Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таъсис меёбад

Дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таъсис меёбад

28-12-2023, 16:36
Хабарро хонданд: 280 нафар
Назарҳо: 0
Дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таъсис меёбадИмрӯз зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида — Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таъсис дода шавад.

Агентии мазкур бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин рушди соҳаи сайёҳӣ таъсис дода мешавад.

Тазаккур дода шуд, ки давоми солҳои охир дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг ҷиҳати муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ як қатор иқдомоти назаррас амалӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла ёдовар шуданд, ки соли 2023 15 ёдгории таърихию фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: