Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ӯзбекистон бозии футбол бо Қирғизистонро бекор кард

Ӯзбекистон бозии футбол бо Қирғизистонро бекор кард

28-05-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 310 нафар
Назарҳо: 0
Ӯзбекистон бозии футбол бо Қирғизистонро бекор кард
Бозии дӯстонае, ки миёни тимҳои футболи Қирғизистону Ӯзбекистон 2 июн дар Тошканд дар назар буд, бе эълони сабаб аз ҷониби Ӯзбекистон бекор карда шудааст. Бозӣ бояд дар майдони "Бунёдкор"-и Тошканд баргузор мешуд. Иттилоъ дар бораи бозӣ 13 май пайдо гардид, аммо бо гузашти як ҳафта ҷониби Ӯзбекистон аз баргузории ин бозӣ худдорӣ кард.

"Мо аз ҷониби Ӯзбекистон мактуби расмӣ гирифтем, ки бозӣ баргузор нахоҳад шуд. Ба ҳамин хотир тамрини тими мо, ки бояд 23 май шуруъ мешуд, ба 28 май кӯчонида шуд. Ба иттилои дабири кулли федератсияи футболи Қирғизисон Достон Конокбоев, бо сабаби норасоии вақт барои муайян кардани рақибони нав дар моҳи июн бозиҳои дӯстона баргузор нахоҳанд шуд. Сарфи назар аз ин бозигарони тими Қирғизистон тибқи нақша тамрин хоҳанд кард", - хабар медиҳад котиби матбуотии Федератсияи футболи Қирғизистон Наталя Угрюмова.

Баъдтар маълум шуд, ки Ӯзбекистон 2 июн дар Тошканд бо тими Гвинеяи Экваторӣ бозӣ мекунад.

Бекор шудани бозӣ миёни ду тими Осиёимиёнагӣ мавҷудияти ангезаҳои сиёсиро ба бор овардааст. Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли ҷорӣ дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон низоъи марзӣ рух дода буд.

18 май Қирғизистон узвияташро дар Бунёди байналхалқии наҷоти Арал, ки яке аз аъзои ин Бунёд Ӯзбекистон аст, бекор кард.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: