Пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ19-10-2016, 10:16
Хабарро хонданд: 354 нафар
Назарҳо: 0
Дар факултети санъати тасвирӣ ва технологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки сардори шӯъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғону ҷавонони прокуратураи вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 2 Зафар Қаюмзода бо устодону донишҷӯён вохӯрӣ баргузор гардид.
Вохӯриро мудири шӯъбаи тарбияи донишгоҳ Фаридун Ҳодибоев ифтитоҳ намуда, аз мақсаду мароми вохӯрӣ, робитаҳои зичи фаъолияти донишгоҳ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ва аз натиҷаи фаъолияти силсилавии корҳои тарбиявии донишгоҳ маълумот дод. Сипас, намояндаи прокуратураи вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 2 Зафар Қаюмзода сухан намуда, оид ба сабабҳои даст задани ҷавонону ноболиғон ба ҷинояткориву ҳуқуқвайронкуниҳо, шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва роҳҳои пешгирии он, татбиқи қонуни забони давлатӣ ва риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зад. Баъдан, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Салоҳиддин Ӯзбеков дар мавзӯи “Забони миллат – ҳастии миллат”-и Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон асари пурарзиш маърӯза намуд. Донишҷӯи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ Исматҷон Ҷумъаев андешаҳои худро ҷиҳати дастгирии сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва муборизаи беамон ҷиҳати решакан намудани ҳамагуна ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ баён намуда, ҳамсолони худро ба сӯи илмомӯзӣ, ватандӯстиву худшиносии миллӣ даъват намуд. Дар охири вохӯрӣ декани факултет, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдулатиф Азизов ва дигар устодону донишҷӯён изҳори боварӣ намуд, ки корҳои таблиғотиро оиди пешгирии падидаҳои номатлуб байни устодону донишҷӯён мустаҳкамтар хоҳанд кард. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.