Мо зидди амалҳои коррупсионӣ мубориза мебарем.8-11-2016, 15:23
Хабарро хонданд: 193 нафар
Назарҳо: 0
Дар асоси Фармоиши Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти №31 аз 25-10-2016 «Дар бораи гузаронидани аксияи вилоятии «Муқовимат бар зидди коррупсия қарзи шаҳрвандии мост» ва дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот бо иштироки муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Анвар Ҷалилов, намояндагони ташкилоту идораҳо, раисони шӯрои маҳаллаҳо ва донишҷӯёни колеҷи тиббии ноҳияи Деваштич доир гардид. Раиси Шўрои НТҶҶ «Созандагони Ватан» Сарвар Саидов дар маърӯзаи худ қайд намуд, ки коррупсия ин кирдори аз ҳаракат ё беҳаракатӣ содирнамудаи шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда буда, бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар ба даст меоранд, инчунин ба шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ингуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ мебошад. Муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Анвар Ҷалилов зикр намуд, ки дар арафаи ҷашни 22 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва ин бахтномаи сарнавиштсоз раҳнамоест барои имрӯзу фардои давлату миллат, ки ҳуқуқҳои моро ҳифз мекунад ва ба сӯйи ояндаи дурахшон мебарад. Дар охир аҳли толорро бо ин ҷашни фархунда муборакбод намуда, ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон сарбаландӣ ва хонаи ободро таманно намуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.