АНДАР СИФОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ (Порае аз китоби “25 корнома, ташаббус, дастовард…”)7-10-2016, 09:52
Хабарро хонданд: 220 нафар
Назарҳо: 0
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, нашриёти “Ҳотамиён” чанде пеш китоберо бо номи “25 корнома, ташаббус, дастовард, падида, бунёдкорӣ, иқтибосҳо бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” аз чоп баровард, ки дар он гулчини бардошту хулосаҳои кормандони Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси хабару гузоришҳои батабърасида дар бораи дигаргуниҳо ва пешрафтҳои беназири миллати тоҷик дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда шудаанд. Дар сарсухани директори АМИТ “Ховар” С. Сиддиқ ба ин маҷмӯа, аз ҷумла, омадааст: «Бузургон гуфтаанд, ки ба гузашта ҳаройина бо назари нек бояд нигарист. Вақте мо навори хабарҳоямонро бозпас гардонидем, то бубинем дар давоми биступанҷ соли истиқлолияти кишварамон чӣ рӯзҳои неке ба сар бурдаем ва чӣ дастоварду муваффақиятҳое насибамон гаштааст, ангушти ҳайрат газидем ва беихтиёр ин мисраи Мавлоно Ҳофизи Шерозӣ ба ёдамон омад: «Бубин, тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо!». Қобили тазаккур аст, ки Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии худ ба дигаргуниҳо ва дастовардҳои зиёде ноил гаштааст, ки ҳеҷ кадоми онҳоро наметавон бе зикри номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ном бурд. Зеро тамоми ин дигаргуниҳо маҳз бо ибтикор, роҳбарӣ, раҳнамоӣ ва иштироку дастгирии бевоситаи ӯ ба вуқуъ омадаанд». Имрӯз саҳифаеро аз ин китоб дар бораи 25 сифоти Пешвои миллат ба таваҷҷуҳи хонандагон пешкаш менамоем. “Месазад, ки чанд сухан дар бораи сифатҳои инсонии Пешвои миллат гуфта шавад, зеро бунёду решаи ин ҳама комёбиҳо, ки дар тӯли чаҳоряк асри замони Истиқлолияти давлатии кишвар ба даст омадаанд, муҳаббатест, ки дар қалби ӯ, дар умқи синаи ӯ нуҳуфтааст. Инак чанде аз сифатҳои касбӣ ва инсонии Пешвои миллати тоҷик: ӯ манфиати давлату миллатро аз ҳама чиз боло мегузорад; ӯ мушкилнописанд аст, аз ҳеҷ гуна душворӣ намеҳаросад ва ғайрати беандоза ба кор дорад; ӯ дар мавриди риояи қонуният бисёр ҷиддӣ ва бо қатъият рафтор мекунад ва ҳамзамон дар баробари инсонҳо раҳим ва меҳрубон аст; ӯ дар қавлу амали худ устувор аст; ӯ ватани худ ва халқи худро сидқан дӯст медорад ва инро на танҳо бо сухан, балки дар ҳаёт ва фаъолияти ҳаррӯзаи худ амалан нишон медиҳад; ӯ дар ҳаёт ва фаъолияти ҳаррӯза ба ҳамватанони худ, махсусан ба насли ҷавон намунаи олии матонат, ҷасорат ва фидокорӣ нишон медиҳад; ӯ аз замони наврасию ҷавонӣ тарзи ҳаёти солимро пеша карда, имрӯз ин хислати наҷибро ба ҷавонони имрӯза низ талқин менамояд; ӯ дар пайи иҷрои ҳар як нақшаву амал қабл аз ҳама ба халқи худ, махсусан ба табақаи пешрави он – зиёиёни кишвар такя ва бо онҳо маслиҳату машварат менамояд; ӯ бисёр меомӯзад ва маърифати баланд дорад, сари масъалаҳои касбӣ ва вижагиҳои ҳунар ва эҷод бо адибону олимон, рузноманигорону ҳунармандон бо иштиёқ суҳбат мекунад; ӯ сабру таҳаммулро меписандад, шукргузор ва қаноатпеша аст ва аҳли ҷомеаи кишварашро ба ин роҳ ҳидоят менамояд; ӯ ба забони тоҷикӣ ва дигар муқаддасоти давлат ва миллат бо эҳтироми беандоза арҷ мегузорад ва аз дигарон низ инро талаб менамояд; ӯ ба ояндаи неку дурахшони Ватан ва халқи худ итминони комил дорад; ӯ бар он аст, ки ҳеҷ як мушкили олам ҳалнашаванда нест ва баҳри ҳалли он танҳо завқ ва ҷаҳду талоши инсонҳо лозим аст; ӯ дар ҳама ҷой ва дар ҳама кор низому тартиботро дӯст медорад; ӯ на танҳо дар бораи Тоҷикистон, балки сари мушкилоти умдаи олам, аз қабили авзои Афғонистон, норасоии оби ошомиданӣ, қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва ифротгароӣ бисёр андеша мекунад ва дар ин бора дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла аз минбари СММ низ борҳо сухан гуфтааст; ӯ тамоми суннатҳо, расму анъанаҳо ва одобу урфияти мардум ва кишвари худро хуб медонаду дӯст медорад ва барои ҳифзу ривоҷи онҳо ҳама чораҳоро меандешад; ӯ таърихи миллати худро хуб медонад ва дар ин самт асарҳои мондагор эҷод кардааст; ӯ донандаи хуби осори мардумӣ ва ҳунарҳои халқӣ буда, ба онҳо арҷ мегузорад; ӯ аз тамоми вижагиҳои ҳунару санъати касбӣ чун як мутахассис огоҳ аст ва метавонад маҳорати ҳунарпешагону санъаткоронро арзёбӣ ва раҳнамоӣ кунад; ӯ бисёр касбу ҳунарҳоро омӯхтаву аз худ намудааст ва метавонад, масалан, дар сари фармони булдозер ё эксватор нишинад ва бо камоли кордонӣ онҳоро идора кунад; ӯ маълумоти хубе аз хоҷагии қишлоқ, агрономӣ, заминдорӣ, боғу токпарварӣ, шоликорӣ, асалпарварӣ, зироаткорӣ ва сойири касбу кори кишоварзӣ дорад ва аз ин маълумот дар сарварии худ истифода мекунад; ӯ огоҳии хубе аз бинокорӣ, роҳсозӣ ва коммуникатсия дорад ва ин ҳама дар бунёдкориҳои кишвар раҳнамои ӯянд; ӯ хотираи аҷиб дорад, тамоми шахсиятҳо, беҳтарин мутахассисони соҳаҳои гуногун, ҳунармандону соҳибкорони номдор, роҳбарону мутахассисони варзидаро ном ба ном медонаду мешиносад ва пайваста бо онҳо алоқа доштаву аз касбу корашон огоҳ аст, ки ин боиси дилгармии онҳост; ӯро падари миллат меноманд ва ин танҳо барои он нест, ки ӯ Сарвари кишвар аст, балки воқеан ӯ падари тамоми бепадарону ятимону маъюбон ва камбизоатон аст, аз ҳоли онҳо огаҳ буда, дасти кӯмаку навозишаш бар сари онҳо мерасад ва тамоми ятимон мегӯянд: мо ятим нестем, зеро падар дорем ва падари мо Эмомалӣ Раҳмон аст; ӯ мардест, ки бо хоксорию фурӯтанӣ раҳ бо водии қалбҳо гирифтааст.” (Аз китоби “25 корнома, ташаббус, дастовард, падида, бунёдкорӣ, иқтибосҳо бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон”, Душанбе, нашриёти “Ҳотамиён”, с.2016). |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.