Таърихи ташаккули варзиш14-03-2016, 09:30
Хабарро хонданд: 285 нафар
Назарҳо: 0
Дар тамоми давраи мавҷудияти хеш инсоният барои зистан дар мубориза буду ҳаст. Ҳар давру замон оғоз аз обшинаи ибтидоӣ то ба имрӯз табиат ба инсон ҳамчун бошууртарин махлуқи заминӣ қонунҳои худро нишон медиҳад.
Дар вақти шикор, ҷангу муборизаҳои нотакрор бо ҳайвоноти ваҳшиву узви қабилаҳои дигар нерӯи басандаи ҷисмонӣ ва маҳорату малакаро тақозо менамуд. То ба имрӯз аборигенҳои Автсралия усули таъкиб карда шалпару лаккот кардани оҳубарраву кенгуруро истифода мебаранд. Ва мусаллам аст, ки истодагарӣ кардан барои муддатҳои тӯлонӣ ва ба масофаи зиёд аз паси ҳайвони тезпо давидан нерӯи қавӣ ва машқу тамринҳои бардавомро тақозо менамояд. Гузаштагони мо қатори дигар қавму қабилаҳои гуногуни сайёра дар қатори меҳнати тоқатфарсои шаборӯзӣ бо баргузо намудани мусобиқаҳои мухталиф, бахусус паҳлавонӣ нерӯи ҷисмонии худро барои истодагарӣ карда тавонистан муқобили нерӯҳои аҳреманӣ омода менамуданд. Ҳамчуноне, ки аборигенҳои Австралия машқи тарпарронӣ аз қамонғӯлаку парронидани бумерангро чандин аср аз насл ба насл ба мерос гузоштанд. таърихи дароз нигоҳдорӣ менамоянд. Барои қабилаҳои ҳиндувони амрикоӣ аз даврони қадим давидан ба масофаҳои гуногун, бардоштани сангҳои гаронвазн ва ба сӯрохи партофтани тӯби аз пашми ҳайвонот сохташуда шуғли писандида буд. Қабилаҳои африкоӣ бошанд ба фарзандон аз айёми тифлӣ парронидани найзаҳои чӯбии нугтезро ба сӯи ҳайвои ваҳшӣ, муҳорибаи тан ба тан ва давида бо бори гарони ба пушт гирифта омӯзиш медоданд. Туфайли машқу тамринҳои бардавом шикорчиёни қабилаҳои мухталиф дар мубориза муқобили ҳайвонҳои азимҷусса ғолиб омада, рӯзгорро таъмин менамуданд. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар давлатҳои антиқӣ ҳанӯз дар қарнҳои 4-3 то милод роиҷ буд. Мусобиқаҳои варзишӣ ба шарафи худоёни Юнонӣ дар Олимп баргузор карда мешуд, ки маъмултарин намудҳои варзишии онзамона камонварӣ, шамшерзанӣ, муштҷанг, мусобиқаи аспдавонӣ боа роба гурзандозӣ ва шикор маҳсуб мегардиданд. Дар Ҳиндустону Форс бошад, намудҳои варзишии аспсаворию филсаворӣ, шамшерзанӣ, тирпарронӣ, туббозӣ бо калтак ҳаводони зиёд доштанд. Агар дар Ҳиндустон шоҳмотбозию хоккеи рӯи алафзор маъмултарин намуди варзиш маҳсуб мегардид, дар кишварҳои форсзабон наврасонро аспсаворию тирпарронӣ меомӯзониданд. Яқин аст, ки варзиш ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти рӯзмарраи сокинони сайёра буд ва имрӯз дар саросари олам намудҳои мухталифи варзиш барои пешбурди ҳаёти солим ва дӯстию рафоқати сокинони сайёра хизмат менамояд. Бо назардошти он, ки дар саросари олам намудҳои мухталифи варзиш мавҷуд аст, тасмим гирифтем, дар саҳифаҳои сомонаи дӯстдоштаи худ дар бораи таърихи баъзе аз намудҳои машҳури варзиши маълумот диҳем. Маъруфи Бобораҷаб |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.