Парчамҳои Тоҷикистонро фаврӣ аз фурӯшгоҳҳо бармечинанд8-06-2016, 13:30
Хабарро хонданд: 218 нафар
Назарҳо: 0
Воридоти парчами миллии Тоҷикистон аз Чин ва Туркия манъ шуда, намунаҳои истеҳсоли хориҷӣ ҳоло аз фурӯшгоҳҳо барчида мешавад. Масъулин мегӯянд, сифати ин парчамҳо нуқс дорад ва минбаъд парчами миллӣ дар дохил истеҳсол хоҳад шуд.
Абдуқаҳҳор Мавлонзода, сардори Шӯъбаи назорати давлатии молҳои ниёзи мардум дар “Тоҷикстандарт” дар суҳбат гуфт, “тоҷи парчамҳое, ки дар Чин ва Туркия истеҳсол мешаванд, нодуруст буда, баъзе аз камбудҳои дигар ҳам дида мешавад". Бештари тоҷирон ва харидорон мегӯянд, то ин дам аз нуқс доштани парчамҳои миллии Тоҷикистон, ки дар хориҷ тавлид мешуд, огаҳ набуданд. Саидакбар Одинаев, як фурӯшандаи фурӯшгоҳи “Олами китоб”-и Душанбе мегӯяд, парчамҳои хурду бузурги Тоҷикистон яке аз молҳои серхаридори дӯконаш буд. Вале чанд рӯз пеш кормандони Оҷонсии “Тоҷикстандарт” дӯкони вайро тафтиш карда, ҳамаи намуди парчамҳояшро ҳамчун моли ғайристандартӣ мусодира кардаанд. Парчамҳои тавлидкардаи корхонаи ватании “Суман” ба стандарти парчами миллӣ муносиб ва аз матои абрешим истеҳсол мешавад. Аммо бо сабаби каме гаронии нархаш чандон харидор надорад. Парчамҳои миллии Тоҷикистон, ки дар Чину Туркия тавлид мешаванд ва нархи арзон дорад, бозори корхонаи “Суман”-ро касод кардааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.