Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Шавкат»-и МД «Пажуҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвонии «Истиқлолият - кафили озодию осоиштагии миллати тоҷик» ҳамоиши аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.Чорабиниро Рӯзиев Муродалӣ Меҳмондӯстович, директори Пажуҳишгоҳ, аъзои фаъоли ҳизб ифтитоҳ намуда, оиди дастовардҳои соҳаи тандурустӣ, алалхусус пажуҳишгоҳ ибрози ақида карда, ҳозиринро барои зудтар расидан ба ҳадафҳои миллӣ, дар коргоҳҳо фаъолтар гардидан ва софдилона адои вазифа намудан даъват кард.
Ҳамчунин, Мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино А.Муминов зимни суханрониаш нуқтаҳои зеринро иброз намуд: «Корсозиҳои хирадмандона ва дурандеши сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи дифоъ аз манфиатҳои кишвар ва эҷоди таносубу тавозуни оқилона миёни арзишу ормонҳои миллӣ ва ниёзҳои дунёи муосир мӯҷиби афзудани эътибори байналмилалии Тоҷикистон гардид. Тоҷикистон имрӯз ба ҳайси кишвари соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта ва пазируфта шудааст. Ин дастоварди таърихист, ки ормонҳои миллии тоҷиконро ба воқеият табдил дод.»

Дар фарҷом, барои саҳми арзанда гузоштан ба таблиғу ташвиқи ғояҳои сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, ҳимояи манфиатҳои давлату Ҳукумат, дар чорчубаи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ ба роҳ мондани фаъолияти худ Парвина Казакова, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо “Ифтихорнома”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино сарфароз гардонида шуд. Ҳамчунин, ба 7 нафар кормандони Пажуҳишгоҳ, ки чанде пеш ариза барои аъзои ҲХДТ шудан, пешниҳод намуда буданд, ба ҳар яки онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супориданд.