ВАРЗИШ КАФИЛИ СУЛҲ24-08-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 288 нафар
Назарҳо: 0
Бо ибтикор ва дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар маркази ноҳия чорабини таҳти шиори « Ҷавонон ояндаи миллат» мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардид. Раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия Алиева Сураё чорабиниро ифтитоҳ намуда қайд кард, ки ҷавонон нерӯи бузурги созандаю бунёдкор, фардои миллату давлат, умеди Тоҷикистони азизи соҳибистиқлол мебошад. Роҳбари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин нерӯи бузург эътимоди бузург дошта пайваста таъкид менамояд, ки пешрафту шукуфоии минбаъдаи кишвар, пеш аз ҳама ба меҳнат, дониш, ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва нангу номуси ватандорӣ вобаста аст. Зимни баргузории ин ҳамоиш чорабиниҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои шашка, шоҳмот , дастхобонӣ, вазнбардорӣ баргузор гардида ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳои таъсисдодаи Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳия сарфароз гардонида шуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.