
Кӯмак расонидан ба маҷрӯҳон камбизоатон, эҳтиёҷмандон ва собиқадорони ҷангу меҳнат ҳадафи асосии барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад, ки аз дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд. Бо ин мақсад Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат дар солгарди таъсисёбии қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёҷмандон, маъюбон ва собиқадорон, маводи хӯрока тақдим намуд. Инчунин, кумиҷроия дар назар дорад, ки ин иқдомро оянда идома диҳад.