АРҶГУЗОРӢ БА ЗАҲМАТИ ОМӮЗГОРОН5-10-2016, 16:23
Хабарро хонданд: 283 нафар
Назарҳо: 0
Ба ифтихори иди касбии муаллимон дар кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии ба номи М.С. Осимӣ чорабинии идона доир гаридид. Паёми шодбошии сарвари кумиҷроияи ибтидоӣ, номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Сангиноваро муовини директор оид ба тарбия Фаррух Аминов ба самъи ҳозирин расонид. Дар он аз ҷумла омадааст, ки илму маориф дар ҳама давру замон нишони тамаддун ва таъриху фарҳанги ҳар як давлату миллат мебошад. Дар иртибот ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба нақши омӯзгор ва дурнамои соҳаи маориф дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус зикр намуданд: «Бори дигар таъкид менамоям, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд». Боиси ифтихор аст, ки иди касбии омӯзгорон, ки такягоҳи асосӣ ва тарғибгарони боэътимоди сиёсати давлату Ҳукумат маҳсуб меёбанд ва ҷашни Рӯзи забони давлатӣ ба рӯзҳое рост омад, ки мардуми шарафманди кишвар ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд. Сипас як қатор устодон барои меҳнати шоён ва ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи раёсати донишкада сарфароз гардонида шуданд. Донишҷӯён бо барномаҳои рангини адабиву бадеӣ аз ҷумлаи намоишномаи «сӯҳбати тасодуфӣ», шеъру суруд, саҳначҳои ҳаҷвӣ хотири аҳли нишастро шод намуданд. Ҳофизи мумтоз Низомҷон Азимов бо сурудаҳои худ фазои чорабиниро рангинтар сохт. Бо ҳамин чорабинӣ анҷом ёфт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.