Нуланд: таҳримҳои зидди Русия боз 2 сол боқӣ монанд30-06-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 278 нафар
Назарҳо: 0
"Фикр мекунам, устувортарин фишангҳое, ки мо дар баробари Русия дорем, ин нигаҳ доштани таҳримҳои фарогиру амиқи ИМА ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо давоми ду соли оянда аст", - мегӯяд намояндаи баландмақоми Амрико Нуланд.
"Аз ҳамин хотир, маҳз барои он ки созишномаи Минск ба иҷро намерасад, мо исрор мекунем, то таҳримҳо тамдид шаванд", - меафзояд вай. Нуланд мегӯяд, таҳримҳо бояд ба сиёсати Русия таъсир расонанд. "Мо аз ғасби бештари ҳудуди Украина пешгирӣ кардем, хатари он ки онҳо мехостанд то Киев ва Харков пеш раванд, воқеан вуҷуд дошт", - мегӯяд Нуланд. "Акнун русҳо дар бораи мушкилиҳое, ки дар робита ба таҳримҳо ба сарашон омадааст, ошкоро суҳбат мекунанд. Мо ҳангоми кор болои созишномаи Минск ин ҳарфҳоро мешунавем. Аз ҳамин хотир онҳо медонанд, ки барои бекор кардани таҳримҳо чӣ бояд кард", - илова кардааст Нуланд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.