Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои зидди Русияро давом медиҳад11-03-2016, 15:33
Хабарро хонданд: 317 нафар
Назарҳо: 0
Сафирони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо муқаррароти қатъи дастрасӣ ба дороиҳо ва гирифтани виза барои 146 шаҳрванди Русия ва 37 ширкати ин кишварро тамдид карданд.
Бино бар қарори ИА инҳо афрод ва муассисаҳое ҳастанд, ки аз пайваст кардани Қрим ба Русия соҳиби имтиёз шудаанд ва ё ҷавобгари амалҳои зидди ягонагии қаламрави Украинаанд. Ба ин рӯйхат муовини нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин, мушовири президенти Русия Сергей Глазев ва таблиғгари асосии Кремл Дмитрий Киселев шомиланд ва акнун таҳримҳо дар нисбати онҳо боз барои шаш моҳи дигар идома хоҳанд ёфт. Ба рӯйхати муассисоти мавриди таҳримҳ чанд корхона дар Қрим ва ҳамчунин баталонҳои мухталифе шомил шудаанд, ки аз тарафи ҷудоихоҳони русгаро дар шарқи Украина тасъсис ёфтаанд. Се нафаре, ки ахиран фавтидаанд, аз ин рӯйхат берун карда шуданд. Аз ҷумла, генерал-полковник Игор Сергун, мудири собиқи Сарраёсати кашфи Ситоди кулли ФР, ки ногаҳон дар аввали соли ҷорӣ фавтид, аз ин феҳраст бароварда шуд. Ин тасмими нав дар охири ҳафтаи ҷорӣ ҳукми қонунро мегирад. Пештар Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки ин кишвар низ таҳримҳои ҳамсони худро идома медиҳад. Таҳримҳои асосии иқтисодӣ нисбати бахши энержӣ ва бонкдории Русия роҳандозӣ шуда, бояд дар охири моҳи июл тамдид шаванд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.