Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шиносоӣ аз ҷараёни корҳои саҳроӣ дар хоҷагии ёрирасони тухмипарварии ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Бохтар 25.08.2016 , ноҳияи Бохтар

Шиносоӣ аз ҷараёни корҳои саҳроӣ дар хоҷагии ёрирасони тухмипарварии ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Бохтар 25.08.2016 , ноҳияи Бохтар

26-08-2016, 13:46
Хабарро хонданд: 245 нафар
Назарҳо: 0
Шиносоӣ аз ҷараёни корҳои саҳроӣ дар хоҷагии ёрирасони тухмипарварии ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Бохтар 25.08.2016 , ноҳияи Бохтар


Дар ноҳияи Бохтар Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои саҳроӣ дар хоҷагии ёрирасони тухмипарварии ба номи Файзалӣ Саидов шинос шуд.

Ин хоҷагии тухмипарварӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми декабри соли 2008, ҳамчун хоҷагии зертобеъи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ресандаи Қурғонтеппа» таъсис дода шуда, алҳол дар тавозуни он 4 ҳазору 394,3 гектар замини корами обӣ мавҷуд мебошад.

Кишоварзон ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки онҳо соли равон дар заминҳои хоҷагӣ дар майдони 915,1 гектар ғалладона, 3 ҳазору 50 гектар пахта, 57,4 гектар картошка, 210,4 гектар сабзавот ва 112,9 гектар зироати хӯроки чорво кишт намуданд.

Айни ҳол дар хоҷагӣ зироати гандум, ҷав, ҷуворимакка, картошка, сабзавот ва полезӣ пурра ва беталаф ҷамъоварӣ шудааст.

Чуноне ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, имсол аз ҳар гектар кишти зироат дар ин хоҷагӣ, 50 сентнерӣ гандуму ҷав, 44 сентнерӣ ҷуворимакка, 262 сентнерӣ картошка ва 268 сентнерӣ сабзавот ҷамъоварӣ шудааст, ки ин нишондод нисбати дурнамо аз 1 то 16 фоизӣ бештар будааст.

Дар ҳудуди Хоҷагии ёрирасони тухмипарварии ба номи Файзалӣ Саидов ҳамзамон ду гектар боғ ҳам бунёд шудааст. Бо ба роҳ мондани агротехникаи дуруст ва нигоҳубини хуб, боғи навбунёд аллакай дар соли сеюмаш нашъунамои хуб намуда, хоҷагидорон дар соли оянда аз он ҳосили дилхоҳ интизоранд.


Шиносоӣ аз ҷараёни корҳои саҳроӣ дар хоҷагии ёрирасони тухмипарварии ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Бохтар 25.08.2016 , ноҳияи Бохтар


Зироати асосии дар хоҷагии деҳқонии Файзалӣ Саидов киштшаванда пахта буда, кишти он 69,4 дарсади замини корами хоҷагиро ташкил медиҳад.

Имсол ҳам таваҷҷуҳи асосӣ ба кишти ҳамин зироат равона гардида, мувофиқи дурнамо бояд 6731 тонна пахта истеҳсол карда шавад, ки он аз ҳар як гектар 21,3 сентнериро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо фаъолияти заҳматкашон бо чидани аввалин кӯрак аз ниҳолони пурбори хоҷагӣ, ба маъракаи чиниши пахта оғоз бахшид ва барои пурраю беталаф ҷамъоварӣ кардани он, дуои хайр дод.

Сарвари давлат дар ҳамин ҷо ҳамзамон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии заҳматкашони хоҷагӣ дидан кард.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: