Ҷаласаи навбатии шӯрои «Муросо»1-08-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 328 нафар
Назарҳо: 0
![]() Нахуст, гузориши масъулини ҷамоатҳои деҳоти Исфисор (Д.Домуллоева) ва Зарзамин (Н. Очилова) бобати омилҳои асосии зиёдшавии ҷанҷоли оилаҳои ҷавон баррасӣ ва мавриди таҳлил қарор гирифт. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар ҳақиқат муроҷиати шаҳрвандони ҷамоатҳои зикргардида, бобати ба эътидол овардани ҷанҷоли оилаҳо нисбати дигар маҳалҳо зиёдтар ба назар расида, каме ташвишовар мебошад. Муовини раиси Шӯро М.Ҷӯраева пешниҳод кард, ки аъзоёни шӯро бояд дар ҳамбастагӣ бо фаъолони ҷамоат дар маҳаллаҳо бо оилаҳои носолим корҳои фаҳмондадиҳии инфиродиро ҳарчи зудтар ба роҳ монда, баҳри пешгирии бекоршавии ақди никоҳ чора, тадбирҳои иловагии мушаххас андешанд. Ҳамзамон, раиси шӯрои занони ноҳия, аъзои шӯрои «Муросо» Бобоева Д.Д. зимни суханрониаш қайд кард, ки муроҷиати занони ин ҷамоатҳо доир ба расонидани кӯмаки молииявӣ, ёрии моддӣ, таъминот бо ҷои корӣ бештар ба қайд гирифта шуда, воқеан ҳам дар маҳаллаҳои мазкур ба корҳои таблиғотии усули «Хона ба хона» вусъат бахшида шавад. Аъзоёни шӯро ба хулоса омаданд, ки моҳи август ҷаласаи навбатии Шӯро дар ҷамоати Исфисор бо ҷалби васеи фаъолони ҳизб ва собиқадорон, оилаҳои носолими ба қайд гирифташуда гузаронида шуда, дар асоси таҳлилҳои амиқ бори дигар сабабҳои ҷанҷоли оилаҳо муайян карда шавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.