Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » КИБЕР-ҲАМЛАҲО БО НИҚОБҲОИ НАВ ВА ХАТАРИ НАВ

КИБЕР-ҲАМЛАҲО БО НИҚОБҲОИ НАВ ВА ХАТАРИ НАВ

24-10-2017, 11:38
Хабарро хонданд: 218 нафар
Назарҳо: 0
КИБЕР-ҲАМЛАҲО БО НИҚОБҲОИ НАВ ВА ХАТАРИ НАВ
Компютеркунонии ҷомеа, имконият медиҳад, ки мафкураи одамон бой гардида, онҳо барои рушди иқтисодии кишвари худ саҳмгузор бошанд.
Мафҳуми идора дар иқтисодиёт ва назарияи умумии кибернетикӣ яке аз мавқеъҳои принсипиалиро ишғол менамояд. Онро чунин таъриф додан мумкин аст: идора аз калимаи англисии - control гирифта шуда, вазифаи системаҳои ташкилкардашудаи табиати дилхоҳи техникӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, биологӣ ва ғайраҳоро доро буда, барои амалигардонии гузоришҳои мақсадноки он ва нигоҳдориҳои мақсадноки сохтори ба вай хос равона гардидааст. Аз нуқтаи назари кибернетика идора ба ду қисм ҷудо карда мешавад:
 коркарди иттилоъ;
 қабули қарорҳои идоракунӣ.
Мафҳуми кибер (CYBER) - як тарзи истифода бурдани калимаи калидиест, ки ба давраи компютерҳо, Интернет ва технологияҳои рақамӣ алоқаманд аст.
Дар баробари ҳар як навовариҳо ва муваффақиятҳо боз мушкилоте ба пеш меояд, ки ба мо лозим аст пеши роҳи онро гирем.
Чи хеле маълум аст, яке аз мушкилоти ҷомеи имрӯзаи мо ин киберҳамлаҳо мебошад, ки ба компютери мақомот, сомонаи корхона (хусусӣ), почтаи электронӣ, телефонӣ мобилӣ, планшет ва дигар таҷҳизоте, ки ба шабакаи интернет пайваст мебошанд, таҳдид менамояд. Ҳар рӯз кибер-ҳамлаҳо ба давлатҳо, ширкатҳои бонуфуз ва бонкҳои ҷаҳонӣ рух медиҳад.
Шабакаҳои кушоди иттилоотӣ имрӯза - воситаи ҷанги иттилоотӣ дар дасти сиёсатмадорон, соҳибкорон, ташкилотҳои динӣ, гурӯҳҳои террористӣ ва ҷиноӣ аст.
Кибер-ҳамлаҳо ба компютер барои ҷаҳони имрӯза хатар ва зиёнҳои зиёде меорад: аз як тараф, ба давлату ҳукумат зарур аст, ки он компютер ва дигар таҷҳизоте, ки сири махфӣ доранд, ба шабакаи интернет ё шабакаи дохила пайваст нанамоянд.
Тоҷикистон дар раванди рушди интернет қарор дорад, вале дар ин замина бархе мушкилот миёни кишварҳои минтақа, ИДМ ва Созмони Ҳамкории Шанхай вуҷуд дорад. Азим Иброҳим, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз мавзӯи марбут ба "Идораи интернет дар Осиёи Марказӣ", ки бо ширкати коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе баргузор гашт, гуфт, ки дар маънидод кардани заминаҳои ҳуқуқии киберҷангҳо, киберҳамлаҳо, терроризм ва ифротгароӣ мухолифатҳои ҳуқуқӣ вуҷуд дорад ва даъват кард, ки кишварҳо мавқеи ягона дошта бошанд.

Амнияти кибернетикии Тоҷикистон дар соли 2017 дар кадом сатҳ аст?
Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии амнияти кибернетикӣ миёни 193 кишвари ҷаҳон мақоми 91-умро касб кардааст. Дар ин бора Иттифоқи байналмилалии телекоммуникатсионӣ дар гузориши наваш оид ба амнияти кибернетикӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, аз кишварҳои ИДМ Озарбойҷон нисбатан пешсаф мебошад, ки дар мақоми 48-ум қарор гирифтаст; «Украина дар ҷойи 59, Молдова-73, Қазоқистон-83, Ӯзбекистон-93, Арманистон-97 ва Турманистон дар дар зинаи 132-юм ҷой гирифтаанд.
Ба панҷгонаи амнтарин кишварҳо Сингапур, ИМА, Малайзия, Уммон ва Эстония ворид гардидаанд. Гузоришгарон раддабандиро дар асоси 5 меъёри амнияти кибернетикӣ, аз ҷумла чораҳои ҳуқуқӣ, техникӣ, ташкилӣ, захираҳои рушд ва ҳамкорӣ амалӣ кардаанд. Дар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар ҳамсояҳо аз ҳамлаҳои киберҳуҷумҳо ва вирусҳои паҳнкунанда эмин мебошад. Давлати мо дар самти технологияи компютерӣ ва коммуникатсия якчанд ихтисосҳо дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ кушодааст, ки мутахассисонро дар ин самт тайёр мекунанд.
Маслиҳатҳои муфид оиди ҳифзи иттилоот.
Пеш аз ҳама аз ҳар як шахсе, ки бо компютер, CD, DVD, флеш-карта, телефон, шабака ва интернет кор мекунанд, вобастагии калон дорад:
1) Ҳар як диск ё флэш-картаро, ки дар дигар компютер истифода бурда шудааст, ҳатман бояд аз барномаи зиддивирусӣ аз назар гузаронидан лозим аст. Ин навъ барномаҳо на танҳо вирусҳоро кашф, балки онро «сиҳат» мекунанд. Ин ҳолат, махсусан, ба барномаҳои бозиҳо дахл дорад, чунки дар аксар мавридҳо вирусҳо маҳз ба воситаи онҳо паҳн мешаванд;
2) Ҳамин гуна тафтишро, инчунин нисбати файлҳое, ки ба воситаи шабака гирифта шудаанд, гузаронидан зарур аст;
3) Барномаҳои зиддивирусӣ аз ҷиҳати маънавӣ хеле тез куҳна мешаванд. Аз ин рӯ, онҳоро мунтазам нав кардан лозим меояд. Давраи нав кардани ин навъ барномаҳо аз як ҳафта то чоряки сол аст;
4) Агар мувофиқи технология ҳалли масъалаҳо пешбинӣ нашуда бошад, аз флэш-картаҳо муҳофизатро ҳангоми корҳои ҳаррӯза бардоштан лозим нест;
5) Ҳангоми кашф кардани (дарёфтани) вирус амалиёту беэҳтиётӣ набояд кард, чунки ин сабаби аз даст додани иттилооте хоҳад шуд, ки онро имкони наҷот додан вуҷуд дошт. Кори нисбатан дуруст дар ин вазъият бо мақсади садди вирус хомӯш кардани компютер аст. Баъдан ба компютер аз диски системаи амалиётӣ ворид бояд кард. Барномаи зиддивирусиро, ки вазифааш на дарёфти файлҳои сироятшуда, балки сиҳат кардани онҳо мебошад, ба кор андохтан лозим аст. Баъдан боз барномаи зиддивирусиро такроран ба кор бояд андохт. Агар ҳамаи амалиёт доир ба берун кардани вирусҳо дуруст анҷом бигиранд, натиҷа иттилоъ расидан аст. Бояд дар назар дошт, ки барномаи зиддивирусӣ аз ҷиҳати маънавӣ кӯҳна нашуда бошад.
6) Эмин нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои электронии корхона аз киберҳуҷумҳо ва вирусҳои компютерӣ ба он кормандоне, ки ғайриихтисос ё компютерро он қадар дуруст намефаҳманд, тааллуқ дорад. Дар ҳолате, ки бо компютер, диски CD, DVD, флеш-карта, телефон, шабакаи дохила ва шабакаи интернет кор мекунад, бояд чунин корҳоро иҷро намоянд.
Имрӯзҳо дар шабакаҳо, махсусан ҳангоми истифода аз почтаи электронӣ ба компютер ворид шудани вирусҳо ҳангоми хондани зиёд гардидааст. Аз ин рӯ, дар ин ҳолат ҳам баъзе қоидаҳои одиро риоя бояд кард:
 дар компютер ва дигар таҷҳизоти маълумотдиҳандаи иттилоотӣ барномаҳои зиддивирусӣ шарт ва зарур аст;
 файлҳои ба нома насб гардидаро, дар сурати дар ин бора мавҷуд набудани гуфтугӯи пешакӣ, аз барномаи зиддивирусӣ гузарониданамон лозим аст;
 дар сурати холӣ будани дохили нома ва худи номафайлҳои ба он насбгардидаро кушодан лозим нест;
 ҳамаи номаҳои шубҳанокро хориҷ бояд кард;
 ҳангоми дар муддати тулонӣ ба кор машғул набудан, қабули ҳар гуна иттилои фиристондашавандаи электрониро қатъ кардан лозим аст.
Барои пешгирӣ аз вирусҳои компютерӣ, кибер-ҳамлаҳо, киберҷинояткорӣ, аз ҳаргуна имкониятҳо истифода намоем.
Пажӯҳиши навбатии "Rapid7"
Аммо ширкати "Rapid7" Тоҷикистонро аз лиҳози осебпазирии компютерҳояш ба ҳамлаҳои ҳакерӣ дар ҷаҳон дар ҷои дуввум гузоштааст.
"Rapid7", як ширкати амрикоӣ, ки ба таҳқиқи масоили амнияти Интернет ва низомҳои компютерӣ машғул аст, бо нашри натиҷаҳои пажӯҳиши навбатиаш Белгия, Тоҷикистон ва Самоа – ҷазиракишваре дар уқёнуси Оромро се кишвари аз ҳама осебпазири дунё дар муқобили ҳамлаҳои ҳакерӣ ном бурд. Бино ба натиҷаҳои таҳқиқоти “Rapid7“, ки таҳти номи “National Exposure Index” (“Индекси осебпазирии кишварҳо”) нашр шуд, сеяки тамоми шабакаҳои электронии Белгияву Тоҷикистон ва Самоа амну ҳифозатшуда нест.
Муҳаққиқони "Rapid7" барои анҷоми ин таҳқиқот аз тариқи тарҳи “Sonar”, ки IP-адресҳо ва компютерҳои бандар (порт)-и вурудашон бозро пайгирӣ мекунад, даҳҳо миллион компютер дар беш аз 180 кишвари дунёро аз лиҳози сатҳи ҳифозаташон аз ҳамлаҳои ҳакерӣ омӯхтаанд. Онҳо барои санҷидани сатҳи осебпазирии компютерҳо як роҳи хеле осону содаро пеш гирифта, ба соҳиби ин компютерҳо дархост фиристодаанд, ки сомонаи онҳоро бипазирад. Дар натиҷа, онҳо тавонистаанд ба дастикам 4,7 миллион компютер аз тариқи бандари ТСП-порт 443, ки махсуси омӯхтани сомонаҳо ва код задани маълумотҳост, ворид шаванд.
Ин таҳқиқот барои анҷоми ҳамлаҳои ҳакерӣ хеле осебпазир будани бандарҳое, чун FTP ва Telnet-ро зикр мекунад ва мегӯяд, як далели аслии чунин сатҳи баланди осебпазирӣ ба масоили амнияти низомҳои электрониашон аҳамияти чандоне қоил нашудани давлатҳост.
Бархе аз шабоҳатҳои Интернети имрӯзаро бо Интернети соли 1996, яъне 20 соли пеш нишон медиҳем. Мо тавонистем васоили дастрасӣ ба Интернетро хеле навсозӣ кунем ва нархи Интернетро ҳам хеле пойин барем. Вале мо ҳамчунон дар масъалаи пайкарбандӣ (конфигуратсия) то ҳол ба ҳамон иштибоҳҳои хатарноки қаблӣ роҳ медиҳем, ки моро дар муқобили ҳамлаҳои ҳакерӣ осебпазир нигоҳ медорад.
Як аз далели аслии осебпазирии компютерҳои Тоҷикистон дар муқобили ҳамлаҳои ҳакерӣ ё вирусӣ камбуди иқтисодист. Барои расидан ба амнияти сатҳаш баланд бояд чунин масъалаҳоро ҳал намуд:
1. барои эмин нигоҳ доштани маълумоти электронӣ
2. Таҷҳизоти нав ба монанди Роутер;
3. Гирифтани файролл лозим аст;
4. Тарбия кардани мутахассисони хуби барномасоз ва IT ;
Ширкате, ки мехоҳад шабакаи электрониаш як сатҳи баланди амниятиро дошта бошад, бояд мутахассисони варзидаро ба кор қабул намояд. Вале чунин мутахассисон бо маблағи кам кор намекунанд. Теъдоди чунин мутахассисони кордони хуб кам аст. Бархе ширкатҳои Тоҷикистон ин имконро доранд, вале мутаассифона, на ҳамаашон.
Ҳакерҳо аксаран бо истифода аз протоколҳои кушод ва бидуни муҳофизат ба сомонаҳову компютерҳои инфиродӣ даст меёбанд: “Ин аз ҷиҳати фаннӣ ду паҳлуе дорад, ки аз ширкатҳои интернетрасон ва худи корбарон вобаста аст. Мисол таҷҳизот, барнома ва ё технологияе, ки ширкатҳои интернетрасон имрӯз истифода мебаранд, чандон ҷавобгӯи талаботи замона нест. Чунин барномаҳову фановариҳо нархи баланд доранд. Аз сӯи дигар, корбарон аз барномаҳои шикаста ва ё сатҳи бехатариашон паст истифода мебаранд. Он системаҳои омилие, ки дар аксари компютерҳои мо насб шудааст, худ дар асл шикастаи барномаи аслист, ки дар бозору мағозаҳо бо нархи арзон фурӯхта мешаванд.
Асосан сомонаҳое, ки низоми амниятиашон дар сатҳи паст сохта шудааст, шикаста мешаванд. Чунини сомонаҳоро «сомонаҳои одӣ» мегӯянд. Осебпазирии низоми электронии Тоҷикистонро бастаи чанд мушкил - гарон будани нархи барномаҳо ва технологияҳои сайбер-бехатарӣ, истифода аз барномахои шикаста, норасоии мутахассисони барҷастаи маҳаллӣ, гарон будани нархи хизматрасонӣ, паст будани назорати сифат мебошад.
Вазъи имрӯзаи амнияти иттилоотӣ метавонад барои иқтисоди ҷаҳонӣ паёмадҳои ҷиддие дошта бошанд ва фаъолияти зербинои Интернет бояд бозбинӣ шавад. Дар баробари кишварҳои заифтаре аз ҳисоби ҳамлаҳои ҳакерӣ, чун Тоҷикистону Самоа (ҷойҳои 2 ва 3) ё Ҷумҳурии Доминикан ва Афғонистон (ҷойҳои 7 ва 8-ум) дар феҳрасти кишварҳои дар муқобили ҳамлаҳои ҳакерӣ осебпазир ҳузур доштани кишварҳои пешрафтае ба мисли Белгия (ҷои аввал), Австралия, Чин ва Ҳонконг (ҷойҳои 4-6), Фаронсаву Амрико (12 ва 13), Ҷопон(16), Русия(19) ва Бритониё (зинаи 23)-ро зикр мекунанд ва мегӯянд, пешрафтҳои иқтисодиву фаннии кишвар ҳанӯз ба маънои таъмини амнияти шабакаҳои электрониаш аз ҳамлаҳои ҳакерӣ нест. Белгия, ки бо вуҷуди мизбонии дафтарҳои марказии созмонҳои бузурге, чун Иттиҳодияи Аврупо ва паймони низомии НАТО, мақоми осебпазиртарин кишвари дунё дар муқобили ҳамлаҳои ҳакериро ба худ ихтисос додааст, аллакай чандин бор туъмаи ҳамлаҳои кибернетикӣ шудааст. Дар пайи ҳамлаҳои террористӣ дар метро ва фурудгоҳи Брюссел, як гурӯҳи ҳакерҳо бо номи Down-Sec бо талаби истеъфои сарвазири Белгия Шарл Мишел сомонаи расмии ӯро дар Интернет ҳадафи ҳамла қарор доданд. Дар моҳи март сомонаҳои дигари ҳукумати Белгия низ дучори ҳамлаҳои ҳакерӣ шуданд.
Сомонаҳои интернетии идораҳои давлатии Тоҷикистон низ зиёд мавриди “таваҷҷуҳ”-и ҳакерҳо қарор мегиранд, вале бештар ба далели саддҳои заифи ҳифозатиашон калидвожаҳои онҳоро мешикананд. Аз ҷумла, ҳакерҳо рӯзи 14 январи соли равон maorif.tj –сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро ҳадаф қарор доданд. Баъди “юриш”-и ҳакерҳо дар ин сомона ба ҷои иттилооти расмии вазорат, аксҳо ва суруд (ношид)-и созмони тундрави мазҳабии "Ҷундуллоҳ" ва матне бо номи “Паёми Гурӯҳи Фаллуҷаи Тунис ба давлат ва мардуми Русия" зоҳир шуд. Дар ин паём аз давлати Русия талаб мешуд, ки ба пуштибонӣ аз “давлати ҷиноии Башор Асад” ва куштори занону кӯдакон хотима дода, нерӯҳояшро аз Сурия берун бикашад. Ҳамин тавр, рӯзи 13 моҳи январи соли 2015 tajembfrance.fr/ - сомонаи сафорати Тоҷикистон дар пойтахти Фаронса низ мавриди ҳамлаи ҳакерӣ қарор гирифта буд. Ин ҳодиса дар пайи ҳамлаи террористии пурқурбонӣ ба идораи нашрияи маҷаллаи ҳаҷвии “Шарли Эбдо” дар шаҳри Порис иттифоқ уфтод ва дар саҳифаи асосии сомона ҳамлагарон шиори “Op France Musulman Еt je Рas Charli” (“Ман мусулмонам, на Шарли!)-ро овехтанд.
Баъди ҳамлаҳои рӯзҳои 7-9 январ дар Порис ва атрофи он, ки 17 кушта ба ҷо гузошт, дар саросари Аврупо мавҷи раҳпаймоиҳои тарафдорони озодии баён таҳти шиори “Ман Шарлиам!” доир шуд. Ва ҳакерҳо зоҳиран бо насби шиори баръакс дар сомонаи ҳамлашудаи сафорати Тоҷикистон мехостанд мухолифати худ ба ин изҳори ҳамраъйӣ бо хабарнигорони кушташударо баён кунанд.
Маълум аст, дар суръате, ки вирус ё ҳакер ба Тоҷикистон ворид шуд, мутахассисони IT ба зудӣ ҳамдигарро хабардор мекунанд. Ё ин ки дар сомонаҳои давлатӣ эълон менамоянд, ки чунин вирус ё ҳакер ба Тоҷикистон ворид шудааст, маслиҳатҳои мушаххас медиҳанд. Вале як сохтори расмии ҳамоҳангсоз, амалан вуҷуд надорад.
Фаъолияти риштаҳои мухобиротии Тоҷикистон, бо шумули фаъолияти ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасони кишвар ва ҳамчунин, масъулияти таъмини амнияти иттилоотии низоми электронии ба дӯши Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонаст,

Таҳдидҳо ба системаи силоҳи ҳастаӣ

Компютеркунонии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои хизматрасонӣ, осон намудани кори инсон, рушд кардани ҷомеаи имрӯза ва ғайраҳо нақшагирӣ карда шудааст. Дар баробари ин пешравиҳо боз мушкилоте пеш меояд, ки аз тарафи мо, инсонҳо ин мушкилот эҷод шудааст. Системаҳои амниятӣ ба таври назаррас дар соҳаи технологияи иттилоотӣ рӯз аз рӯз афзоиш ёфта истодааст. Ин бо он хотир аст, ки хатари ҳамлаҳои шабакавӣ ё инфиродӣ бар зидди тамоми он корхонаҳое, ки бо таҷҳизоти замонавӣ, қувваҳои ядроӣ ва системаҳои силоҳи ҳастаӣ муҷаҳҳазанд, равона шудааст.
Дар асоси тадқиқот гуфта мешавад, ки он давлатҳои абарқудрате, ки силоҳи ҳастаӣ ва ё химиявӣ доранд, метавонанд аз тарафи киберҷинояткорон ба ҳамлаҳои киберӣ қарор бигиранд.
Идоракунии муосири корхонаҳои кимиёвӣ, нерӯгоҳҳои барқи атомӣ ва дигар сохторҳои муҳими ба ҳаминҳо монанд таҳти шикастани ҳакерҳои ҷинояткор ё ҳамлаи харобкор қарор мегиранд. Аз тарафи дигар, ба инфрасохтори иттилоотӣ, захираҳои стратегӣ, ки таваҷҷуҳи доимӣ доранд, аз назар дур нест.
Таъмини амният ва эътимод дар идоракунии системаҳои ядроӣ ҳамеша бо хатарҳо ва номуайянӣ оварда мерасонад. Бо кибер-ҳамлаҳо ё ниқобҳои нав ва таҳдидҳои эҳтимолӣ алоқаманд, аз он ҷумла аз тарафи ҳакерҳо хостори ба даст овардани дастрасӣ ба системаи силоҳи ҳастаӣ ва ё барои худ истифодаи силоҳи ҳастаиро таҷриба мегузаронанд.
Амният ва эътимоднокии фармондеҳӣ ва назорати силоҳи ҳастаӣ аз тарафи киберҷинояткорон ба пайдоиши мушкилоти нав дар соҳаи амнияти иттилоотӣ расонида, паҳншавии силоҳи ҳастаӣ ва таъмини низоми сиррӣ нисбат ба технологияҳои стратегӣ ҳастаӣ, масъалаҳои истеҳсоли яроқи стратегӣ ва барои таъмини амният киберҷинояткорӣ иншооти ҳастаӣ ҳадафи асосист.

Вируси «Петя» ҷаҳонро таҳдид мекунад?

Дар шабакаи интернетӣ вируси компютерӣ бо номи «Petya» паҳн шуда истодааст. Ин вирус хатарнокияш дар сатҳи баланд аст. Он яке аз дигаргунии барномаи хатарноки «WannaCry» буда, маълумоти дар компютери сироятшударо ба рамзҳо табдил медиҳад ва барқароркунии маълумотро ғайриимкон менамояд. Роҳи асосии паҳншаваии ин вирус почтаи электронӣ мебошад. Бинобар ин, ба таваҷҷуҳи истифодабарандагони интернет расонида мешавад, ки мактубҳои шахсони бегона ва файлҳоеро, ки дар он мактубҳо ҷойгир шудаанд, накушоянд. Аз почтаи электронӣ нест созанд ва саривақт барномаҳои зиддивирусиро навсозӣ кунанд.

Ҳуҷумҳои вирусҳои шабакавӣ ба сомонаи иҷтимоии Фейсбук

Вирусҳои шабакавӣ дар бахши тоҷикии Фейсбук рӯзҳои охир зиёд паҳн шудааст ва он аз номи дӯстон дар шакли пайванди видеоӣ ба дигарон равона мешавад. Ба корбарони Фейсбук маслиҳат дода мешавад, ки пайвандҳои шубҳанокро, ки аз номи дӯстон ворид мешаванд, накушоянд ва калидвожаҳояшонро иваз намоянд. Дар ҳолати нофаҳмӣ ба мутахассиси бахши техникаи электронии муассиса муроҷиат намоянд.

Рахнагарои байни давлатҳои абарқудрат

Сенати Амрико дар умури нерӯҳои мусаллаҳ ҷаласаи дахолати эҳтимолии рахнагарони Русия ба ҷараёни интихоботи президентии ИМА-ро ба баррасӣ гирифт.
Ҷон Маккейн гуфтааст, ки «ИМА бояд ба фаъолияти президенти Русия Владимир Путин алайҳи Амрико, алайҳи ҳамсояҳои Русия, амалҳои душманона алайҳи Украина ва ишғоли Қрим посухи таъсирбахш диҳад».
Ӯ қайд кард, ки душманони Амрико ба натиҷае расиданд, ки мукофоти ҳамлаҳои рахнагарона алайҳи кишвар хавфи онро тавҷеҳ мекунад. Маккейн аз Русия, Чин ва Кореяи Шимолӣ ҳамчун "душманон"-е ном бурда аст, ки бар зидди Амрико ҳамлаҳои рахнагарона анҷом медиҳанд.
Сенатори демократ Ҷек Рид дар суханронии худ гуфт, ки ҳукумати Русия на танҳо дар шикастани почтаҳои электронии Ҳизби демократии Амрико иштирок дошт, балки барои гумроҳ кардани шаҳрвандони кишвар ва халал ворид кардан ба равандҳои демократии Амрико хабарҳои бардурӯғ пахш кард.
Раҳбари истихбороти миллии Амрико Ҷеймс Клеппер ва дигар мақомоти баландпояи истихборот гуфтанд, ки Кремл дар фазои киберӣ хатти таҳоҷумиро пеш гирифта, ташкилотҳои давлатӣ, марказҳои зеҳнӣ, созмонҳои сиёсӣ ва ширкатҳоро ҳадаф қарор медиҳад.
Инчунин Клеппер зикр кард, ки бар иловаи гузорише, ки президент мегирад, идораҳои истихборот гузориши дигареро омода мекунанд, ки ба он маълумоти сиррӣ ворид намешаванд, аммо ба сурати умум табиати таҳдидҳо ва мушкилотро боз мекунанд.

Русия аз Трамп пуштибонӣ кардааст ё не?

Раёсати хадамоти истихбороти Амрико аз хулосаи мутахасисони Идораи Марказии Истихборот (ЦРУ), мегӯянд ҳадафи кибер-ҳамлаҳо ба Амрико ҷонибдорӣ аз номзадии Доналд Трамп аст пуштибонӣ намекунанд.
Идораи истихбороти миллӣ ин натиҷагириро, ки ҳамлаҳои ҳакерӣ ба системаи компютерии Амрико аз Русия ворид шудаанд, рад намекунад, аммо бинобар надоштани маълумоти дақиқ наметавонад дар бораи ҳадафи ҳамлаҳо хулоса барорад.
Хабарҳои ғайрирасмӣ, ки истихборот ҳадафи ҳамлаҳои ҳакерии Русияро пуштибонӣ аз Доналд Трамп хулоса кардааст, даъватҳоеро барои бозҷӯии вежаи порлумонӣ ба миён овард. Аммо президенти нав ҳақиқати хулосаи Идораи истихборотро дар мавриди кӯшишҳои Русия барои таъсиргузорӣ ба натиҷаи интихоботи Амрико зери суол бурд ва онро "масхаромез" унвон кард.

Ҳамлаи киберӣ ба бонкҳои Русия

Идораи амниятии Федеролии Русия (ФСБ) мегӯяд, ки "хадамоти махсуси хориҷӣ" бо ҳадафи баҳам задани эътидол дар сохтори молӣ ва кори бонкҳо ҳамлаи кибериро алайҳи Русия тарҳрезӣ карданд.
Ин ҳамла бояд 5 декабр оғоз мешуд ва сервере, ки бояд ин ҳамларо пеш мебурд, дар Ҳолланд буда, ба ширкати украинии BlazingFast тааллуқ дорад.
Гуфта мешавад, ки гӯё ин кибер-ҳамла маводеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва СМС-ҳоро пахш мекард, ки аз лағви муҷавизи бонкҳои Русия хабар медоданд.
Нашрияи "Коммерсант" навишт, ки як бонки Русия дар пайи ҳамлаи ҳакерӣ 100 миллион рублро аз даст додааст.

Ҷилавгирии Кохи Сафед аз Русия

Палатаи намояндагони Амрико барои ҷилавгирӣ аз таъсиргузории Русия ба кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои сиёсӣ тарҳи қонунро дар бораи таъсиси як сохтори нав ба тасвиб расонд.
Аксари намояндагони Конгресс, ҳам ҷумҳурихоҳон ва ҳам демократҳо, ба пуштибонӣ аз ин тарҳ райъ доданд.
Ба ин гуруҳи вежаи байни идоравӣ бояд намояндагони Хадамоти махсуси Амрико шомил шаванд. Ҳадафи сохтори нав муқовимат ба кушишҳои Русия ҷиҳати таъсиргузорӣ ба шахсони алоҳида ва ҳукуматҳо гуфта шудааст. Аз ҷумла, пахши хабарҳои ғайри қобили эътимод, фасодкорӣ, фаъолияти "агентҳои таъсиргузор"-и рус, ҳамчунин "террор ва кушторҳои фармоишӣ, ки элитаи сиёсии Русия, хадамоти махсуси ин кишвар ва дастнишондаҳои онҳо анҷом медиҳанд."
Хадамоти махсуси Амрико дар ин авохир борҳо дар бораи талоши Русия барои таъсиргузорӣ ба равандҳои сиёсии ИМА, ҳам бо роҳи таблиғот ва ҳам аз тариқи кибер-ҳамлаҳо, гузориш додааст.


Салим Гадоев, мутахассис оид ба компютер
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: