Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Истиқлолият ба мо чӣ дод?

Истиқлолият ба мо чӣ дод?

7-09-2016, 11:54
Хабарро хонданд: 179 нафар
Назарҳо: 0
Истиқлолият ба мо чӣ дод?

Пурсиши афкор

Мардуми сарбаланди вилояти Суғд бо шукрона аз сулҳу Ваҳдати миллӣ ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол мегиранд. Дар ин радиф фикру мулоҳизаи эшон нисбати соҳибистиқлолии ватани азизамон мавриди назар аст.
Неъматбой Олимов, кишоварз, сокини ноҳияи Исфара
-Истиқлолияти давлатӣ ба деҳқонон низ роҳи васеъ кушод. 25 сол аст, ки марди деҳқон бо назардошти талаботи бозор зироати дилхоҳашро кишт мекунад.
Ман дар хоҷагии кооперативӣ- тиҷоратии «Тухмипарварии Чоркӯҳ» фаъолият дорам. Мо асосан ба парвариши зироатҳои ғалладонаву полезиҳо машғулем. Боиси тазаккур аст, ки Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба ба хоҷагии мо ташриф оварда, фикру мулоҳиза ва маслиҳатҳои судмандашонро оид ба ривоҷу равнақ додани корҳои деҳқонӣ ба мо ибюроз доштанд. Аз ҷумла, таъкид карда буданд, ки аз заминҳои хоҷагии мо ғалладонагиҳоро на кам аз 500 сентнер рӯёнидан мумкин аст. Баҳри иҷрои ин дастури Роҳбари давлат мо соли равон тамоми чораҳоро андешидем. Гуфтаҳои Пешвои миллат дуруст баромаданд. Аз навъҳои серҳосили гандуми «Краснодар-99», «Гавҳар», «Москилёвск» зиёда аз 600 сентнерӣ ҳосил гирифтем.
Аҳрулло Саидов,
иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ:
-Шукронаи Офаридгор мекунам, ки синнам ба домани 100 мерасад. Тӯли ин солҳо бисёр пастиву баландиҳои зиндагӣ, талхиву шириниҳои онро паси сар кардаму чашидам. Хусусан, ба ману ҳамсолонам, ки азобу уқубати ҷанги хонумонсӯзро кашидаем, аз тинҷию амонӣ дида авлотар чизе нест.
Мо инро на танҳо дар набард бо фашистон, ҳамзамон рӯзҳои ҷанги бародаркуш дар кишварамон низ санҷидем. Воқеан ҳам, Хуҷанди мо ҷанги нангини бародаркушро надид, аммо, тундбоди он дар шакли камчинии ғизои асосӣ барои инсон, нон омада расид. Шукр, ки Худованд ба сари давлат фарзанди асилу ҷонсӯз Эмомалӣ Раҳмонро овард, ки бо ҷонфидоиҳои худ ба оташи ҷанги бародаркуш хотима бахшид. Ба сарзамини мо аз нав сулҳу амонӣ омад. Имрӯз ҳаёти хуррамона ба сар дорам. Мо мӯйсафедонро давлати пирӣ насиб аст. Бо ғамхории ҳаматарафаи ҳукумат фаро гирифта шудаем. Дуои онро мекунам, ки тинҷию амонӣ ҳамеша ҳукмрон бошад.
Мӯъминҷон Бобоев,
меъмор
-Баъди соҳибистиқлолии худро эълон доштани ҷумҳуриамон ба мо меъморон имкониятҳои фарохе, дар эҷоди лоиҳаҳои нави миллӣ фароҳам омад.
Ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ меъморони вилояти Суғд корҳои зиёдеро дар самти таҳияи лоиҳаҳои гуногуни ҷавобгӯ ба замони муосир анҷом доданд. Яке аз онҳо маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Истиқлол дар шаҳри Хуҷанд, рӯ ба рӯи ду донишгоҳи азими вилоят ДДХ ва ДДҲБСТ қомат афрохта истодааст. Муаллифи лоиҳа Равшанҷон Собиров кӯшидааст, онро бо тахайюлоти хоса ва риояи анъанаҳои миллии меъморӣ таҳия созад. Он иборат аст, аз таҳхона, ки дар он осорхонаи даврони соҳибистиқлолӣ ҷой дода мешавад, дар баландии 53 метр бошад, майдони тамошои шаҳр ба масоҳати 400 метри мураббаъ бунёд мешавад, ки минбаъд шаҳрвандон аз болои он истода шаҳрро тамошо мекунанд.
Айни ҳол меъморони мо лоиҳаи азими сохтмони бинои нави маъмурияти Донишгоҳи давлатии Хуҷандро, ки иборат аз 13 ошёна ва толори маҷлисгоҳ барои 1300 ҷойи нишаст аст, ба итмом расонида истодаанд.
Татьяна Берест, собиқадори меҳнат:
-Ман ибтидои солҳои 80-уми қарни гузашта аз шаҳри Орски Федератсияи Русия ба Тоҷикистон омадам. Дар заводи «Садаф»-и шаҳр то солҳои 90-ум кор кардам. Имрӯз бошад, дар нафақаам.
Солҳои 90-уми асри гузашта бисёре аз ҳаммиллатони ман ба сарзминҳои аҷдодиашон кӯч бастанд. Ман бошам, ба худ қарор додам,ки ҳеҷ куҷо намеравам. Тоҷикистон Ватани дуюми ман аст, зеро, беҳтарин солҳои умрамро дар ин ҷо сипарӣ кардам.
Боиси хурсандӣ аст, ки баъди хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ин сиёсати инсондӯстонаро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собитқадамона идома дода истодааст.
Шӯҳратҷон Юлдошев,
соҳибкор:
-Соҳибкорӣ меваи замони Истиқлолият аст. Боиси тазаккур аст, ки рушди соҳибкориро Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди иқтисодиёти Ватан номида, нисбати мо соҳикборон дастгириҳои зиёде зоҳир менамоянд. Ҷавобан ба дастгириву пуштибониҳои Пешвои миллат, орзу доштам, ки ба ҷашни мубораки 25 солагии кишвар ягон иншооти азиме бунёд намоям. Ниятам кӣ нек буд, Худованд ба он расонд. Як бинои 11 ошёна иборат аз 54 ҳуҷраву ду ошёна ва таҳхона барои маркази савдову хитзматрасониро дар арафаи иди саиди мамлакат бо иштироки роҳбарияти вилояти Суғд дар вазъияти тантанавӣ ба истифода додем.
Собирҷон Собиров, табиб:
-Мо табибони замони соҳибистиқлолии Ватан ҳастем. Дар вилояти Суғд, «Соли 2016 –Соли фарди солим» эълон шудааст, ки дар доираи татбиқи барномаи он даҳҳо муассисаҳои тиббӣ таъмиру бунёд ва таҷҳизотҳои нав ба нав харидорӣ мешаванд. Дар Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд, ки дар он ҷо фаъолият дорам, аз ҳисоби буҷет ба маблағи 2 млн. 950 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру тармим гузаронида шуд. Иловатан, наздик 10 адад таҷҳизотҳои муосири тиббӣ харидем, ки мӯҷиби беҳдошти сифати хизматрасонии тиббӣ гардид.
Гулсара Зокирзода, аъзои Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ:
-Дар замони соҳибистиқлолии кишвар нисбати баланд бардоштани мақому мартабаи зан дар ҷомеа эътибори калон дода шуд. Бо ибтикори Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд Барномаҳои давлатӣ оид ба баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа қабул ва татбиқ шуда истодаанд, ки далели гуфтаҳои болоист.
Маҳз ҳамин сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллатамон буд, ки ман аз омӯзгори қаторӣ то ба дараҷаи роҳбарӣ расидам. Дар ин радиф дар ноҳияи дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла, ноҳияи Айнӣ низ занону духтарон дар вазифаҳои пармасъул фаъолият доранд.

Мусоҳиб Мирзоаъзам Мақсудов,
мухбири махсуси «Минбари халқ» дар вилояти Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: