Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон барф ва яхбандӣ дар назар аст

Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон барф ва яхбандӣ дар назар аст

15-11-2016, 16:29
Хабарро хонданд: 218 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон барф ва яхбандӣ дар назар аст
/АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро огоҳ мекунад, ки аз 19 то 26-уми ноябри соли равон дар қаламрави мамлакат якбора паст шудани ҳарорати ҳаво ва боронҳои ба барф табдилёбанда дар назар аст. Дар минтақаҳои кӯҳӣ эҳтимоли боридани барфи тар ва яхбандӣ вуҷуд дорад.
Аз ин рӯ хатари гусастани хати алоқа ва интиқоли неруи барқ, расидани зарар ба аҳолӣ, ҳамчунин афзоиш ёфтани шумораи садамаҳои нақлиётӣ ба миён меояд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар чунин рӯзҳо ҳаракати бе зарурати худро аз як ҷой ба макони дигар аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд созанд. Аз кӯчаву гузаргоҳҳо бо эҳтиёт ҳаракат кунанд, ба хати интиқоли неруи барқ бештар диққат диҳанд.
Агар шумо дар ҷодае ё минтақае симҳои кандашудаи барқро мушоҳида кардед, хеле зуд ба маъмурияти нуқтаи аҳолинишин дар ин бора хабар диҳед.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: