Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Pax Americana дар амал ва ё вопасин суханони Муаммар Қаззофӣ

Pax Americana дар амал ва ё вопасин суханони Муаммар Қаззофӣ

25-10-2016, 11:49
Хабарро хонданд: 223 нафар
Назарҳо: 1
  Pax Americana дар амал                                         ва ё вопасин суханони Муаммар Қаззофӣ
5 сол муқаддам, 20 октябри соли 2011 риштаи умри яке аз сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ, сарвари Ҷамоҳирияи Сусиёлистии Арабии Либия, муаллифи асари машҳури «Китоби сабз» ва консепсияи «Роҳи саввуми рушд» полковник Муаммар Қаззофӣ дар 69-солагӣ ба таври фоҷиавӣ канда шуд.
Хуб, бидуни шубҳа, замони ҳукумати ӯ баъзе саҳафоти сиёҳ, аз қабили фишоровариву қатли мухолифони сиёсиаш, нобуд сохтани сарвари шиимазҳабони Лубнон Мусо ас-Садр авохири солҳои 70-и садаи гузашта, пахш намудани эътирозоти дохилӣ, ки ба қурбониён меовард, мудохала ва муноқишаҳои ҳарбӣ бо ҳамсоякишварҳо (Чад, Миср ва ғ.) ва дигар аъмоли номатлуб дида мешавад. Марҳумро ҳамчунин метавон ба дастгирии ҷунбишу ҳаракатҳои мусаллаҳи гуногуни инқилобии ҷаҳон, ки дар Ғарб ба бархеи онҳо тамғаи «созмонҳои террористӣ» часпонидаанд, айбдор намуд. Вале баъди оне, ки мо шоҳиди ба хоку хун кашидани давлатҳову миллатҳои том бо баҳонаи «таҳмили демократияи асил» ва дар кишварҳои замоне босубот тантана кардани ғояҳои ифротгаройиву таҳаммулнопазирии мазҳабиву динӣ гаштаем, ба ҳаёти Қаззофӣ метавон аз пасманзари дигар нигарист. Либияи як замон осудаву муваффақ имрӯз ба майдони ҳарбу зарби гурӯҳҳои ифротгарои террористӣ табдил гаштааст, ки акнун умри одамӣ ин ҷо қадри мӯе арзиш надорад. Мамолике, ин амали иблисиро анҷом додаанд, ба мақсади ниҳоии худ расиданд. Яъне, ба Либия «демократия оварданду мардуми мазлуми кишварро аз чанги хунхори диктатор озод намуданд». Ҳоло Либия дар ҳақиқат озод аст: акнун ин ҷо озодона ҳамарӯза одамон ба қатл мерасанд, озодона миёни гурӯҳҳои мусаллаҳи ифротӣ муноқишаву задухӯрдҳои хунинбор сурат мегиранд, чун дигар қуввае нест, ки пеши роҳи бедодгариҳоро бигираду суботи ҷомеаро таъмин созад. Ашхосе, ки «озодӣ»-ро орзу мекарданд, бояд акнун худро хушбахт ҳис кунанд-дигар ҳукумати марказӣ вуҷуд надорад, анархия ҳукмфармост.
Вале сад афсӯс, ки дар кишвари мо низ чунин манқуртони аҷнабипараст буданду ҳастанд, ки дар сар орзуву ҳаваси «саодати демократияи асил» ва ҷомеаи мазҳабии билкулл ба фарҳанги мо бегонаро мепарваранд, ки охири қарни гузашта ахиран ба ҷанги таҳмилии бародаркуш оварда расонд. Ин ашхос баҳри пиёда сохтани нақшаву ниятҳои худ аз хоҷагони хориҷии хеш ҳоло ҳам бо гиряву вовайло ҷӯёи кумак ҳастанд. Мехоҳанд, ки сохтори ҷомеаи асримиёнагӣ боз барқарор шавад. Чаро не, чун дар ин «утопия» пирамарди барҷомондаи бедандон метавонад духтари 9-10 соларо ба никоҳи хеш дароварад ва нафси шаҳвонии ҳайвонии хешро қонеъ бикунад-яъне педофилия («кӯдакбозӣ», амали таҷовуз ба ноболиғони ҳар ду ҷинс, ки ҳам аз лиҳози табиат ва ҳам аз нигоҳи ахлоқу маънавият амали ҳайвонист!!!) боз ба ҳукми қонун хоҳад даромад! Нигоҳе ба ҷамъияти он сӯи рӯдхонаи Панҷ, ки моро аз ҳамсоякишвар ҷудо мекунад, кофист, ки қадри инсониро дар чунин «ҷомеаи пок» бо чашми сар бубинем. Ҳамин буд, ки авохири солҳои 80-и қарни гузашта дар ҷумҳурии мо аз ҷониби қисми ғолиби руҳонияти «муҳтарам»-и мо шиорҳои «Нони муаллим ҳаром!», «Ҷанозаи муаллим раво нест!», «Марг ба куффор!» ва амсоли ин садо медоданд, ки аз ҷониби бархе аз шаҳрвандони роҳгумзадаву бесаводи мо хеле хуб «ҷаббида» шуданд. Ин афрод шамъи рӯшани одобу ахлоқ ва маърифати инсониро зери ниқоби ислом дар кишвар хомӯш карданӣ шуданд. Акнун бубинем, ки «ғозиён»-и навбаромади либиёӣ бо кишвари худ чӣ карданд.
Имрӯз кишвар вайрону валангор аст ва ба минтақаи таҳмили муҳоҷироне, ки мехоҳанд қитъаи бенавову ноамнро тарк бисозанд, мубаддал гашта, ки ҳазорҳои он дар оби баҳри ба онҳо номеҳрубони Миёназамин ғарқ мешаванд. Ҳомиёни ғарбии «демократияи асил» дар ғояти бешармӣ ҷиддӣ бар онанд, ки «бархе аз ин либиёиҳои кӯтоҳақл ин фаҳмро надоранд, ки чи гуна хушбахтие насибашон гаштааст, ки бар ивази ҳокими золиму мустабид мардумсолории ҳақиқиро ба даст овардаанд». Мебинем, ки ин либиёиҳои «ношукр» чӣ гуна «диктатураи бераҳм»-ро ба «саодати демократия» иваз намудаанд.
Бозигарони соҳибшуури ғарбӣ хеле хуб ҷамъияти анъанавии патриархалӣ ва мазҳабзадаи шарқиро омӯхтаанд ва баҳри роҳандозӣ намудани аҳдофи хеш дар олами Шарқ аз зердастони маҳаллӣ васеъ истифода мебаранд ва дар ин кор муваффақ ҳастанд. Умуман, чунин бозиҳои нозук маҳсули қарнҳои 20-у 21 нест ва ҳатто ҳамон Маккиавелли бо «Давлат»-и хеш ҳам як шогирд асту халос. Чунин бозиҳо бо олами шарқӣ ибтидо ҳанӯз аз қарнҳои то милод мегирад, ки шаҳр-давлатҳои юнонӣ бо дасисаҳои хеле аъло шарқиёнро истифода мебурданд, баъдан Риму Византия (бахусус «сиёсати визонтӣ» бо печдарпечӣ ва нозукиҳояш нуқтаи олии дипломатияи он замонаро таҷассум мекард) ва салибдорону дигар «авантюристон»-и аврупоӣ ливоро аз дасти инҳо гирифтанд. Олами ислом, ки баъдан мазҳабзада шуду зери муноқишаҳои дохилидинӣ дармонд, ахиран туъмаи мустамликадорони аврупоӣ гардид ва нақши бардагиро ба худ касб кард. Сараввал хеле хуб оғоз шуда буд-дини нав бо консепсияи он замон пешқадаму инсонсолорона ғолибона дар қитаъоти Осиё, Африқо ва Аврупо қадам бизад ва бо илму фарҳанг даст ба даст буд. Испанияи мусалмонии пешрафта ҳамчун шамъе буд, ки дар зулмоти Аврупои католикӣ тӯли садсолаҳо равшании илму маънавиёту фарҳангро нигоҳ медошт ва афроди боистеъдоди аврупоӣ аз дасти попҳои ҷоҳил гурехта, ба ин ҷо меомаданд. Аммо ба ҳамаи ин хотима дода шуд. Ахиран нафси ҳайвонӣ ва манфиатҳои «заминӣ» боло гирифтанд ва кашмакашиҳои мазҳабӣ пешрафту рушдро саркӯб карданд. Аврупоро давраи Эҳё ва Реформатсия интизор буд, дунёи исломро акнун ҷоҳилият ва бардагӣ. Бозигарони аврупоӣ, ки аз устодони юнониву румиву визонтии хеш мероси хуб ба даст оварда буданд, олами Шарқро ба бозичаи дасти худ табдил доданд. Ҳатто мазоҳиби ҷадид дохили дин (ваҳҳобия, китоби «Эътирофи гумоштаи англис»-ро хонед, ҳарчанд, ки муддаиёни салафия мегӯянд, ки ин «бофтаи душманони ислом» аст) эҷод карданд ва муноқишаҳои кӯҳан (миёни шииву суннӣ)-ро ҳамеша тақвият медоданду ин амалро бомуваффақ идома дода истодаанд. Бале, ашхоси соҳибфикре чун Хантингтон бо «Бархӯрди тамаддунҳо»-и хеш дар Ғарб тавлид шудаанд, на дар Шарқи кӯҳан. Ратсионализми ғарбӣ ба ҷомеаи анъанавии патриархалии Шарқ ғолиб омад ва онро ба ғуломи хеш табдил дод. Мардумоне, ки ҳуввияти ирсии хешро аз даст додаанду таърихи пешазисломииашонро ба гӯшаи фаромӯшӣ супориданд, ахиран забону фарҳанги хеш (Ироқ, Сурия, Лубнон, Африқои Шимолӣ)-ро гум карданд ва бардаи фарҳанги бодиянишинону баъдан менталитети ғарбӣ шуданд.
Назарҳо оид ба фоҷеаи Либия зиёд ва баъзан мухталиф ҳастанд. Президенти Донишгоҳи Ховари Наздик Евгений Сатановский ба ин фикр аст, ки сарнагун кардани ҳукумати Қаззофиро Арабистони Саудӣ ва Қатар «фармоиш» доданд ва Созмони Милали Муттаҳид нақши «қассоб»-ро иҷро намуд (камтар аз як моҳ СММ қатъномаи мудохилаи ҳарбиро таҳия ва 17 марти соли 2011 қабул намуд. Аввал қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Фаронса, баъдан амрикоиву англис низ ба бомбаборонкунии кишвар оғоз намуданд). Бо Евгений Сатановский президенти Донишгоҳи дин ва сиёсат, узви палатаи ҷамъиятии Русия Александр Игнатенко ҳамрайъ аст. Ба ақидаи ӯ, ҷанги Либия кӯшиши эҳё кардани шоҳигарӣ дар кишвар аст, ки аз ҷониби Арабистони Саудӣ ва Қатар-ду кишвари бузурги нафтӣ ва бузургтарин теократияҳои суннимазҳаб тарҳрезӣ ва дастгирӣ меёбад. Дар Ғарб низ ақидаҳо сари ин қазия мутафовит ҳастанд. Ларри Кинг, рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ амалиёти ҳарбӣ алайҳи Либияро «ҳуҷуми роҳзанона» номидааст, ки бо маслиҳати шоҳигариҳои арабии Халиҷи Форс корпоратсияҳои ҷаҳонӣ роҳандозӣ кардаанд.
Бояд дарки онро дошт, ки сиёсати ҷаҳониро геоэкономика муайян мекунад.
Тамоми ин саҳнаи «сарнагун намудани диктатура» барои ба даст овардани назорат аз болои нафти Либия рӯйи кор оварда шуд. Ба фикри шумо, кӣ аввалин танкери нафтдорро ба Чин дар Либия баъди марги Қаззофӣ фурӯхт? Ҷавоб:қатариҳо. Агар ҳукуматҳои Саддом, Башор Асад ва Зайнулобиддин бинни Аливу дигарон, ки новобаста аз камбудиҳои ҷойдошта сохти секулярӣ (дунявӣ) доштанду аққалияти милливу мазҳабӣ дар кишварҳояшон осуда ба сар мебурданд, аз нигоҳи ғарбиён «орӣ аз демократия» буданду ҳастанд, пас шоҳигариҳои арабии иртиҷоии Халиқи Форсро чӣ гуна метавон маънидод намуд?! Кишварҳое, ки аз ҳуқуқи башар умуман бӯе набурдаанд?
Гап сари он аст, ки кишварҳои Халиҷ дар қатори Исроил аз шарикони асосии стратегӣ ва иқтисодии ИМА дар минтақаи Ховари Наздик маҳсуб мегарданд. Мисоли «тару тоза» ин аст, ки Арабистони Саудӣ ба наздикӣ шартномаи бузурги хариди аслиҳаро бо маблағи 117 миллиард(!!!) доллар бо корпоратсияҳои силоҳсозии амрикоӣ ба тасвиб расонд. Бузургтарин харидорони аслиҳаи ғарбӣ ва таъминкунандагони нафту газ ба Ғарб ҳамин кишварҳоянд. Пас, элитаҳои авлодии мутаассиби ин минтақа аз нигоҳи тамаддунӣ «демократӣ» маҳсуб меёбанд, чун ба манофеи ғарбиён ҷавобгӯ ҳастанд…
Давраи Pax Americana-«ҷаҳони амрикоӣ», ки аз миёнаи қарни 20 шурӯъ шудаву баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ боз ҳам рушд кард, тартиботи нави ҷаҳониро рӯйи кор овард ва ҳама воқеъоти муҳими муосири олам дар доираи ҳамин консепсия ба амал меоянд.
Ин ҷо як чизро бояд дуруст фаҳмид ва дарк намуд. Мақсади мо тирагии равобити кишварамон бо ИМА нест. Амрико аз аввалин кишварҳое буд, ки истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва дари сафоратхонаашро ин ҷо боз кард. Инак чаҳоряк аср аст, ки кишварҳои моро робитаҳои қавии сиёсиву иқтисодӣ ба ҳам мепайванданд. Алоқаҳои ҳарбӣ-техникии кишварҳои мо дар сатҳи баланд аст ва Иёлоти Муттаҳида дар ин самт кумакҳои зиёд ба ҷумҳурии мо расонидааст, ки банда низ борҳо шоҳиди ба имзорасии ҳуҷҷатҳои лозима будам. ИМА аз нақши Тоҷикистон дар мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ ва траффики маводи мухаддир хуб огаҳ аст ва медонад, ки мо дар хати пеши ҷабҳаи ин мубориза қарор дорем. Ҷомеаи амрикоӣ зинҳор аз бадтарин ҷомеаҳо дар дунё нест ва аз лиҳози ҳифзи иҷтимоиву шароити зист ва унсурҳои демократӣ наметавон онро зери танқиди шадид кашид-ин аз рӯи ҳақиқат нест. Барои ҳамин ҳам, ҳангомаи антиамериканизмро бардоштан амали хирадмандона нест. «Падарон-асосгузорон»-и ИМА ашхоси хирадманд ва демократ буданд, ки сиёсати кишвари ҷадидро дар Эъломияи Истиқлолият хеле хуб баён карда буданд ва Конститутсияи Амрико дар замонаш аз таҳаммулпазиртарин қонунгузориҳои давр маҳсуб меёфт. Ҳамин буд, ки дар ҷанги шаҳрвандии ИМА (1861-65 сол) Шимоли саноативу демократӣ ба Ҷануби пахтакори ғуломдорӣ ғолиб омад. Манзури мо танҳо дойираҳои муайяни ин кишвар ҳастанд, ки дар нооромиҳои ҷаҳонӣ то андозае даст доранд. Ҳатто дар Департаменти давлатӣ, Конгрессу Сенати Амрико афроде вуҷуд доранд, ки мухолифи чунин сиёсат ҳастанд ва дар диди қазияҳои ҷаҳонӣ назари мутафовит доранд ва шумораашон низ андаке нест. Барои ҳамин, ба эҳсосот дода шуда, аз Амрико тарошидани «аждаҳо»- и кулл аз рӯи адолат намебуд. Ба ҳар сурат, ҳар кас ақидаи худ ва ҳаққи баёни онро дорад.
Аз оне, ки кишварҳои Ховари Наздик дар ҳалқаи оташ мондаанд ва дар думболи манофеи милливу мазҳабии хеш якдигарро чашми дидан надоранд, элитаҳои ҳукмрони минтақаро ғаме нест. Чун имрӯз инҳо дар сарватҳои миллӣ даст доранду давраи пурнишоту фаровони ба истилоҳ «Pax Arabica»-ро пушти сар мекунанд. Аммо бехабар аз он, ки сарватҳои зеризаминӣ тамомшавандаанду ҳамаи ин моҷарову зиддиятҳо рӯзе қабри инҳоро ҳам хоҳанд канд… Ҳамин тариқ, назарияи «хаос (бесомонӣ)-и идорашаванда» он қадар бехатар ҳам нест ва хавфи он вуҷуд дорад, ки он ба «хаоси идоранашаванда» табдил ёфта, муаллифон ва ҷонибдорони хешро ҳам ба коми маргбораш хоҳад кашид.
Имрӯз Тунисе, ки «Баҳори арабӣ» аз он оғоз гардид ва пеш аз сарнагун шудани «диктатура»-и Зайнулобиддин Бинни Алӣ кишвари секулярӣ буд, ҳоло рӯз то рӯз хазида сӯи ҷамъияти мазҳабӣ равон аст, ки аврупоиёни оддии сайёҳро ба ташвиш овардааст (амалиёти террористии дар кишвар рухдодаро ба хотир оваред, ки то ин замон боиси маргу маҷрӯҳ гаштани садҳо нафар гардид). Ҳоло сартосари Африқои Шимолӣ ва Ховари Наздик ифротиёни мусаллаҳ савори пикапҳои «Тойота» озодона дар гаштугузоранд ва худсарона одамонро ба марг ҳукм ва қонунҳои қарнҳо пеш қабулшударо амалӣ мекунанд.
Оё метавон Қаззофиро ба маънои том «диктатор» номид? Бидуни шубҳа, ӯ ҳам то андозае «моҳи беайб» набуд, ҳамчун режимҳои шоҳии Ховари Наздик, ки сарнагун шудани ӯро маблағгузорӣ намуданд. Ҷолиб дигар аст: марги сарвари Либия возеҳ нишон дод, ки Ғарб усулҳои тарғиботии шарқиро ба кор мебарад. Яъне, даҳшат бо истифодаи қувва. Ҳатто бархе аз рӯзноманигорон ва сиёсатмадорони либерали ғарбӣ ба қатли Саддом Ҳусейн ва Қаззофӣ ишора карда, иброз медоранд, ки «чунин аст тақдири касоне, ки Ғарбро дастгирӣ намекунанд». Ин як ҷараёни ғалатӣ барои намояндагони «ҷамъияти мутамаддин» аст. Яъне, ҷаҳони имрӯзаро чун қарнҳо пеш зӯриву қувва идора мекунад.
Ҳоло дар ҷанги шаҳрвандӣ дар Либия, ки аз соли 2011 идома дорад, манофеи на танҳо корпоратсияҳои бузург, балки гурӯҳҳои исломистиву «дунявӣ», ки барои ҳокимият мубориза мебаранд ва манфиатҳои қабилаву авлод (махсусан «клани Бенғозӣ»), ки мехоҳанд ба сарватҳои нафтии кишвар даст пайдо кунанд, ба ҳам печида шудаанд. Дар ин «гӯштқимакунак» садҳову ҳазорҳо қурбон мешаванд.

…То сарнагун шудани шоҳигарӣ, аз рӯйи нишондоди соли 1968 73% аҳолии кишвар комилан бесавод буд. Танҳо дар даҳсолаи авали дигаргуниҳои инқилобии Қаззофӣ дар мамлакат 225 китобхона, 25 маркази паҳни дониш, зиёда аз 20 маркази фарҳангии миллӣ ва 40 клубҳои варзишӣ таъсис дода шуданд. То соли 1977 сатҳи саводнокии аҳолӣ то 51% афзуд. Аз соли 1970 то соли 1980 дар мамлакат зиёда аз 180 ҳазор хона сохта шуда буд, ки имкони бо манзили зист таъмин намудани 80% оилаҳои эҳтиёҷмандро таъмин кард. Доҳии инқилоби мардумии Либия қазияи таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданиро дар ин кишвари биёбонӣ тавассути роҳандозӣ намудани лоиҳаи бузургҳаҷми «Дарёи бузурги сунъӣ», ки худ онро «муъҷизаи ҳаштами олам» ном гузошта буд, ҳал намуд. Ҳангоме, ки Қаззофӣ сари қудрат омад, ӯ корпоратсияҳо (ширкатҳои бузург)-и байналмилалиро аз хоки кишвар берун ронд ва ба монополияи олигархияи ғарбӣ хотима гузошту моликияти онҳоро дар кишвар миллӣ кард. Танҳо дар замони Муаммар сиёҳпӯстони ҷануби кишвар соҳиби ҳуқуқҳои инсонӣ гаштанд. Тайи 40 соли ҳукмронии ӯ аҳолии Либия се маротиба афзуда, марги кӯдак 9 маротиба коҳиш ёфт. Дарозии миёнаи умри аҳолӣ аз 51,5 то 74,5 сол зиёд гардид. Муаммар Қаззофӣ қарор қабул карда буд, ки Либияро аз сохтори бонкии ҷаҳонӣ берун оварад ва боз 12 мамолики араб ният доштанд ба ин амали ӯ пайравӣ кунанд. Ҳоло мо рӯихати имтиёзҳое, ки Қаззофӣ барои мардумаш муҳайё карда буд, намеорем, чун пештар онро нашр карда будем.
Полковник Қаззофӣ бо ихроҷ кардани кишвараш аз сохтори бонкии ҷаҳонӣ ният дошт ба кишварҳои Африқо пешниҳод кунад, ки зимни амалиёти тиҷоративу иқтисодӣ аз асъори ғарбӣ (доллару евро) даст кашанд ва асъори ягона-«динори тиллоии африқоӣ»-ро рӯйи кор оваранд. Бо ин амалаш ӯ косаи сабри Ғарбро лабрез намуд ва марги худро тезонид. Чун Либияи аз сарватҳои зеризаминӣ ғаниро ҳеҷ кас ба ҳеҷ ваҷҳ иҷозат нахоҳад дод, ки аз дойираи назорат берун бошад…
Баъд аз марги Қаззофӣ амалиёти ҳарбӣ дар Либия ба анҷом нарасид. Аз соли 2012 кишварро Конгресси умумии миллӣ (КУМ), ки аз ҷониби Ғарб дастгирӣ меёфт, идора мекард. Конгресс бо таъсири зиёдшавандаи гурӯҳҳои ифротии исломӣ мубориза намебурд, чун дар дохили худи он ифротиён зиёд буданд.
Ҳанӯз декабри соли 2013 КУМ шариатро ҳамчун асоси қонунгузорӣ қабул намуд.
Тайи 2 сол КУМ натавонист пулис ва артиши босамаре ташкил кунад. Феврали соли 2014 муҳлати салоҳияти Конгресси миллӣ ба итмом расид ва қарор қабул карда шуд, ки он боз ба як соли дигар тамдид шавад. Ин амал эътирози оммавии шаҳрвандонеро, ки аз ифротӣ шудани кишвар хавотир буданд, рӯйи кор овард. Оппозитсияро генерал Халифа Хафтар, ки дар гузашта аз ҷониби КУМ меҷангид, сарварӣ намуд.
Ҳоло дар кишвар ду парламент ва се ҳукумат кор мекунанд:ҳукумати шаҳрвандӣ дар Триполи (Тароблис), ҳукумати ҳарбӣ дар Тобрук, Маҷлиси Шӯро дар Бенғозӣ амал мекунанд. Ахирӣ-Маҷлиси Шӯро ба ДИИШ байъат намудааст.
Чуноне ки мебинем, Либия дар ҳақиқат шаҳди «демократия»-ро чашидааст ва аз «накҳати форам»-и он бӯ мебарад-танҳо ҳамин, ки ин «бӯи форам» акнун тавъам ба бӯи боруту хун ва қатлу куштору бенизомӣ бар машоми «либиёиҳои хушбахту озод» мезанад.
Вақте ки хабари боздошт ва қатли ваҳшиёнаи Муаммар Қаззофӣ ба Котиби давлатии ИМА Хиллари Клинтон тариқи SMS дар Кобул расид, ӯ аз ғояти шодӣ анқариб як қад парид ва дастҳояшро боло бардошта, нидои «WOW!» («Аъло!!!») баровард. Ибораи машҳури лашкаркаш ва императори Рум-Юлий Сезар:«Омадам, дидам, ғалаба кардам»-ро дигаргун намуда, хонум Клинтон бо ханда иброз дошт:«омадем, дидем, ӯ мурдааст»…
Котиби генералии ҳамондавраи НАТО Андерс фог Расмуссен қатли Муаммар Қаззофиро анҷоми «ҳумронии тарс» дар Либия номид. Президенти ИМА Барак Обама марги ӯро «тақдирсоз» маънидод намуд, Теҳрон ва Пекини расмӣ эълон доштанд, ки «марги Муаммар Қаззофӣ саҳифаи навро дар таърихи Либия мекушояд». Котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Эрон Ромин Меҳмонпараст иброз дошта буд, ки «чунин анҷом тамоми он диктаторонеро, ки сари мардумони худ зулм мекунанд, интизор аст». Кӣ ҳам мегуфт… Дар фоҷиаи Либия қисми зиёди Аврупо ва Русия мавқеи бетарафиро ишғол намуданд. Оре, акнун саҳифаи ҷадид дар таърихи Либия ва минтақа кушода шуд-саҳифаи қатлу кушторҳои нав ва бесуботӣ.
Собиқ номзад ба мақоми президентии ИМА сенатор Ҷон Маккейн сари тафсири марги Қаззофӣ фаротар аз ҳама рафт ва иброз дошт: «Президенти Сурия Башор Асад ва эҳтимол ҷаноби Путину бархе чиниҳо имшаб хеле бад хоб карданд». Яъне, фаҳмед, ки акнун навбати кист…
Ҳалқаи доре, ки ба гардани Қаззофӣ партофтанд, сабаб шуд, ки ӯ як навъ васиятномаеро интишор кунад. Он барои мо то андозае сабақомӯз аст. Инак, матни онро манзуратон мегардонем:


«Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон!
Эй аҳли башар! Зиёда аз 40 сол ман тамоми кӯшишамро ба он равона кардам, ки ба мардум манзил, мактабҳо, табобатгоҳҳо муҳайё кунам. Вақте одамон гурусна буданд, ман ба онҳо ғизо медодам. Ман биёбони атрофии Бенғозиро ба заминҳои ҳосилхез табдил додам. Ман зери бомбаҳои ковбой Рейган (Роналд Рейган, президенти Амрико солҳои 1980-88. Бомбаборонкунии Ливия соли 1986 аз ҷониби қувваҳои баҳрии ИМА дар назар дошта шудааст-А.Д.) будам, вақте ки ӯ духтархонди маро кушт. Ӯ мехост маро маҳв кунад, аммо ӯ кӯдаки бегуноҳро кушт. Аммо ман кӯмакамро ба бародарону хоҳарони африқоии худ зиёд кардам. Ба Иттифоқи Африқоӣ маблағ медодам. Ман тамоми он корро кардам, ки ба одамон консепсияи демократияи воқеиро фаҳмонам, бо ин мақсад кумитаҳои мардумиро дар тамоми қаламрави кишвар созмон додам. Аммо ин ҳеҷ гоҳ басанда набуд. Баъзе ашхос, ҳатто онҳое, ки дорои даҳҳо манзил, мошин, мебел ва либосҳои наву дигар ашёи қиматбаҳо буданд, ба ман мегуфтанд, ки иззати нафсашон қонеъ нашудааст, онҳо мехоҳанд сарвати аз ин зиёд дошта бошанд. Ба амрикоиҳо ва дигар аҷнабиҳо гуфтанд, ки ба онҳо демократия ва озодӣ лозим аст. Онҳо намефаҳмиданд, ки ин тангнои чунин сохторест, ки дар он саги бузургтар дигар сагонро мехӯрад. Онҳо ба калимаҳои «демократия» ва «озодӣ» мафтун шуда, намефаҳмиданд, ки дар Амрико на дору, на табобатгоҳҳо, на манзилу маорифу ғизои ройгон вуҷуд надорад, ба истиснои он ҳолатҳое, ки одамон ба гадоӣ машғул ҳастанд ва дар навбатҳои калон барои хӯроки бепул вақти худро сарф мекунанд. Ҳамаи он чизе, ки ман анҷом медодам, ҳамеша ба баъзе афрод басанда набуд. Аммо бисёриҳо медонистанд ва дарки онро доштанд, ки ман фарзанди Ҷамол Абдуносир ҳастам. Ҷамол Абдуносир ягона сарвари ҳақиқии араб ва мусулмон буд, вақте эълон кард, ки канали Суэтс ба мардуми Миср тааллуқ дорад. Ӯ бо ин амалаш ба Салоҳиддин Айюбӣ шабоҳат дошт. Ҳангоме ман эълон доштам, ки Либия ба мардум тааллуқ дорад, ман ба Носир пайравӣ мекардам ва кӯшиш доштам бо роҳи ӯ биравам. Ман ин амалро ба хотири он анҷом медодам, то ин ки мардуми худро аз тобеияти мустамликавӣ озод кунам. Аз дуздоне озод кунам, ки ҳамаи моро ғорат мекарданд. Ҳозир ман зери ҳуҷумҳои артиши бузургтарину тавонотарин дар таърихи инсоният (қувваҳои мусаллаҳи ИМА. А.Д.) қарор дорам. «Писари кӯчаки африқоӣ»-и ман Барак Обама мехоҳад маро бикушад, то ин ки озодиро аз кишвар ва мардумам гирад. Ӯ мехоҳад мардуми моро аз манзил, тиб, маориф ва ғизои ройгон маҳрум кунад ва ният дорад зиндагонии моро ба сохтори ғоратгаронаи амрикоӣ бо номи капитализм иваз кунад. Аммо ҳамаи мо дар «ҷаҳони саввум» хуб медонем, ки ин чист. Ин маъно дорад, ки корпоратсия (ширкатҳои бузург)-ҳо кишварҳоро идора мекунанд, ҷаҳонро идора мекунанд ва миллатҳо зери истисмори онҳо азият мекашанд. Ҳамин тариқ, ман интихоби дигар надорам. Ман бояд ҷойи худро ишғол кунам ва агар Худованд розӣ бошад, ман дар роҳи муқарраркардаи ӯ мемирам. Ҳамон роҳе, ки кишвари моро ҷониби фаровонӣ, субот, оромиш ва солимӣ бурда буд ва имкон дод ба бародарон ва хоҳарони африқоиву араби хеш кӯмак расонем ва ба онҳо дар Ҷамоҳирияи Либия кор муҳайё кунем. Ман мурдан намехоҳам, вале агар марги ман барои ҳифзи ин замин, ин мардум, ҳазорҳо одаме, ки фарзандони ман ҳастанд, лозим бошад ман ба мурдан розӣ ҳастам. Бигзор ин васиятномаи ман назди башарият шоҳидӣ бидиҳад, ки ман ҳамчун мино (маяк, фонуси баҳрӣ) таҳти зарбаҳои салибдорони НАТО қавӣ истодам. Таҳти зарбаҳои золимиву сангдилӣ, зарбаҳои хиёнат, алайҳи Ғарб ва даъвоҳои мустамликавии он ҳамроҳи бародарону хоҳарони африқоии худ, бародарони ҳақиқии араб ва мусулмони худ қарор доштам. Вақте дигарон қасру кӯшк месохтанд, ман дар хонаи хоксорона ё хайма зиндагӣ мекардам. Ман ҳеҷ гоҳ кӯдакӣ ва наврасии худро дар Сирт фаромӯш намекардам. Ман боигарии миллии кишварро исрофу нобуд намекардам ва ҳамчун Салоҳиддин, доҳии бузурги мусулмонон, ки Байтулмуқаддас (Иерусалим)-ро барои ислом озод карда буд, ман танҳо чизи каме ба худ гирифтам. Дар Ғарб бисёриҳо маро ҷунунзада (девона) меноманд, аммо онҳо, ки аз ҳақиқат огоҳ ҳастанд, то ҳол дурӯғгӯйиву козибиро идома медиҳанд. Онҳо медонанд, ки Ватани мо мустақил ва озод аст ва таҳти ғасби мустамликавӣ нест. Медонанд, дидгоҳ ва роҳи ман барои мардумам фаҳмову рӯшан шудаанд. Медонанд, ки ман то нафаси охир мубориза хоҳам бурд, то ин ки озодиамонро ҳифз кунам. Худованди Бузург кӯмак хоҳад кард, то мо дар роҳи худ содиқ ва озод бимонем».
Сирт, 5 апрели соли 2011.
Ҳангоме, ки «Шери Биёбон» ба дасти тӯдаи ҷоҳилони ифротгарои мусаллаҳ афтид, ӯро таҳқиру тавҳин ва азият карданд, ки наворҳои ин амали ваҳшиёна дар расонаҳои ҷаҳонӣ паҳн гардид. Вопасин суханони Қаззофӣ чунин буданд:«Шумо чӣ кор карда истодаед? Ман чӣ гуноҳ кардам? Охир ман падаратон ҳастам»...
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: