарҳо: 0
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳи тоҷик» маҷлиси тантанавӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва шоирону нависандагон баргузор гардид. Маҷлиси тантанвиро Толибҷон Сидиқов раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳи тоҷик” ифтитоҳ намуда, оиди саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Сипас Изатуллои Ҳабибзод мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳозиринро аз номи роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия самимона ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Дар идома қайд кард, ки дар марҳилаи басо душвор барои кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати бузург барои ин миллат кардаанд. Дар замоне, ки бародар ба бародар боварӣ надошт ва аксарият умед ба рӯзҳои ободиро надоштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаҳои худ шаҳрвандони кишвар ва гурезагонро ба ояндаи неку осуда бовар мекунонданд. Суханони гуфтаи ӯ имрӯз ҷомаи амал пӯшиданд ва миллати тоҷик ба нерӯи сиёсӣ ва ватандустии Ҷаноби Олӣ боварии амиқ карда буданд ва дар асри 21 бо ин шахсияти барҷастаи таърихи ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ба суйи ободиву созандагӣ қадам мегузоранд. Дар маҷлиси тантанавӣ олимону шоирон дар бораи хизматҳои беназири Президенти маҳбуби кишвар шеърҳо қироат намуда, аз корҳои анҷомдодаи ин шахсияти бузург ба некӣ ҳарф заданд. Толибҷон Сидиқов раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳи тоҷик” дар фаромади маҷлиси тантанвӣ иброз дошт, ки мо ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем. Сарвари давлат тавонистанд, ки дар як марҳилаи кӯтоҳи таърих кишвари моро аз бумбасти коммуникатсионӣ бароварданд. Маҳз дар давраи истиқлолияти давлатӣ нақбҳои бузург ва роҳҳои ҷиҳати аҳамияти байналмиллаӣ дошта сохта ба истифода дода шуданд. Масъулияти кормандони мо, ки нигоҳдории роҳҳо мебошад кӯшиш мекунем, ки ҳамаи ин заҳматҳоро қадр кунем ва барои нигоҳдошти роҳҳои мазкур тамоми имконият ва таҷрибаи доштаамонро истифода барем. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.