Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сокини Яккабоғ: ҳоким мардумро ошкоро ғорат мекунад

Сокини Яккабоғ: ҳоким мардумро ошкоро ғорат мекунад

16-07-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 162 нафар
Назарҳо: 0
Сокини Яккабоғ: ҳоким мардумро ошкоро ғорат мекунад
Дар пайи иҷро нашудани нақшаи ҳосили гандум, ҳокими ноҳияи Яккабоғи вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон дастур додааст, ки зироати деҳқононро ҳам ҷамъоварӣ намоянд.

Ҳоло бо дастури раҳбарияти ноҳия зироати сокинон зери назорати сахти кормандони пулис бо камбайн ҷамъ карда мешавад.

Ду ҳафта мешавад, ки мақомот маҷбуран гандуми коштаи сокинони деҳаҳои Самок, Бешкапа, Мунжир, Навқишлоқ, Ширинбулок ва Сероби ноҳияи Яккабоғро дар заминҳои лалмӣ медараванд.

Тавре манбаи бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ аз Яккабоғ гуфт, мақомоти маҳаллӣ барои маҷбуран ҷамъоварӣ кардани зироати сокинон наздики 40 корманди пулис ва 6 комбайнро ҷалб кардаанд.

"Бори нахуст аст, ки шоҳиди ин гуна ҳодиса мешавем. Ҳокимият ошкоро мардумро ғорат мекунад. Онҳо бо зурӣ гандумеро ҷамъоварӣ мекунанд, ки мардум бо як машақат дар заминҳои лалмӣ кишт кардаанд. Ба майдони кишт шаш комбайн сафарбар шудааст, ки дар як муҳлати кутоҳ тамоми зироати сокинонро ҷамъоварӣ намуданд. Агар деҳқоне эътироз кунад, кормандони пулис ӯро зуд латту кӯб ва шиканҷа намуда, дар мошини зиреҳпӯш маҳкам мекунанд ва танҳо баъди анҷоми ҷамъовари зироаташ раҳо менамоянд", - илова кард манбаъ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: