170 вакили дифои суғдӣ аз санҷиш нагузаштанд19-03-2016, 10:28
Хабарро хонданд: 233 нафар
Назарҳо: 0
Танҳо сӣ вакили дифоъ аз вилояти Суғд тавонистанд аз санҷиши комиссияи махсуси вазорати адлияи Тоҷикистон гузашта, фаъолияти вакилии худро идома диҳанд. Дар маҷмӯъ, ба имтиҳон беш аз 200 вакил аз минтақаҳои гуногуни вилоят омада буданд.
Ба гуфтаи ширкаткунадаҳои ин санҷиш, ки дар тамоми Тоҷикистон баргузор мешавад, тибқи ислоҳи қонун дар бораи вакилони дифоъ, ҳар як имтиҳонсупоранда бояд ба 100 саволи аъзои комиссия посух диҳад. Саволҳо танҳо аз ҳуқуқшиносӣ набуда, балки аз сиёсат, Конститутсия, таърих ва фарҳанги Тоҷикистон мебошанд. Санҷишро комиссияи махсуси вазорати адлияи Тоҷикистон мегузаронад. Ба гуфтаи Саидбег Нуриддинов, раиси Шӯрои вакилони Тоҷикистон, танҳо сӣ вакили дифоъ аз вилояти Суғд тавонистанд аз санҷиш гузаранд, ки хеле кам аст. Вай изҳори умедворӣ кард, ки аз санҷиши навбатӣ вакилони бештаре хоҳанд гузашт. Як ҳимоятгари “ноком” гуфт, ки баъд аз ин бохт вай дар миёни обу оташ мондааст. Зеро, аз як сӯ бояд аз фаъолияти вакилӣ даст кашад ва аз суи дигар хешовандони айбдоршаванда талаб доранд, ки парвандаро ба охир расонад. “Аз вазифаҳои стратегии Пайёми президент ба порлумон, дар бораи дастовардҳои таърихии иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон саволҳо шуданд ва ҳамчунин пурсида шуд, ки дар кадом ҳолатҳо имкон дорад вазъи фавқулода эълон шаваду ҳатто кадом сол ба Тоҷикистон нахустин поезд омадааст”, - гуфт ҳимоятгар. Созмонҳои байналмилалӣ зикр мекунанд, ки ҳадафи ин санҷиш фишор ба вакилони дифоъ ва барканор кардани бархе аз онҳост. Дар ду соли ахир дар Тоҷикистон чанд вакили дифоъ ҳабс шуд, ки дар парвандаҳои пурсарусадо ҳимоятгарӣ мекарданд. Ҳатто аъзои оилаи бархе аз онҳо боздошт ва айбдор шуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.