Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ишқ - ширинтарин ханда ва талхтарин гиря

Ишқ - ширинтарин ханда ва талхтарин гиря

25-05-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 274 нафар
Назарҳо: 0
Ишқ - ширинтарин ханда ва талхтарин гиря
Ба худ мегӯям: «Дӯсташ намедорам», бовар намекунам. Ба ту мегӯям: «Дӯстат медорам», бовар намекунӣ…
***

Худовандо, ёдамро дар тафаккури аз ишқ тиҳияш бичархон, то чун ман дар олами ишқ чархида сӯхтан биёмӯзад.
***

Ман аз худ гузаштам барои ӯ. Ӯ аз ман рафт барои ӯ. Ман аз ӯ рафтам барои ту. Ту аз ман рафтӣ барои ӯ. Инак, ман аз ҳама меравам барои кӣ?..
***

Марвориди ёди ман дар садафи ғурури нозарурам пинҳон аст ва ё аз зарбаи номардиҳои ту шикаста? Ё ғаввосе аз ман чолоктар онро ба яғмо бурда?
***

Мегӯянд, ки занҳо ошиқ мешаванду мардҳо дӯст медоранд. Ман ошиқи дӯстдориҳои туям, эй мард.
***

Ишқ аст боиси ширинтарин хандаву талхтарин гиряи мо.
***

Туро ба ҷурми хиёнатат ба ишқ, дигар танҳо дар хотираи кинаам нигаҳ хоҳам дошт.
Ҳ. Юсуфӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: