Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Корҳои омодагӣ барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» идома доранд

Корҳои омодагӣ барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» идома доранд

1-06-2026, 16:27
Хабарро хонданд: 174 нафар
Назарҳо: 0
Корҳои омодагӣ барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» идома дорандКорҳои омодагӣ барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» идома доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Озмун дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2026 тасдиқ гардидааст, баргузор карда мешавад.

Тибқи иттилои манбаъ, озмун дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат гузаронида шуда, моҳи ноябри соли равон ҷамъбаст мегардад.

Озмун бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар робита ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳифзи таъриху фарҳанги миллӣ доир мешавад.

Мақсад аз он тарғиби таъриху фарҳанги миллӣ дар ҷомеа, хусусан дар байни наврасон ва ҷавонон, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки мероси таърихию фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Аз ин хотир Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддию ғайримоддии миллати худ онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста ва ҳадафмандона муаррифӣ намоем.

«Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдодонамон онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба наслҳои оянда ба мерос гузорем», — изҳор намуданд Президенти Тоҷикистон.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: