Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Эътироз ҳанӯз қатънома нест

Эътироз ҳанӯз қатънома нест

20-06-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 200 нафар
Назарҳо: 0
Эътироз ҳанӯз қатънома нестҚатъномае, ки санаи 7-и июни соли ҷорӣ аз ҷониби Парлумони Аврупо бо ибтикори 35 узви парлумон аз ҷониби кишварҳои гуногуни Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаву дар он оид ба озод намудани як қатор шаҳрвандони кишвари мо, ки бо ҷурми даст доштан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ бо ҳукми додгоҳ зиндонӣ шудаанд, то андозае мояи тааҷҷуб шуд.

Нахуст, даст доштани ин ашхос ба ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористӣ дошта бо далелҳои шайъӣ исбот шуда ва ин нафарон ҳаргиз он «маъсумон»-е нестанд, ки чеҳраҳояшонро имрӯз дар хориҷ аз кишвар дигаргуна бозтоб мекунанд. Сониян, ин чораҳо ҷузъе аз ҳамон амалиёти густурда ва мубориза алайҳи терроризму дигар зуҳуроти номатлуб аст, ки имрӯз саросари ҷаҳон идома дораду Тоҷикистон низ, чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ, табиист, ки дар муқовимат бо ин вабои аср фаъолона ширкат дорад.

Мо шоҳиди он ҳастем, ки иҷро ва ё баръакс, иҷро нагардидани ҳар гуна «қатъномаҳо»-ву дигар асноду ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ мавзӯест бисёр сарпеч, ки метавон оид ба он бисёр мулоҳизаронӣ намуд. Масалан, қатъномаи СММ №181 аз соли 1947 оид ба ташкили давлати Фаластин (минбаъд дар сарҳадҳои то соли 1967) то ҳол риоя нашудаасту соли 2014 низ аз ҷониби Шӯрои Бехатарии СММ қатънома оид ба бунёди давлати соҳибихтиёри Фаластин то соли 2017 бо ибтикори ИМА рад карда шуд. Ва ё оғоз шудани амалиёти ҳарбӣ алайҳи Ироқ дар соли 2003 новобаста аз Қарори манъ (вето)-и баъзе аъзои Шӯрои Бехатарии Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифта буд. Шикояти намояндагони русзабони ҷумҳуриҳои Назди Балтик (Эстония, Латвия, Литва-аъзои Иттиҳоди Аврупо) оид ба ҳуқуқпоймолкуниҳои мардумони «ғайрибумӣ»-и ин кишварҳо низ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор нагирифт ва ҳеҷ муҷозоте ҳам нисбати онҳо роҳандозӣ нашуд. Чунин мисолҳо дар таҷрибаи ҷаҳонӣ кам нестанд ва бозгӯи ҳамон сиёсати «стандартҳои дугона» ҳастанд, ки асбоби дасти кишварҳои абарқудрат барои ҳифзи манофеи хеш мебошанд.

Имрӯз онҳое, ки алайҳи кишвари мо кӯшиши қатъномасозиро доранд, бояд фаромӯш накунанд, ки Тоҷикистон дар як минтақаи ноамн ҷойгир шудааст, ки инак даҳсолаҳост, ки аз нуқоти доғи сайёра маҳсуб мегарданд. Ин ҷо Исландия нест, ки дар оғӯши уқёнус бо гейзерҳои худ зиндагии босуботу хуррам дорад. Тоҷикистон ҳаммарз ва ё наздик ба кишварҳоест, ки имрӯз он ҷо, мутаассифона ғояҳои инсонбадбинонаи ифротӣ, тавъам бо терроризми физикиву зеҳнӣ ва ҷоҳилияти асримиёнагӣ тантана доранд. Мо мисли Ирландияву Исландия ҳамсоя танҳо бо наҳангон ва гурбаҳои баҳрӣ нестем. Табиист, ки такя ба воқеият кишвари мо бояд иқдомотеро роҳандозӣ намояд, ки барои ҳифзу пойдор мондани давлатдории миллии мо равона карда шудаанд.

Қитъаи Аврупо низ аз чанги шуми терроризми байналмилалӣ канор намондааст ва борҳо «шаҳд»-и ҳуҷумҳои ифротгароёнро чашид. Имрӯз анбӯҳи зиёди муҳоҷирони иҷборӣ, ки аз минтақаҳои ноороми Осиёву Аврупо ҳамчун сел ба қитъа рехтаанд, аврупоиёнро водор ба он мекунад, ки назари худро нисбати воқеъоти мудҳиши кишварҳои осиёиву африқоӣ то андозае тағйир бидиҳанд. Сиёсати плюрализм ва «мултикултурализм»- гуногунфарҳангӣ, ки дар Иттиҳоди Аврупо онро ҳамчун ливои худ қарор дода буданд, дар зеҳни аврупоиёни муосир имрӯз хусусияти манфиро касб кардааст ва бисёриҳо акнун оид ба нокомии ин сиёсат ҳарф мезананд. Маҳз ҳамин «мултикултурализм»-и барзиёд буд, мегӯянд онҳо, ки дар қитъа пойгоҳу ситодҳои ҳаракату аҳзоби тундгарову ифротгарои мазҳабии гуногун пайдо шудаву нашъунамо карданд.

Парлумони Аврупо ҳуқуқи қабул намудани лоиҳаи қабули қонунҳоро надорад ва ин рисолат ба дӯши Комиссияи Аврупоист. Ҳаминро бояд ба назар гирифт, ки ин 35 нафар аз шумораи зиёда аз 700-нафарии вакилон аст, ки бо ибтикори инҳо чунин қатънома пешниҳод гаштааст. Бояд гуфт, ки ҳайати Парлумони Аврупо аз аҳзоби мухталифандешаву гуногунсамт аз қабили аҳзоби насронигаро, чапгаро, сотсиалист, кӯҳнагаро (консерваторон) ва ҳатто миллигарову амсоли ин таркиб ёфтааст, ки дар дид ва муҳокимаи ин ё он масъала бисёр маврид бо якдигар дар ихтилоф ҳастанд ва баррасии масоил ин ҷо бисёр вақт тезутунд ҳам сурат мегирад. Ин аҷиб нест-демократияи аврупоӣ инро тақозо мекунад. Пас, иқдоми худсаронаву санҷиданашудаи якчанд вакил аз «артиш»-и зиёда аз 700-нафара на он мавзӯест, ки бояд боиси манфӣ шудани дидгоҳи мо нисбати ин ниҳоди бообрӯи сатҳи ҷаҳонӣ ва ё тира гаштани равобити тарафайни мо бигардад. Вале мутаассифона дар баъзе пойгоҳҳои хабарии ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла «Озодӣ» ин хабарро муғризона ва бо таҳриф нашр намуда, тавре қаламдод намудаанд, ки гӯё ин санад расмӣ буда аз ҷониби Парлумони Аврупо қабул гардидааст. Ҳол он, ки тавре дар боло зикраш рафт, зери он 35 нафар аз теъдоди беш аз 700 нафараи узви парлумон имзо гузоштаанд, ки камтар аз 5%-ро ташкил медиҳад ва онро ҳамчун чанади расмии Парлумони Аврупо талаққӣ додан ва ё қабул кардан аз хирад дур аст.

Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар маҳсуб ёфта, он гуногунҷанба мебошад ва таърихи беш аз ду даҳсоларо дар бар мегирад. Равобити кишвари мо бо ин иттиҳоди бонуфузи ҷаҳонӣ самтҳои мухталифро дар бар гирифта, солҳои ахир дар риштаҳои сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ҳамкориҳои фарҳангӣ густариш меёбад. Дар ин ниҳод оид ба дар хатти пеши мубориза будани Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи терроризму ифротгароӣ ва мубориза бар зидди интиқоли маводи мухаддираву ҷиноёти марбут ба ин хеле хуб огаҳ ҳастанд ва такя ба ин дар толори Парлумони Аврупо низ борҳову борҳо такрору таъкид шудааст.

Ҳоло, ки вазъ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, алалхусус Ховари Наздику Африқои Шимолӣ Осиёи Марказӣ аз лиҳози амну субот маводи таркандаеро мемонад, зарурияти мубориза алайҳи зуҳуроти номатлубро касе сарфи назар накардааст ва беэътиноӣ ба он камоли бехирадист. Тоҷикистон шурӯъ аз даврони истиқлолияти давлатӣ ба даст оварданаш лобалои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ зери шиорҳои диниву мазҳабӣ дармонд, ки аз хориҷи кишвар тарҳрезӣ шудаву бо дастони «ватандӯстон»-и дохилӣ роҳандозӣ гардид, ки даҳҳо ҳазор куштаву маҷрӯҳ ба ҷо монду ҳазорон хонаводаро ба мотамхона табдил дод ва зиёда аз 1 миллион нафарро маҷбур ба тарки Ватан сохта буд. Ҳамон вақт низ сараввал дар майдон шиорҳои «меҳандӯстона» (барои маҳалҳои муайян) садо медоданд, ки баъдан ба майдони ҷанг кӯчид ва олуда ба ифротгаройии диниву мазҳабӣ гашт, ки барои миллати мо фоҷиабор буд. Ва ҳамин ҳизбу ҳаракатҳо ва афроде, ки имрӯз бархе аз сиёсатмадорони аврупоӣ кӯшиши ҳифз карданашонро доранд, аз ҳамон дастандаркорон ва қаҳрамонони асосии ҷанги бародаркуш буданд, ки аз чеҳраҳои асосӣ ва намояндагони терроризми байналмилалӣ дар минтақаи мо буданд. Яъне «ҳақ ба ҳақдор расида», ки имрӯз мо инро мушоҳида намудем. Мо метавонем бигӯем, ки кишвари мо аз ҳуқуқи судии худ, ки комилан мустақил аст ва бо сохтори ҳуқуқии ҷаҳони мутамаддин тавъам мебошад, дуруст истифода бурдааст. Ҳаргуна кишвари ҷаҳон алайҳи он қувваҳое, ки мехоҳад сохтори давлатдориро зайиф ва вожгун созад, бо ҳар роҳу воситаи қонунӣ мубориза мебарад, ва ин ҳаққи ӯст. Ҷумҳурии Тоҷикистон кайҳост, ки имиҷи худро ҳамчун мубориз бар зидди терроризму экстремизм ва нажодпарастиву дигар зуҳуроти номатлуб назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳифз кардааст ва ниёз ба муаррифии дигар надорад. Гумон мекунем, ки ташаббуси як гурӯҳи хурди сиёсатмадорони аврупоӣ, ки мехоҳанд симои кишвари моро манфӣ нишон диҳанд, ба равобити тарафайн судманди мо рахнаи ҷиддие ворид нахоҳад кард ва аз ҷониби ҷомеаи аврупоӣ ҷиддӣ қабул нахоҳад шуд. Боқӣ, ҳама чизро вақт довар аст.
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: