Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Пешгирии ақидаҳои бегонапарастӣ

Пешгирии ақидаҳои бегонапарастӣ

22-10-2015, 18:00
Хабарро хонданд: 371 нафар
Назарҳо: 0
Пешгирии ақидаҳои бегонапарастӣДар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо иштироки фаъолони ҲХДТ ва аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» маҷлис баргузор гардида, дар он бобати нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу суботи кишвар, таъмини амнияти ҷомеа, зиракию ҳушёрии шаҳрвандон дар робита бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид. Иштирокчиёни маҷлис вобаста ба воқеаҳои моҳи сентябр дар кишвар рухдода, низ андешаронӣ намуда, рафтори ноҷавонмардонаву хилофкоронаи Ҳ. Назарзода ва тарафдорони ӯро ҳамчун фарзандони нохалафи миллат маҳкум карданд. Дар ҷамъомади мазкур иштирокчиён фикру дархостҳои худро нисбат ба ин ҳодисаҳо иброз намуда, пешниҳод намуданд, ки дар масъалаҳои рӯ овардани занон ба фарҳанги бегона ва роҳ надодан ба ақидаҳои бегонапарастӣ байни тамоми кормандони идораҳо ва муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият масъулияти роҳбарони аввал баланд бардошта шавад. Ба аъзои шӯрои занони КИВ ҲХДТ ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилоят супориш дода шуд, ки бо мақсади вусъат бахшидани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ вобаста ба масъалаи мазкур ҳамарӯза дар маҳаллаву ҷамоатҳо бо занону ҷавонон вохӯриҳо доир намоянд.
©КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: