Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Наздики 40 муҳоҷири тоҷику ӯзбекро аз Русия ихроҷ мекунанд

Наздики 40 муҳоҷири тоҷику ӯзбекро аз Русия ихроҷ мекунанд

19-05-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 241 нафар
Назарҳо: 0
Наздики 40 муҳоҷири тоҷику ӯзбекро аз Русия ихроҷ мекунанд
Наздики 40 боздоштшудаи занозании қабристони Хованскро дар Москва барои вайрон кардани қонунгузории муҳоҷирати Русия мумкин аст аз ин кишвар ихроҷ кунанд.

Кумитаи тафтишотии Русия бар асоси моддаҳои "Куштори барқасдонаи 2 ва ё аз ин бештари одамон", "Нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ" ва "Авбошӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. 112 гумонбари ин занозанӣ боздошт шуда, эҳтимол меравад 40 нафари онҳо барои вайрон кардани қонунгузории муҳоҷирати Русия аз ин кишвар ихроҷ шаванд, бо такя ба мақомоти қудратӣ иттилоъ медиҳад хабаргузории РИА Новости.

ВКД-и Русия мегӯяд, дар маҷмуъ дар занозании қабристони Хованск наздики 200 нафар иштирок кардааст. Сабаби ин низоъро пулис тақсими хизматрасонӣ дар қабристон унвон мекунад. Дар ин занозанӣ се кас кушта шуд, ки ҳар се шаҳрванди Тоҷикистон буданд. Дар ҳоли ҳозир дар тамоми қабристонҳои Москва тафтиш идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, тавре хабаргузории "Интерфакс" менависад, мудири пешини қабристони Хованск Юрий Чубаев, ки баъди занозании 14 май сабукдӯш шуда буд, боздошт гардидааст. Рӯзи душанбе додгоҳи ноҳияи Пресненский ҳабси ӯро баррасӣ мекунад. Дар ин ҷаласа ҳамчунин ҳабси 14 боздоштшудаи дигари занозании қабристони Хованск баррасӣ мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: