Барои ободии Ватан12-10-2016, 09:49
Хабарро хонданд: 170 нафар
Назарҳо: 0
Дар давоми 25-соли истиқлолият қисми зиёди гӯшаву канори кишвар ободу зебо гардида, гул-гул шукуфтааст ва амвоҷи зебогиҳо гардидааст. Ҳар нафаре, ки ҳисси муҳаббат ба ватан ва эҳсоси ободиву созандагӣ дорад мехоҳад баҳри ободии меҳани азизаш коре бикунад. Ҳамин аст, ки бо ҳисси баланди созандагиву ободкориҳо пайи коре камари ҳиммат баста талош менамояд, ки ин сарзамини биҳиштосоро зеботару хуррамтар бигардонад. Ободии ҳар мамлакат аз ободии роҳи он вобастааст. Бо ин иқдом дар ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ бо дастгирии ҳукумати ноҳия ва ҷамоати деҳот ва соҳибкорон таъмиру мумфаршкуниҳои роҳҳо оғоз гардиданд. Дар муддати хеле кутоҳ тавонистанд 10км роҳҳои асосӣ ва маҳаллиро таъмиру мумфарш намоянд. Дар ин маърака коргарони роҳсоз ва мардуми маҳаллӣ дар якҷоягӣ бо дастгирии ҳукумати ноҳия ва соҳибкорон камари ҳиммат бастанд. Зиёда аз 7 намуди нақлиёт мавриди кор қарор гирифтааст, ки мутахассисони хубу варзида онҳоро мавриди кор қарор додаанд. Ба гуфти раиси ҷамоати деҳоти Роҳатӣ Ҳабибулло Азизов, роҳсозон ният доранд, ки дар якҷоягӣ ва бо дастгирии ҳамдигар дар муддати хеле кӯтоҳ зиёда аз 10км роҳро таъмиру мумфарш намуда, 5км роҳи асосӣ ва 5км роҳҳои маҳаллӣ дар нақша аст, ки ба зуди таъмиру мумфарш гардад. Ин иқдом беҳад иқдоми нек аст, ки мо дар якҷоягӣ баҳри ободкориву созандагӣ камари ҳиммат баста пайваста мекушем, ки бо кӯмаки якдигар корҳои созандагиву ободкориро равнақ созем ва пешаи кори худ қарор диҳем. Ва мо хоҳони онем, ки ҳар сокину ҳар шаҳрванд анаҳамин хел пайи ободкориву созандагӣ иқдом кунаду камари ҳиммат бандад. Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ аз 12-деҳа ва 1 шаҳрак иборат аст, ки дар он зиёда аз 35- ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад Фирдавси Абдураҳмон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.