Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Никоҳи хешовандӣ ва номҳои “бегона” манъ шуд

Никоҳи хешовандӣ ва номҳои “бегона” манъ шуд

27-03-2016, 10:30
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
Никоҳи хешовандӣ ва номҳои “бегона” манъ шуд
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонун дар бораи ворид кардани тағйиру ислоҳҳо ба кодекси оиларо имзо кард. Тибқи ин дигаргунӣ дар кишвар бастани никоҳ миёни хешовандон ва номҳои “барои фарҳанги миллии тоҷикон бегона” манъ мешаванд.

Издивоҷи хешовандон дар Тоҷикистон расман манъ шуд. Ҷавонон пеш аз никоҳ вазифадоранд маҷбурӣ аз санҷиши тиббӣ гузаранд. Бародарзодаҳо ва хоҳарзодаҳо – писарон ва духтарони холаву амак ва ҳамчунин бародархондҳо ва хоҳархондҳо наметавонанд, ҳамсар шаванд. Аъзои порлумони кишвар, ки дар миёнаи моҳи январ тағйиротро қабул карданд, ба далели мутахассисон такия карданд, ки таваллуди кӯдакони маъю аз никоҳҳои миёни хешовандон зиёд шудааст.

Бо ислоҳи ин кодекс ҳамчунин ба кӯдакон додани номи “барои фарҳанги миллӣ бегона, номи ашё, маҳсулот, ҳайвонот ва паррандаҳо, ки эътибор ва ғурури инсонро паст мекунанду миёни мардум тафриқандозӣ месозанд” манъ шуд. Аз ҷумла, изофа кардани калимаҳои “мулло”, “шайх”, “тӯра”, “хон” ва ғайра ба номҳо манъ карда шуд.

Дар аввали соли ҷорӣ Кумитаи забон ва истилоҳотшиносии назди ҳукумати Тоҷикистон рӯйхати ягонаи номҳои тоҷикиро таҳия кард. Акнун ба ҳамаи навзодони тоҷик аз ин рӯйхат ном гузошта мешавад. Аммо қонун иҷоза медиҳад, ки ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон тибқи фарҳанги миллии худ ба навзодон ном гузоранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: