Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҳушдори ИМА аз ноамниҳо дар чемпионати "Евро-2016"

Ҳушдори ИМА аз ноамниҳо дар чемпионати "Евро-2016"

19-06-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 237 нафар
Назарҳо: 0
Ҳушдори ИМА аз ноамниҳо дар чемпионати "Евро-2016"Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз эҳтимоли ҳамлаи террористӣ дар замони баргузории чемпионати футбол дар Фаронса ҳушдор додааст. Амрико аз шаҳрвандонаш хостааст, ки эҳтиёткор бошанд.

Чемпионати "Евро-2016" 10 июли соли равон дар шаҳри Париж оғоз шуда, иштироки наздики ду миллион мухлису ҳаводор дар назар аст.

Дар кишварҳои Аврупо баъд аз ҳамлаҳои террористии 13 ноябри Париж, ки боис ба кушта шудани 130 одам шуд, ҳанӯз ҳам нигарониҳо дар робита ба вазъи амниятӣ вуҷуд дорад.

"Мо диққати амрикоиҳоро ба вуҷуд доштани хатари ҳамлаҳои террористӣ дар Аврупо, ки эҳтимол аст, дар чорабиниҳои бузург, маконҳои сайёҳии машҳур, марказҳои савдо ва нақлиёт сурат бигирад, ҷалб менамоем", - омадааст дар изҳороти Департаменти давлатии ИМА, ки рӯзи сешанбе нашр шуд.

Ба иттилои манбаъ, ин ҳушдор то моҳи август боқӣ хоҳад монд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: