
(Бардошт аз Паёми соли 2025)
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти босуръати фарҳангӣ масъалаи ҳифзи ҳувияти миллӣ, худшиносии фарҳангӣ ва амнияти маънавии ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа пайдо намудааст. Барои давлатҳои соҳибистиқлол, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарҳанг на танҳо унсури ҳаёти иҷтимоӣ, балки пояи давлатдории миллӣ ва омили муттаҳидсозандаи ҷомеа ба шумор меравад. Дар ин раванд Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ самтҳои асосии сиёсати давлатро муайян намуда, дар ташаккули стратегияҳои рушди фарҳанг ва ҳифзи арзишҳои миллӣ хамчун дастур ва рахнамо саҳми муассир мегузорад. Дар ин санади муҳими сиёсӣ фарҳанг на танҳо ҳамчун соҳаи иҷтимоӣ, балки ҳамчун пояи ҳастии миллат ва давлат муаррифӣ мегардад.
Яке аз меҳварҳои асосии сиёсати фарҳангӣ, ки дар Паёми имсола равшан ва возех инъикос ёфтааст, масъалаи ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ мебошад. Дар он ёдгориҳои таърихӣ, ҷашнҳои миллӣ, осори классикӣ ва анъанаҳои мардумӣ ҳамчун сарвати муқаддаси миллат арзёбӣ карда шудааст. Мо бояд фарҳанги миллии худро аз таъсири фарҳанги бегона ҳифз карда, онро бо арзишҳои умумибашарӣ ҳамоҳанг намоем. Аз ин ру, фарҳанг ҳамчун заминаи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ накши бузург дорад. Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд. Дар ин давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд.
Мусаллам аст, ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Паёми Пешвои миллат ҳамчун санади роҳнамо дар ташаккул ва татбиқи сиёсати фарҳангии давлат хизмат менамояд. Он фарҳангро ҳамчун омили асосии ҳифзи ҳувияти миллӣ, таҳкими ваҳдати ҷомеа ва рушди устувори давлат муаррифӣ мекунад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки бо густариши шабакаҳои иттилоотӣ ва равандҳои ҳамгунсозии фарҳангӣ тавсиф меёбад, чунин мавқеъ аҳамияти стратегӣ касб мекунад. Паёмҳо зарурати ташаккули тафаккури интиқодии фарҳангиро дар ҷомеа таъкид намуда, аз шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, даъват ба ҳифзи арзишҳои миллӣ мекунанд: «Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем».
Дар Паёми имсола такя ба арзишхои милли, махсусан ба масъалаи ҳифзи забони давлатӣ, эҳтиром ба арзишҳои суннатӣ ва муқовимат ба таъсири фарҳангҳои бегона аз чониби сарвари давлат таваҷҷуҳ хосса зоҳир карда шуд: бори дигар таъкид карда шуд: «Бо доштани чунин фарҳангу тамаддуни бостонӣ мо набояд ба таассубу ифротгароӣ ва тақлид ба фарҳанге, ки бароямон бегонаву хатарбор аст, роҳ диҳем»
Дар асоси чунин дастурҳо, барномаҳои давлатӣ оид ба эҳёи ёдгориҳои таърихӣ, ҷашнҳои миллӣ ва эҳёи анъанаҳои мардумӣ роҳандозӣ гардиданд, ки ба таҳкими худшиносии миллӣ мусоидат намуданд. «Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад». Татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба эҳёи ёдгориҳо, таҷлили ҷашнҳои бостонӣ чун Наврӯз, Меҳргон ва Сада, инчунин чоп ва паҳн намудани осори классикӣ, аз ҷумла «Шоҳнома» ва «Тоҷикон», далели амалии татбиқи дастурҳои Паём мебошанд. «Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд.»
Мавриди зикр аст, ки Паёмҳои Пешвои миллат дар тӯли солҳои Истиқлолият ба ташаккули сиёсати ягонаи фарҳангӣ заминаи мустахкам гузоштаанд. Дар онҳо фарҳанг ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллат ва кафили пойдории давлат арзёбӣ мешавад. Аз чониби дхукумати кишвар даҳ соли охир 150 иншооти соҳаи фарҳангро сохта, ба истифода дода ва 350 иншооти дигари соҳа таъмиру азнавсозӣ карда шуданд. Ҳамчунин, ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти соҳа – Театри милли бо шароиту имкониятҳои муосир бунёд шуда истодааст, ки туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар ва аҳли фарҳангу ҳунар мебошад.
Чи хеле, ки аз Паём соли 2025 бармеояд бо ташаббус ва саъю талошҳои Пешвои миллат ва кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Дар ин радиф, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.
Дар идомаи андешаҳои қаблан зикршуда Паёми соли 2025 фарҳангро ҳамчун сипари маънавии давлат дар шароити ҷаҳонишавӣ арзёбӣ менамояд. Таъкиди Пешвои миллат, мухтарам Эмомали Рахмон бар он аст, ки ҳифзи арзишҳои миллӣ, забон ва мероси фарҳангӣ омили асосии муқовимат ба таҳдидҳои идеологӣ ва фарҳангии замони муосир мебошад ва «мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддиву ғайримоддии миллати худ муаррифии шоистаи онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем».
Хулоса, фарҳанг ва хифзи арзишхои милли дар сиёсати давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон мақоми марказӣ дорад. Он ҳамчун асоси худшиносии миллӣ, амнияти маънавӣ ва рушди давлатдории муосир ва ҳамчун неруи муттаҳидсоз, кафили пойдории давлатдории миллӣ нақши калидӣ мебозад. Паёми имсола ҳамчун санади роҳнамо сиёсати фарҳангиро ба манфиатҳои миллӣ, ваҳдати ҷомеа ва ояндаи давлатдории тоҷикон пайваст намуда, дар ташаккули ҷомеаи мутамаддин ва худшинос, ҳамчун воситаи тарбияи шаҳрвандони худогоҳ ва ватандуст хизмат намуда, насли наврасро ба эҳтиром ба гузашта ва масъулият барои оянда ҳидоят мекунад.
Юсуфӣ Фарзона,
Ходими хурди илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалҳои давлатҳои Осиёи ва Аврупои АМИТ