Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқоти дастурдиҳӣ

Мулоқоти дастурдиҳӣ

31-05-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 397 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқоти дастурдиҳӣ
Тибқи нақшаи чорабиниҳои моҳи майи соли равон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва рузи ҳифзи кӯдакон - 1 июн шуъбаи кор бо занон якҷоя бо Шурои духтарони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо дастпарварони мактаб-парваришгоҳи шаҳри Бустон мулоқоти дастурдиҳӣ баргузор намуд. Мақсад аз баргузории мулоқоти дастурдиҳии аъзои Шӯрои духтарон интарбияи дастпарварон, ҷалби онҳо ба забономӯзӣ ва илму касбомузӣ, инкишофи ҳисси ватандустӣ ва ифтихори миллӣ, шинос намудани онҳоаз ҳаёти донишҷуӣ, фаъолгардонӣва дуруст ба роҳ мондани нақша ва реҷаи корӣ, омодагиҳо ба раванди таҳсил дар донишгоҳ, риояи дуруст ва бемайлони қоидаҳои машғулиятҳои беруназдарсӣ иборат буд. Ҳамзамон, духтарони Шуро таҷрибаҳои худро оид ба дуруст истифодабарии воситаҳои алоқа, аз ҷумла телефонҳои мобилӣ, шабақаҳои интеретӣ баён намуда, қайд карданд, ки дар оянда бояд онҳо ҳамеша мақсаднок истифода бурда шаванд. Ҳамзамон, иштирокчиёни чорабинӣ мисолҳои мушаххасро оид ба ҳодисаҳои ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундравро баён намуда, ҷиҳати пешгирии ин падидаҳои номатлуб як қатор дастуру пешниҳодҳои тарбиявиро тавсия намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: