Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар зодгоҳи Муҳаммад Иқбол

Дар зодгоҳи Муҳаммад Иқбол

20-05-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 314 нафар
Назарҳо: 0
Дар зодгоҳи Муҳаммад Иқбол
Раҳовард
Вақт

Мардуми мо ҳангоме ба ягон иқдоми наҷиб даст зананд, хулосаашонро аз натиҷаи он бо як ифода баён мекунанд: "Вақт нишон хоҳад дод"…
Аммо соат бо вақти Душанбе ва Лоҳур як аст. Агар дар Душанбе соат 10:00 бошад, дар Лоҳур низ чунин аст. Баръакс, масалан бо вуҷуди наздикии масофа миёни Кобул ва Душанбе 30 дақиқа фарқ мекунад.

Лоҳур бародаршаҳри Душанбе

Ифтитоҳи хати сайри ҳавопаймо дар масири "Душанбе-Лоҳур-Душанбе" дар рӯзҳое ба вуқӯъ пайваст, ки аз замони аҳди бародарӣ бастани ин шаҳрҳо 40 сол пур мешавад ва ҳамзамон дар Тоҷикистон ба амалӣ намудани тарҳи CASA-1000 омодагӣ мегирифтанд.

Парвози нахустин ба самти Душанбе-Лоҳур санаи 6-уми майи соли равон бо ибтикори Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" тавассути ҳавопаймои "Боинг 737-900" сурат гирифт. Ҳайати рӯзноманигорон ва масъулини ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон аз ҷумлаи мусофирони нахустини ин хати сайр буданд.

Ҳамин тавр, орзуи деринаи тоҷирону сайёҳони тоҷику покистонӣ амалӣ гардид-парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Покистон дубора барқарор шуд. Ҳарчанде солҳои навадуми асри гузашта ҳафтае як маротиба аз пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри бандарии Карочии Покистон ҳавопаймо парвоз мекард, аммо бо сабаби кам шудани теъдоди мусофирон ин хати сайр аз фаъолият бозмонд. Акнун бо гузашти вақт дубора ба сайёҳону тоҷирони ду ҷониб имкон пайдо шуд, ки ба кишварҳои ҳамдигар сафар карда, дар рушди сайёҳӣ ва таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ саҳм гузоранд.

Дар маросими ифтитоҳ, ки пеш аз парвоз баргузор шуд, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро ин рӯйдоди фараҳбахшро ба мусофирони нахустин муборакбод гуфта, зикр намуд, ки то имрӯз сафари шаҳрвандони Тоҷикистону Покистон ба кишварҳои ҳамдигар бо харҷи зиёду вақти бештар тавассути мамлакатҳои дигар сурат мегирифт. Акнун мусофирон метавонанд бе мушкилӣ аз ин хати сайр истифода баранд ва дар муддати 1 соату 40 дақиқа ба ватани худ расанд.

Ба андешаи вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода, ифтитоҳи хати сайри нав имкон медиҳад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути он ба баҳр бароянд ва ба ин васила ба ҷаҳон роҳ ёбанд. Мусофирони покистонӣ низ минбаъд метавонанд тариқи транзит бо ин хати сайр дар муҳлати кӯтоҳ ба Аврупо сафар кунанд.

Ба қавли директори тиҷоратии ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" Эъҷоз Хон, парвоз дар ин масир ҳафтае ду бор - рӯзҳои душанбе ва ҷумъа сурат хоҳад гирифт. Арзиши билети ҳавопаймо 1600 сомонӣ аст. Дар оянда ширкат ният дорад, ки миёни Душанбе ва шаҳрҳои Исломободу Карочии Покистон низ парвозҳоро ба роҳ монад.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид аз ин рӯйдоди фараҳбахш изҳори хушнудӣ намуда, зикр кард, ки тибқи дастури Роҳбари давлат мубодилаи мол миёни ду ҷумҳурӣ , ки феълан 100 миллион долларро ташкил медиҳад, бояд ба 500 миллион доллар расонида шавад.

Дарвозаи Тоҷикистон ба сӯи баҳр

Хонандаи закӣ аллакай пай бурд, ки сухан дар бораи рушди минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Покистон меравад. Ёдовар мешавем, ин масъала тирамоҳи соли 2015 зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф баррасӣ шуда буд ва дар анҷоми музокироти расмӣ ҷонибҳо созишномаҳои нави ҳамкориро ба имзо расониданд.

Дар ин мулоқот Навоз Шариф гуфта буд, ки Покистон омода аст дарвозаи Тоҷикистон ба роҳҳои баҳрии ҷануб бошад.

Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон густариши ҳамкории гуногунҷанба ва таҳкими равобити хуб бо Ҷумҳурии Исломии Покистон яке аз самтҳои асосии муносибатҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад ва барои кишвари мо имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи он дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом муҳим арзёбӣ мегардад.

Навоз Шариф дар ин мулоқот бинобар норасоии зиёди нерӯи барқ дар кишвараш ба тезонидани корҳо барои кашидани хати барқи CASA-1000 мароқ зоҳир намуд.

Бо тасмими ду ҷониб ояндаи наздик миёни Тоҷикистон ва шаҳрҳои Исломобод, Лоҳур, Қарочӣ, Файсалобод ва Квейтаи Покистон бояд хати сайрҳои ҳавоӣ кушода шаванд.

Роҳ ба Ҷануб

Шабона, вақте ҳавопаймо баъди 1,5 соати парвоз болои Лоҳур ба замин наздик мешуд, чашмам ба навиштае бо ҳарфҳои рӯшану калон бо забони англисӣ афтод: "Фурудгоҳи байналмилалии Аллома Муҳаммад Иқбол".

Ман, ки дер боз дар як гӯшаи дил орзуи зиёрати оромгоҳи ин Алломаи бузурги Шарқро доштам, беихтиёр ба ёди он ситораи дурахшони осмони тафаккур ва ҳикмат афтодам.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ аз поягузорони тафаккури нави исломӣ буд ва дар бедории зеҳнии мусалмонон хидматҳои беназир анҷом додааст. Ӯ, ки таҳсилкардаи Аврупо буд, пешрафти ин қораро аз чароғи илму дониш медонист. Ин мутафаккири бузург бо шинохти воқеии ҷомеаи Ғарб дарёфт, ки аврупоиҳои зирак ва ҷоҳталаб бо мақсади рушду шукуфоии ҷомеаҳои худ аз осор ва ҳикматҳои созандаи шарқиён фаровон истифода кардаанд.

Қуввати Мағриб аз илму фан аст,
В-аз ҳамин оташ чароғаш рӯшан аст…


Ҳарорати ҳаво 25 дараҷа буд. Дар ин ҷо низ мусофирони рейси нахустинро хуб истиқбол гирифта, ба муносибати ифтитоҳи хатсайри нав суҳбати гарму самимӣ доир шуд. Нотиқон зимни суханронии дар ҳузури хабарнигорони тоҷику покистонӣ аҳамияти робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Покистонро нек арзёбӣ карданд.

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов иттилоъ дод, ки Лоҳур шаҳрест қадима ва дорои таърихи бою ёдгориҳои таърихӣ. Ин шаҳр маркази маърифату фарҳанги Покистон аст.

Лоҳур аз ҷумлаи шаҳрҳои сернуфустарини Покистон буда, зиёда аз 10 миллион аҳолӣ дорад ва имрӯз яке аз шаҳрҳои саноатии ин кишвар маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ ифтитоҳи ин хати сайр боиси рушди ҳамкориҳои соҳибкорони тоҷику покистонӣ хоҳад гашт. Ин шаҳр аз пойтахти Покистон-Исломобод дар масофаи 250 км дур ҷой гирифтааст. Барои ҳамватанони мо сафар ба Тайланду Малайзия, Япония ва дигар кишварҳои Осиё, инчунин ба Аврупо бо ин роҳ арзону осон аст.

Лоҳур дар масири таърих

Ин шаҳр таърихи қадимӣ дошта, бино ба маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ солҳои 1799-1848 пойтахти давлати сикҳҳо буда, соли 1848 англисҳо онро тасарруф кардаанд.

Аз даврони ҳукмронии англисҳо то имрӯз иншооти зиёде боқӣ мондаанд, ки бо услуби хоси меъмории ҳиндумавританӣ сохта шудаанд. Донишгоҳи Панҷоб (1882), варзишгоҳи Фортес Стадиум, Маҷмааи Суди Олӣ (1874), Коллеҷи давлатӣ (1864) ва ғайра мисоли барҷастаи ин ёдгориҳои таърихианд, ки Лоҳурро ҳамчун маркази туристии Покистон муаррифӣ мекунанд. Сайёҳону меҳмонон бештар хоҳиши тамошои Қалъаи бостонии Лоҳурро доранд. Ин қалъаи таърихӣ дар майдони 20 гектар доман паҳн кардааст. Он дар охири асри ХII бунёд шудааст, ки ҳамчун қасри подшоҳии Муҳаммади Ғурӣ маҳсуб мешуд. Ин қалъа, мавриди бисёр ҳамлаю задухӯрдҳои шадиди истилогарон қарор дошта, борҳо харобаҳои он таъмиру тармим гардидааст. Ахиран лоиҳаи қалъа аз ҷониби Акбаршоҳ аз реги сурху хишти пухта такмил дода шудааст.

Ба қалъа ба воситаи Дарвозаи оламгирӣ ворид шуда, бо тамошои масҷиди Моти ("Гавҳар масҷид"), "Шишмаҳал", Осорхонаи аслиҳа, Девони хос ва Девони ом ба умқи таърих фурӯ меравед.

Вақте вориди яке аз ҳуҷраҳои қалъа мешавед, баробари афрӯхтани чароғ дар гунбади он садҳо ситора медурахшанд. Мегӯянд, ки яке аз маликаҳои аҳди Темурӣ хоҳиш кардааст, ки барояш аз осмон ситора оранд ва ин ҳуҷраро маҳз ба ин хотир сохтаанд.

Аз дохили қалъа атрофи он баръало намоён аст. Аз ин рӯ оддитарин ҳаракатҳо дар берун зери назари сарбозон қарор доштаанд.

Қалъаи Лоҳур ба рӯйхати мероси таърихии ЮНЕСКО шомил аст.

Дигар аз биноҳои қадима, ки таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад, масҷиди Подшоҳӣ аст, ки рӯ ба рӯи Қалъаи Лоҳур воқеъ гардидааст. Ин масҷид баъд аз масҷиди Файсали Исломобод дуюмин масҷиди калонтарини Покистон ва аз ҷиҳати масоҳат ҳафтумин масҷид дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Меъморону устоҳои забардаст дар ин ҷо қоидаҳои акустика, яъне пахши садоро хуб ба эътибор гирифтаанд. Агар аз гӯшаи масҷид ҳарф занед, дар гӯшаи дигар садои шуморо мешунаванд. Ҳамин қоидаро ба инобат гирифта, дар қисмати рости масҷид дар ҳуҷраҳои кушодаи сабақомӯзӣ дарси устодро шогирдон бемалол аз масофаи 150 метр баръало мешуниданд. Дар ин ҷо таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳонро нусхаҳои зардӯзишудаи Қуръони Маҷид ҷалб мекунад. Хаттотони чирадаст дар зарфи 10 сол 30 пораи ин китоби муқаддасро зардӯзӣ кардаанд, ки имрӯз нусхаҳои он нигоҳ дошта мешаванд.

Дар музеи паҳлуи чапи масҷид намунае аз дастор (салла), асои Паёмбар Муҳаммад (с) ва пойафзолу либосҳои ёрони ӯ маҳфуз аст.

Масҷиди Подшоҳӣ ба рӯйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО номзад пешниҳод шудааст.

Боздиди мо аз масҷид аз зиёрати мақбараи Аллома Муҳаммад Иқбол оғоз шуд, ки дар паҳлуи чапи масҷид ҷой гирифтааст. Посбонҳои фахрӣ аз ду тараф мақбараро нигаҳбонӣ мекунанд. Нақши ин мутафаккир дар бедорию раҳоии мардуми Шарқ аз зери зулми истилогарон, дар худшиносии миллӣ ва эҳёи забони форсӣ, ки баъди истилои англисҳо дар ин сарзамин нуфузаш коста гардида буд, хеле бузург аст.

Дар наздикии масҷиди Подшоҳӣ ва Қалъаи Лоҳур манораи 60- метра қомат афрохтааст, ки соли 1960 ба муносибати 20-умин солгарди Қарордоди Лоҳур бунёд шудааст. Ёдовар мешавем, 23 марти соли 1940 дар шаҳри Лоҳур Лигаи умумиҳиндии мусулмонҳо (Муслим Лиг) қарор баровард, ки дар нимҷазираи Ҳинд давлати мустақили мусулмонҳо таъсис дода шавад. Ин тасмим баъди 7 сол-14 августи соли 1947 амалӣ шуд, яъне Ҷумҳурии Исломии Покистон истиқлолияти хешро ба даст овард.

Алҳол дар майдони назди манораи истиқлол маҷмааи истироҳатию фароғатии Муҳаммад Иқбол бунёд мешавад, ки дар оянда ба меҳмонон таърихи гузаштаю имрӯзаи Покистонро муаррифӣ хоҳад кард.

Шаҳри қадимаи Лоҳур, ки дар майдони 256 гектар доман паҳн кардааст, 20 ҳазор аҳолӣ дорад ва яке аз мавзеъҳои туристӣ маҳсуб мешавад. То имрӯз 13 дарвозаи ин шаҳри қадима мавҷуд аст. Хонаҳои сокинони он низ аз манзилҳои дигар мавзеъҳои Лоҳур фарқ мекунад. Тангкӯчаҳояш асосан бо форсӣ номгузорӣ шудаанд, мисли Кӯчадарзӣ, кӯчаи Ғуборчиён ва ғайра.

Дар Лоҳури қадима ҳаммоми Вазирхон (1632), масҷиди Вазирхон (1639), ки дар аҳди императори бузурги темурӣ Шоҳ Ҷаҳон бо регу хишти сурх бунёд шудаанд, намунаи санъати меъмории ҳамон давр аст. Ин ҳаммом дар он вақт на танҳо ҷойи шустушӯй, балки ба сифати маркази табобатӣ низ ба мардум хизмат мерасонидааст.

"Парчамбардорӣ"

Лоҳур шаҳрест ҳаммарз бо Ҳиндустон. Дар минтақаи махсуси марз миёни мардуми Ҳинду Покистон маросими маъмулиест бо номи "Парчамбардорӣ", ки ҳар рӯз пеш аз аср бо шукӯҳу шаҳомат бо иштироки мардуми зиёд дар ду ҷониб баргузор мегардад. Ин маросим ба намоиши театрикунонидашуда сахт шабоҳат дорад. Сарбозони аз ду тараф ба ҳаракатҳои махсуси низомӣ зери садои табл ба саҳна баромада, муҳаббату садоқаташонро зери нидоҳои "Покистон, зинда бод!", "Ҳиндустон, зинда бод!" ба Ватан нишон медиҳанд. Дар лаҳзаҳои охир сарбозон парчамҳои ду кишварро фароварда, зери кафкӯбиҳо лаҳзае дарвозаро боз мекунанд. Ва маросим бо наздик шудани парчамҳо ва пӯшидани дарвозаи марз ба анҷом мерасад. Бо иҷрои ин амал тарафҳо эҳтироми истиқлоли ҳамдигарро пос медоранд.

Чанд мушоҳидаи дигар

Дар ин шаҳр ҳаёт ҷӯш мезанад. Бо вуҷуди он ки иқтисодиёти Покистон рушд кардааст, роҳҳои дуошёнаю хиёбонҳои зиёде бунёд шудаанд, ҳанӯз ҳам мардум барои пеш бурдани бори зиндагӣ аз аробаҳое истифода мебаранд, ки ба воситаи аспу хару гов ба ҳаракат медароянд. Фойтун низ воситаи маъмулии нақлиёти мусофиркаш аст. Ҳаводорони савор шудани он зиёданд. Мардум пайваста дар талоши зиндагии беҳтару хубтар заҳмат мекашанд. Мотосикли дучарха маъмултарин воситаи нақлиёти ин мардум аст. Дар роҳҳои серҳаракати он корвони мотосиклсаворонро дида ба ҳайрат меоед. Ба як мотосикл то 5-6 нафар, яъне шавҳар, бонуи хона, 3 ва ё 4 фарзандашон бемалол нишаста, аз гӯшае ба гӯшае сафар мекунанд ва ё эҳтиёҷоти рӯзгорашонро мебароранд.

***

Дар ин ҷо баъди ҳар ду-се соат лаҳзае барқ хомӯш мешавад. Дар шарҳи ин масъала гуфтанд, ки бо сабаби сарборӣ нашудан ба генераторҳо хатҳои интиқоли барқро иваз мекунанд. Шояд баъди амалӣ шудани лоиҳаи CASA-1000 эҳтиёҷоти ин мардум бо нерӯи барқ каме бароварда шавад.

***

Мошинҳо дар ин ҷо асосан аз тарафи рост идора мешаванд ва ҳаракат дар роҳҳо низ аз самти рост сурат мегирад.

***

Май гармтарин моҳи Лоҳур буда, ҳарорат дар ин давра ба 40-46 дараҷа мерасад. Аз гармии ҳаво ва камбуди об дар гулгашту хиёбонҳо гиёҳу сабзаҳо хушкидаанд. Бо сабаби ҳаракати зиёди нақлиёт ҳавои шаҳр вазнин ва ғуборолуд аст.

***

Соҳаи кишоварзӣ дар Покистон дар баробари дигар соҳаҳо хеле пеш рафта, наздики 60 дарсади содироти онро маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла гандум, шолӣ, ҷуворимакка, найшакар, пахта, картошка, мандарин, шарбати меваҳо ташкил медиҳад.
Тоҷирони покистонӣ ба хушкмева, алюминий ва нахи пахтаи мо бештар таваҷҷуҳ доранд.

***

Беҳтарин ва босифаттарин тӯбҳои футбол дар Покистон истеҳсол мешавад. Дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ, қитъавӣ ва ҷаҳонии футбол бештар аз ин тӯбҳо истифода мебаранд.

Мушкилоти туризм дар Покистон

Ба қавли муовини сардори Вазорати иттилооти Покистон Амир Малик, ин кишвар дар охири асри гузашта дар соҳаи туризм ба дастовардҳои хуб ноил шуда буд.- Аммо солҳои охир теъдоди сайёҳон якбора 40-50 дар сад коста гардид. Сабаби асосиаш дар он аст, ки ВАО-и ҷаҳонӣ ба имиҷи кишвари мо бардурӯғ баҳои манфӣ доданд. Мо барои пешрафти соҳаи туризм чун дигар соҳаҳо талош дорем, то бештар сайёҳонро ба ватани хеш ҷалб намоем, -мегӯяд ӯ.

Амир Малик ҳамчунин аз муносибатҳои Тоҷикистону Покистон ёдовар шуда, аз ҷумла зикр намуд: "Мулоқоти сарони ду кишвар, инчунин дигар шахсони расмӣ аз он далолат медиҳад, ки ҳамкориҳои мо дар сатҳи давлатӣ ба таври назаррас таҳким меёбанд. Дар ҷамъбасти ин вохӯриҳо чандин санадҳо ба имзо расиданд, ки мулоқоти мо низ натиҷаи ҳамин дидорбиниҳо аст".

Ба суоли он ки "Кадом навъи туризм дар Покистон бештар рушд кардааст ва бо кадом кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин соҳа ҳамкориҳо доранд?", Амир Малик шиносоӣ бо осори таърихӣ ва фарҳанги Покистонро аз бахшҳои асосии мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон донист.
Вай афзуд: - Имрӯз ба ғайр аз Тоҷикистон бо Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ дар ин соҳа ҳамкориҳоро хуб ба роҳ мондаем.

Ҳамчунин суол шуд, ки "Сайёҳони покистониро дар Тоҷикистон чӣ бештар ҷалб мекунад?"

Амир Малик гуфт, ки табиати мусаффою нотакрори Тоҷикистон барояшон бештар писанд аст. "Масалан, Дубай бисёр зебо аст, аммо шаҳри сунъист, ки онро инсон бунёд кардааст, аммо табиати Тоҷикистон ва кӯҳҳои он табиӣ аст. Гумон мекунам, ки ин зебоӣ боиси дилгармии сайёҳони мо ба кишвари шумо аст".

***

Ҳавопаймои "Сомон эйр" дар бозгашт низ шабона ба Душанбе расид. Ҳавои пойтахт баъди борон форам буд. Баъд аз фурудгоҳ берун шудан дил намехост, ки ба мошин нишинам. Мехостам, каме пиёда роҳ равам, аз ҳавои тозаи ватан серӣ нафас гирам, осмони софу беғуборашро тамошо кунам. Дар ин чанд рӯз Тоҷикистонро пазмон шудам. Кишваре, ки чор фасли сол дорад, кишваре, ки иқлимаш нарм ва дар тамоми сол меваю сабзавоташ фаровон аст, кишваре, ки чашмаю рӯдҳои мусаффо дорад. Бале, мо дар чунин Ватан зиндагӣ мекунем ва ин марзи покро бояд дӯст дошт!...

Тавре дар ибтидо суханро аз вақт оғоз кардем, умедворем, ки бо гузашти солҳо сатҳи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон боло меравад. Ба ҳар сурат, вақт довар аст.
Алӣ ҶӮРА,
Душанбе-Лоҳур-Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: