Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Рамз ҳастии давлат ва ифтихори миллат

Рамз ҳастии давлат ва ифтихори миллат

23-11-2015, 05:00
Хабарро хонданд: 523 нафар
Назарҳо: 0
Рамз ҳастии давлат ва ифтихори миллат
Инсоният дар таърихи тӯлонии хеш вобаста ба вазъу ҳолатҳои гуногун ва печида ба ҳадафҳо ва азму иродааш рамзҳои зиёдеро эҷод ва корбаст намудааст. Дар ин миён парчам ҳамчун рамз таърихе рангитару деринтареро доро мебошад. Бостоншиносон истифодаи онро ҳанӯз солҳои то милод муайн намудаанд. Парчам бо гузашти айём ҳамчун рамз ончунон мавқеъи устувор кардааст, ки имрӯз ҳеҷ як давлатеро наметавон бидуни он тасаввур кард.

Муҳаққиқон ҳамчунин муайян намуданд, ки барои рамзи давлатӣ пазируфта шудани парчам ҳарбиён ва ҳарбу зарби онҳо сабабгор гащтааст. Аз аҳди бостон парчам, ифодагари маркази лашкар, мавқеи сарлашкар ва нерӯбахшу ҳидоятгари сарбозон ба пирӯзӣ будааст. Парчамдор аз ҳисоби сарбозони далеру шуҷоъ ва матинирода пазируфта мешуд. Парчам ифодагари шарафу қудрат ва нангу номуси лашкар буд. Забти парчами ҳар як лашкар аз ҷониби лашкари дигар маънои пирӯзӣ бар онро дошт. Фориғ аз сафкашию ҳарб парчами лашкар ба таври доимӣ аз ҷониби гурӯҳе аз сарбозон назорат ва ҳимоят мешуд ва ин анъана то ба имрӯз боқӣ мондааст.

Рамз ҳастии давлат ва ифтихори миллат«Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ як василаи баёнгарӣ парчам ва парчамдории мардуми далеру шуҷои тоҷик мебошад. Бино ба нуфиаҳои муаллифи «Шоҳнома» Коваи оҳангар аз зулму истибдоди Заҳҳоки Морон, ки дар радифи ҷавонони зиёди кишвар ҳабдаҳ писари ӯро низ тӯъмаи моронаш карда буд, ба дод омада, ба рағми ин шоҳи хунхор мешӯрад ва пешбанди чармии хешро бар сари найза кашида, халоиқро ба шӯриш даъват мекунад ва ба пирӯзӣ мерасад. Ба ин васила шоҳ Фаридун ба сари тахт меояд ва он пешбанди Коваи музаффарро «Ковиёнӣ дурафш» (дурафши Ковиёнӣ) мехонаду бо зару зевар меорояд ва муқаддас медонад. Бояд гуфт, ки дурафш (шакли дигараш дирафш) аз муродифҳои бостонии парчам аст.

Таърихнигорон овардаанд, ки дурафши ковиёнӣ солҳои сол мояи ифтихору ғурур ва илҳомбахши пирӯзиҳои ворисони Фаридун будааст ва ниҳоят, арабҳои истилогар ва тамаддуншикан онро ҳангоми ҳамла ба Эронзамин ба яғмо бурдаанд.

Баъд аз ин ҳодисаи басо ҷолиби таърихӣ парчам ба рамзи пирӯзӣ ва пасонтар ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфт. Ва ҳар шахсе, ки ба қудрат мерасиду кулоҳи сарварӣ ба сар мениҳод, парчамро азиз медошт ва баланд меафрохт.

Яъне, ба тадриҷ шоҳон дирафши ковиёниро боз ҳам оростатару мунаққаш кардаанд, то ба ҷое ки дар шаби тор ба гунаи хуршед медурахшид ва ба мардум фараҳу умед (баҳри пойдории давлат ва адлу адолат) эҳдо мекард.

Аслан, парчам дар саросари ҷаҳон рамзи маъруфу бостонист. Дар «Энсиклопедияи Советии тоҷик» (ҷ. 1, Душанбе, 1978, саҳ. 352-353) оварда шудааст, ки парчам «рамзи синф, миллат, ягонагии ҳарбӣ, партиявӣ, динӣ ва ҷамъиятии ташкилотҳои гуногун» мебошад ва илова шудааст: «Байрақ матои якранга ё бисёрранга мебошад, ки нишони махсус дорад: як тарафи он ба чӯбдаста часпонда мешавад».

Мувофиқи маълумоти ин сарчашма, чунон ки дар аввал таъкид намудем, сароғоз парчам бештар чун рамзи нерӯю тавоноӣ, лашкаркашию кишваркушоӣ пазируфта шудааст. Дар ҷанги байни юнониҳову форсҳо (асри 5-и то милод), юришҳои хилофати араб, муборизаи суғдиёни диловар бар зидди аҷнабиён, амалиёти ҳарбии Сомониён, Ғазнавиён, муғулҳо, Темуриён, Манғитиён ҳар лашкар парчами афрохтаи худро доштааст. Барои дар сафи пеши лашкар устувор доштани парчам силоҳии далеру нерӯманде баргузида мешуд, ки ӯро маъмулан аламдор (парчамдор) меномиданд ва ин аз вазифаҳои ифтихории ҳар силоҳии ватандӯсту ҷавонмард буд.

Бояд гуфт, ки дар фарҳангу луғатномаҳо ва дар осори бадеӣ муродифҳои зиёди вожаи парчам истифода шудаанд, ки аз ин миён шаш вожаи зерин бештар маъруфанд: дирафш (дурафш), алам, ливо, байрақ, парчам, роят.

Вожаи сермаъною тоҷикиасли дирафш аз куҳантарин муродифҳои парчам мебошад ва пас аз он дар адабиёти классикиямон вожаи арабии алам дар истифода бартарӣ ёфта, дар осори боқимондаи устод Рӯдакӣ ба сифати муродифи парчам вожаҳои алам, дирафш ва роят омадааст.

Маъмултарин муродифи парчам дар адабиёти классикиямон вожаи алам аст. Ибораҳои алам барафрохтан (пайдо шудан), алам баркашидан (парчам бардоштан), алам баровардан, алам берун задан (пайдо шудан), алам гардидан, алам шудан (машҳур гаштан) ва амсоли инҳо дар иртибот ба маънои аслии алам (парчам) таҳия шудаанд. Пас аз Инқилоби Октябр (1917) дар силсилаи муродифҳои парчам вожаи туркии байрақ афзалият пайдо кард. Ибораҳои байрақи сурх, Байрақи Октябр, байрақи зафар, Байрақи сурхи меҳнат зуд маъмул гаштанд. Устод Турсунзода нахустмаҷмӯаи осори хешро «Байрақи зафар» (1932) номид, устод Лоҳутӣ достоне бо номи «Тоҷ ва байрақ» навишт.

Вожаи парчам дар аҳди Шӯравӣ дар Тоҷикистон чандон мавқеъ надошт. Вожаҳои муродифии дирафш (дурафш) ва парчам вожаҳои ноби тоҷикӣ мебошанд ва аз вожаҳои байрақ, алам, ливо ва роят бо ҳамин вижагии умдаашон бартарӣ доранд. Ҳоло вожаи дирафш хеле камистеъмол аст ва то ҷое архаистӣ шудааст.

Чун кишвари маҳбубу арҷманди мо - Тоҷикистон ба истиқлол расид, дар радифи масоили дигар зарурати таҳияву таъйини рамзҳои давлатӣ пеш омад. Вакилони мардумӣ дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли масъулият дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ – Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ дар сари пазириши тарҳу намуди Парҷами давлатии Тоҷикистони тозаистиқлол баҳс оростанд, табодули афкор карданд, мулоҳизоти мутахассисонро ба инобат гирифтанд ва ниҳоят, «Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Ҳамин тавр, 24-ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамзи давлатӣ ва соҳибистиқлолии худ - Парчами давлатӣ гардид. Вакилони мардумӣ барои ифодаи номи ин рамз аз байни силсилавожаҳои муродифӣ маҳз вожаи қадимию тоҷикии парчамро пазируфтанд ва ба ин васила боз як нобвожаи тоҷикиро эҳёву сари забонҳо намуданд ва дуруст ҳам карданд, вале фарҳангҳои мӯътабар гувоҳ бар онанд, ки вожаи парчам ба маънӣ аз вожаҳои дирафш ва аламу ливо андаке дигаргуна аст ва дар адабиёти классикии мо хоса ба маънии дирафш (алам) корбаст нашудааст. Мисол, дар «Ғиёсуллуғот» ин вожа (парчам) чунин тавзеҳ пазируфтааст: «чизест, ки аз абрешими сиёҳ тайёр сохта бар сари алам банданд» («Ғиёсуллуғот», ҷ.1 Душанбе: «Адиб», 1987, саҳ. 163). Муаллифи «Бурҳони қотеъ» - Муҳаммадҳусайни Бурҳон низ наздик бар ҳамин маънӣ ишора мекунад: «парчам чизе бошад сиёҳу мудаввар, ки бар гардани найза ва алам банданд» («Бурҳони қотеъ», ҷ. 1, Душанбе: «Адиб», 1993, саҳ. 227). Устод Айнӣ вожаи мавриди назари моро ба гунаи ниёгони суханшиноси хеш тафсир бахшидааст: «парчам шилшилаест, ки бар гардани байрақ ва найза банданд» (С. Айнӣ «Куллиёт», ҷ. 12, Душанбе: «Ирфон», 1976, саҳ. 228). Маъникушоии вожаи парчам дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (Москва: «Советская энциклопедия», ҷ. 2, саҳ.42) ба гунаи зер сурат гирифтааст: «пӯпаки абрешимӣ, мӯй ва думи гови кӯҳӣ (қутос), ки ба нӯги байрақ ё найза мебастанд». Яъне, ҳама уқдакушоёни мумтози маънӣ бар онанд, ки парчам на дирафш (алам, ливо…), балки матои шилшилагунаи дарозест, ки дар нӯги дирафш ҳамоил созанд ва дар иртибот ба ин маънии парчам ба тариқи маҷозсухантирозон зулфи ёрро парчам гуфтаанд.

Вале аз ин ҳама тобиши дигаргунаи вожаи парчам боке не. Муҳим он аст, ки ин вожа соф тоҷикист ва бо дирафш иртиботи қавӣ дорад, аз ибтидо як ҷузъи такмилбахши дирафш будааст ва ин иртиботу такмилбахшӣ то ба ҳадде расида, ки тадриҷан вожаи парчам ифодагари маънии дирафш (алам, ливо…) гардидааст ва имрӯз, хушбахтона, муродифҳои туркию арабии худро мағлуб намуда, ба пирӯзии комил расидааст. Чунин ҳодиса (доманкустарии маънии вожаҳо) дар таърихи забони мо ҳодисаи маъмул аст, то ба ҳадде ки баъзан ин ё он вожа бо мурири замон маънии аслии худро тамоман фурӯ гузошта, маъние мепазирад, ки ба тамоми дигар аст ва ҳеҷ пайванде, ҳамоҳангие бо маънии асл надорад. Тафсири ин ҳодиса бо далелҳо ин маврид суханро ба дарозҳо хоҳад кашид ва онҳое, ки майл доранд, метавонанд рӯй бар дастурҳои забоншиносӣ биёваранд.

Пас аз таҳия ва баррасӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-майи соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба зери Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузошт. Боби дуюми ин қонун «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном гирифтааст ва аз ду модда (1. Тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2. Ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) иборат мебошад.

Дар қонуни мазкур тамоми қоидаҳои марбут ба муносибат ба Парчами давлатӣ ва истифодаи он муайян шудааст. «Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошад.

Рамз ҳастии давлат ва ифтихори миллат
Парчами давлатии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он бо рахи поёнии сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз раҳҳои ранга аст. Рӯи рахи сафед, дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира кашида шудааст. Мутобиқати бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

Рамз ҳастии давлат ва ифтихори миллатТоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷа ҷой дода шудаанд, ки паҳлӯи амудиаш 0,8 ва паҳлӯи уфуқиаш 1,0-и паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша ба доираҳои қутрашон 0,15 ва ба қавси радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед кашида мешаванд.

Тоҷ, ки баландиаш баробари 0,55 паҳнои рахи сафед аст, дар пояаш ба қавси радиусаш 1,2 бар рахи сафед қатъ мешавад. Чор унсури камоншакл, ки тоҷро зеб медиҳанд, дар мобайн бо як қисми доира оро меёбад, ки қутри он баробари 0,2 бар рахи сафед мебошад.

Тоҷ дар Парчами Тоҷикистон нишон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилият, ҳафт ситора ишора ба ҳафт иқлими ҷаҳон, ҳафт бародарон, ҳафт қабати осмон мебошад.
Ранги сурх – рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед – рамзи бахту иқболи сафед, нияти неки халқамон ва ранги сабз – рамзи саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ баҳри сарсабзиву хуррамии кишвар мебошад
».

Соли 2009 бо ибтикори Президенти мамлакат 24-ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак минбаъд ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад. Ин рӯз собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла Парчами давлатист. Парчаме, ки ҳастии давлати моро, ифтихори миллии моро ифода мекунад, парчаме, ки гувоҳи барҷастаи истиқлолияти давлатии мо, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ору номуси ватандории мост.

Сарвари кишварамон дар бораи Парчами давлатӣ бо камоли эҳтирому эътиқод чунин иброз доштааст: «Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдори муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад». Дар парчами кишвар таҷассуми ватандӯстиву ватанпарастӣ, шуҷоату далеру рафоқат, сулҳу ваҳдат, ғурури ватандорӣ ва ҳимояти марзу бум мавқеи барҷаста дорад. Таҳти ҳамин парчам халқи тоҷик истиқлолияти хешро устувору пойдор сохт ва ваҳдати миллӣ расид. Таҳти ҳамин парчам халқи тоҷик пайваста созандагӣ мекунад ва дар эъмори давлати дунявию ҳуқуқбунёд ба комёбиҳо мушарраф мегардад.

Ид муборак ба мардуми инсондӯсту меҳанпарвари Тоҷикистонам.
©Аъзои ҲХДТ, Асомадинов М.А., омӯзгори калони кафедраи Фалсафа ва сиёсатшиносии ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: