Табибон қишри барўманду дардошнои ҷомеа маҳсуб меёбанд, чун бо мардуми дардманд сарукор доранд. Кори онҳо сангину масъулиятталаб аст, аммо фаъолиятҳое, ки қаҳрамони мо, табиби ҳозиқу фарҳехта Ҷонибек Ҷононов пеш мебарад, боз ҳам мураккабтар аст.
Марҳилаҳои фаъолияти доктор Ҷононов бисёр пурпечутоб, аммо боиси ифтихоранд, зеро тавонистааст бо таҷрибаи ғание, ки дорад, ба дарди беморони зиёд даво ёбаду таҳсину ситоишҳо шунавад. Инъикоси тақдири чанд нафар бемор ва ҷарроҳиҳои нодири анҷомдодаи Ҷононов исбот мекунад, ки ў дар соҳаи худ то куҷо кордидаву чиррадаст аст.
Беҳрўз Шарифови 4-сола 14 августи соли 2021 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ногаҳон ба асбоби алафдарав (сенакасилка) бархўрда, пойи росташ буридаву пурра ҷудо шуд. Волидайни бемор сараввал ўро ба беморхонаи Ҷалолиддини Балхӣ бурданд. Табибони беморхона кумаки аввалияи тиббӣ, расонида тариқи телефон бо мутахассисони микроҷарроҳ тамос гирифтанд ва оид ба барқарор кардани он маслиҳат карданд, ба назди мутахассисон ба шаҳри Душанбе оварданд. Ҳамин амалиёт аз лаҳзаи канда шудани пой то оварда расонидан ба беморхонаи мазкур 2,5 соат тўл кашид. Табибони беморхонаи мазкур беморро аз муоина гузаронида, барои амалиёти ҷарроҳӣ омода карданд. Амалиёти ҷарроҳӣ 4 соат идома ёфт. Дар марҳилаи пас аз ҷарроҳӣ бемор маводҳои лозимаро ба пуррагӣ гирифта, дар умум 16 шабонарўз бистарӣ шуд ва айни ҳол аз маъюбии якумра пурра эмин мондааст.
Бояд гуфт, ки амалиёти ҷарроҳӣ бо роҳбарии Ҷонибек Ҷононов ва гурўҳи корӣ дар ҳайати Нисориддин Ҳомидов - ҷарроҳи навбатдор дар шуъбаи мазкур, Валиҷон Шарифов - анестезиолог дар ҳамин шуъба, Хуршед Норбобоев - анестезиолог, Маҳмадшариф Ҳасанов - аспиранти ҳамин марказ, Оламафрўз Ҷабборов - орденатори клиникӣ дар ҳамин марказ ва Беҳрўз Қурбонов - ординатори клиникӣ гузаронида шудааст.
Амалиёти ҷарроҳӣ бо тамоми нозукиҳояш анҷом гардида, натиҷаи дилхоҳ додааст. Аз ҳамин лиҳоз, бобои бемор - Асадулло бо хурсандии беканор ба Ҷононов ва ҳамкорони ў, ки вазифаи худро бо масъулияти тамом ва касбияти воло анҷом додаанд, изҳори сипос намуд.
Инчунин, шаҳрванд Аҳад Бобоқулов (соли таваллудаш 1962) санаи 24 ноябри соли 2021 бо ташхиси ринофимма ва бемориҳои ҳамрадиф, бемории диабети қанд, навъи 2, марҳилаи миёна вазнин бистарӣ шуд. Бемор тўли 20 соли охир ранҷ мебурдааст, яъне нафаскашиаш душвор буда, тавассути даҳон нафас мекашидааст. Дар давоми 20 сол ба чанд беморхонаи ҷумҳурӣ муроҷиат мекунад, аммо тавсия медиҳанд, ки давои дардаш фақат дар хориҷи кишвар анҷом меёбад. Номбурда бо тавсияи дигар беморони шифоёфта ба назди табиб Ҷонибек Ҷононов меояд. Пас аз муоинаҳо ба бемор амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида мешавад. Бемор ва духтурон аз натиҷаи амалиёт қаноатманд мегарданд. Бемор муддати 8 шабонарўз бистарӣ гардида, баъдан бо натиҷаи хуб аз беморхона ҷавоб мешавад.
Бояд зикр намуд, ки ин намуди бемориҳо танҳо бо усули ҷарроҳӣ бартараф шуда, айни замон табобати алтернативӣ надоранд.
Боз, шаҳрванд Маханов М. - зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, совхози Гулистон ҳангоми бо табар майда кардани ҳезум ногаҳон дасти бародари хурдиашро, ки 2 солу 2 моҳ дошт, мебурад. Волидайни ноболиғ Маханов М. аз ин ҳолат огоҳ шуда, фавран ба беморхонаи ҷойи истиқомат муроҷиат карда, пас аз кумаки тиббӣ бо тавсияи табибони беморхонаи мазкур кўдакро ба шуъбаи микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикии Маркази ҷарроҳии илмии ҷумҳуриявии дилу рагҳо меоранд. Бемор пас аз муоина ба амалиёти ҷарроҳӣ фаро гирифта мешавад. Ҷарроҳӣ бо роҳбарии Ҷонибек Ҷононов муддати 6 соат идома меёбад. Ин бемор муддати 12 шабонарўз бистарӣ гардида, бо натиҷаи хуб ҷавоб дода мешавад. Айни замон ў аз инкишоф ёфтан қафо намонда, аз маъюбии якумра раҳоӣ ёфтааст.
Инчунин, шаҳрванд Фозил Мирзоев - зодаи ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати Гулистон, деҳаи Тезгари поён бо шикоятҳо оид ба ҷой доштани ампутатсияи пурраи гилотинии травматикии ангуштони 1 ва 4 дар мавзеи фалангаи дисталӣ, ангуштони 2 ва 3 дар мавзеи фалангаҳои мобайни панҷаи ҳарду дастон тавассути мошини ёрии таъҷилӣ оварда шуд. Аз рўи нақли бемор ва ҳамроҳонаш, тақрибан 50 дақиқа пеш аз муроҷиат, ҳангоми кор кардан бо дастгоҳ (аппарати қоғазбурӣ) дар ҷои кор (полиграфӣ) ногаҳон панҷаи дастонаш зери дастгоҳ монда, дар натиҷа ангуштонашро мебурад. Дар МҶИҶДР гурўҳи кории микроҷарроҳон Абдумалик Давлатов, Ҷонибек Ҷононов, Ҳамза Сидиқ ва Ҷаҳонгир Додоҷонов бо муваффақият амалиёти ҷарроҳӣ гузаронданд. Бемор санаи 10 декабри соли 2015 бистарӣ гардида, 17 декабр ҷавоб шудааст.
Бино ба гуфтаи Ҷонибек Ҷононов, амалиётҳои ҷарроҳии реплантатсия хеле душвор буда, чанд марҳила доранд. Марҳилаи 1 - тайёр кардани ампутат, яъне узви кандашуда, марҳилаи 2 - тайёр кардани мунча (ампутатсионая култия), марҳилаи 3 - этапи травмотологӣ, яъне устухон, мушак ва пайҳо барқарор карда мешаванд, марҳилаи 4 - микроэтап, яъне зери микроскоп барқарор кардани шараён (артерия), варид (вена), асаб (нерв) бо нахҳои (ришта) борик ё мисли тори мўй борик. Ба таъкиди мавсуф, ин намуди амалиётҳо назорати махсусро талаб мекунанд.
- Устодони ман Каримҷон Оритиқов - профессори марказ, асосгузори микроҷарроҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Убайдулло Қурбонов - профессор, ректори Донишгоҳи тиббии Хатлон ва Ғафур Ҳоҷимуродов - муовини аввали вазири тандурустӣ, доктори илм, профессори сахтгир бевосита ба мо кумак мекунанд. Миннатдор аз онем, ки бо дастгирии ҳамин устодон ба ҳамин мартабаҳо расидем,- меафзояд Ҷонибек Ҷононов.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатамон, шуъбаи онҳо ҳам дар самти тандурустӣ ва ҳам дар самти иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ саҳми калон дорад. “Яъне беморон вақте ҷароҳати ҷисмонӣ мебардоранд, волидайни онҳо садамаи психологиву сотсиологӣ мегиранд, ки чунин ҳолат ба вазъи иҷтимоии оила зарари калон аст. Пас аз кумакҳои духтурони шуъбаи мо ин беморон пурра ба ҳолати аввалаашон баргашта, вазъи иҷтимоии оилаашон дубора барқарор мешавад”,- меафзояд ў.
Аз суҳбат бо ҳамкорони Ҷонибек Ҷононов ва маризону пайвандони онҳо маълум гардид, ки ҳамагон нисбати ў эҳтиром доранд ва аз хизматрасониҳои хубаш қаноатманд ҳастанд. Бархе ҳатто аз сифатнокии кори мавсуф тавсиф карда, изҳор доштанд, ки корафтодагону беморон набояд чунин табиби ҳозиқро сарфи назар намоянд, зеро вақте имконият дар дохили кишвар барои табобати бемориҳову ҷарроҳиҳои нодир ҳаст, маблағи зиёд харҷ кардаву ба хориҷа баҳри табобату ҷарроҳӣ рафтан шарт нест.
ШАРҲИ ҲОЛ:
Ҷононов Ҷонибек Давлатбекович 9-уми марти соли 1979 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таваллуд шудааст. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Синоро хатм намудааст. Аз соли 2002 то соли 2004 дар магистратураи риштаи ҷарроҳии донишгоҳи номбурда таҳсил кардааст. Аз соли 2005 ин ҷониб дар Шуъбаи микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикии Маркази ҷарроҳии илмии ҷумҳуриявии дилу рагҳо (Медгородок) фаъолият дорад.
Ҷонибек Ҷононов соли 2010 рисолаи илмии худро дар мавзўи “Бартараф намудани контрактураҳои пас аз сўхтаи мавсалҳои андомҳо” ҳимоя намудааст. Зиёда аз 5 мақолаи илмӣ ва беш аз 30 фишурдаҳои илмӣ навиштааст. Соли 2011 ба унвони “Олими ҷавон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” байни ҳамаи донишгоҳҳои Тоҷикистон аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Соли 2012 дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия дар Академияи тиббии Қазон ва соли 2015 дар Олмон дар клиникаи Донишгоҳи ба номи Гёте таҷрибаомўзӣ кардааст.
Соли 2012 аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ў унвони «Ҷарроҳи дараҷаи олӣ» дода шудааст.
Дар конфронсҳои илмиву амалӣ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он, аз ҷумла дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон (соли 2010), дар Федератсияи Россия, шаҳри Томск - якумин Саммити микроҷарроҳони федератсияи Россия ва давлатҳои хориҷа иштирок намудааст.
Олиладор, соҳиби 3 фарзанд аст.
Шаҳноза АБДУЛЛОЕВА,
«Минбари халц»