ОМИЛҲО ВА ПЕШГИРИИ ПАЙДОШАВИИ САНГ ДАР ТАЛХАДОН27-04-2023, 11:30
Хабарро хонданд: 576 нафар
Назарҳо: 0
Солҳои охир шумораи гирифторони бемории санги талхадон дар ҷумҳурӣ якбора афзудааст. Хусусан, миёни ҷавонон гирифторӣ ба ин беморӣ дар ҳоли афзоиш мебошад. Вобаста ба сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои табобати он суҳбате оростем бо Ғиёсуддин Мироҷов - академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Арбоби илму техника, профессор,дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино. -Аслан,сабаби пайдоиши санг дар талхадон дарчист? -Ин беморӣ асосан бештар дар занҳои фарбеҳ ва ҳомила зиёдмушоҳида мешавад. Санги талхадону фарбеҳӣ бо ҳам вобастагии амиқ доранд. Шахсоне, ки вазни вазнин доранд ҷигари онҳо калон мешавад, яъне чарб зер мекунад, ғайр аз ин, ҷигар холестеринро аз меъёр зиёд ҳосил мекунад. Чарб, ки зиёд шуд, ҳосилшавии туршоб (кислота)-ҳоиталха пастшуда, ба вайроншавии мутаносибии холестерин ва туршобҳои талхагӣ оварда мерасонад, ки ин асоси пайдошавии санг мегардад. Талхадон барои ҳазми хӯрок он қадар муҳим набошад ҳам, аммо талхае, ки дар он ҷамъ мешаваду ба рӯдаи дувоздаҳангушта ворид мегардад, барои ҷабиши витаминҳову чарбҳо ниҳоят зарур аст.Талха доимо дар талхадон меистад, дар вақти зарурӣ, ба рӯдаи дувоздаҳангушта ворид мегардад, агар лозим набошад, дар ҳолати моеъ меистад. Барои мисол, як дараҷае, ки шумоғизо хӯрдед, ҳамон вақт талхадон ҷабида мешавад ва як қисми талхӣ ба рӯдаи дувоздаҳангушта барои ҳазми хӯрок ворид мешавад. Аммо ин талхӣ доимо дар талхадон меистад, вақте ки лозим шавад, баъд ба рӯдаи дувоздаҳангушта ворид мегардад, агар лозим набошад, дар ҳамон рӯдаи дувоздаҳангушта дар ҳолати моеъ қарор мегирад. Агарчарб ва холестеринзиёд шавадутуршобҳои талха кам, пас ҳолати моеи талхӣ вайрон шуда,холестерин дар талхадон тагшин мешавад. Бояд гуфт, ки ҷигар худҳангоми фарбеҳӣталхиеҳосил мекунад, ки таркибаш литогенист ва чунин ҳолатроҳолатисангҳосилшавиитоклинкӣменоманд, кионбавайроншавииферменте, кибасинтезихолестеринвакислотаҳоиталхавобастагӣдорад,ҳосилшавииталхаимуътадилроназорат мекунад. Вақтекикориинферментвайроншавад, пасмуътадилииҳосилшавииталхаазназоратберунмемонад. Ҳамчунин, бояд қайд намуд, ки сарчашмаи асосии пайдошавии сангҳо дар талхадон ин вайроншавии мубодилаи холестерину кислотаҳои талхагӣ ва дигар модаҳо, аз ҷумла фосфолипидҳомебошанд, ки бапайдоишисангҳоихолестеринӣсабаб мегардад.Дуру дароз ҷамъшавииталха дар талхадон ба камҳаракатӣ ва баилтиҳоб оварда расонда, боиси пайдо шудани сангҳои билирубинӣваомехтамегардад. - Оё пайдоиши санг дар талхадон ягон нишонаи хоси худро дорад? -Маъмулан, санги талхадон дар оғози пайдоиш қариб, ки бе нишона ҷараён мегирад, вале ин хомӯшии пеш аз тӯфонро мемонад. Вақте ки беморӣ авҷ гирифта, сангҳо роҳҳои талхадон ва талхигузарро банд мекунанд, дарди хеле шадид ба вуҷуд омада,беморро азият медиҳад. Одатан дард бештар дар зери қабурғаи рост эҳсос мешавад ва дар қисмати болои шикам низ дарди нороҳаткунанда маризро азият медиҳад. Ҳангоми хурӯҷи дарди талхадон ба ғайр аз дарди сахт дар нимаи рост, яъне дар ҳамон мавзее, ки талхадон ҷойгир шудааст, ҳамчунин, дилбеҳузурӣоғоз шуда, бемор пайдарпай қай кардан мегирад. Ин бисёр ҳолати тоқатфарсо буда, бар асари дарду қайкунию дилбеҳузурӣ мариз зуд хаставу бемадор мешавад... -Санги талхадон дар бадани мардон бештар хатарнок аст ё дар занон? -Ин беморӣҳам барои мард ва ҳам барои зан хатарҳои муайян дорад.Барои занҳои ҳомила хатари бештар дорад. -Чаро? -Гап сари он аст, ки агар талхадони зан санг дошта бошад ва дар моҳҳои охири ҳомиладорӣ, яъне дар 7-8 моҳагии тифли батнаш дарди талхадони ӯ якбора хурӯҷ кунад, дар ин ҳолат бо усули замонавии видеолапароскопия ҷарроҳӣ кардан номумкин аст. Аммо агар санг дар роҳҳои талха бошад, пас,ҷарроҳон маҷбур мешаванд, ки бо усули муқаррарӣ, яъне бо буриши калон зани ҳомиларо ҷарроҳӣ намуда, талхадонро гиранд. Албатта, ин ҳам барои зан ва ҳам барои тифли батнаш хавфнок буда, баъзан оқибатҳои нохушро ба бор меорад. - Барои пешгирии чунин ҳолатҳо чӣ бояд кард? - Роҳҳои пешгирӣ ин харобшавӣ ва истеъмоли ғизои солим аст. Дар таркиби ғизо бояд чарб ва ангиштобҳо кам бошад. Чарбу ва ангиштобҳо кам бошад, ҳосилшавии холестеринҳам кам мешавад. Ҳосилшавии холестерин, ки кам ва туршобҳои зиёд шавад, пас, албатта, пешгирии пайдошавии санг дар талхадон ҳам пайдо мешавад. Бояд гуфт, ки агар талхадон хуб фаъолият кунад, ҷабиши он муътадил бошад, дар ин ҳолат дар талхадон пайдо шудани санг ғайриимкон аст. Аслан,ҳар як инсон бояд соле лоақал як маротиба аз ташхиси пурраи тиббӣ гузашта, аз вазъи саломатии худ бохабар гардад. Баҳамин хотир, ман ҳамчун табиб ба занҳое, ки нақшаи таваллуди фарзандро доранд, маслиҳат медиҳам, ки пешакӣ аз ташхис гузаранд ва дар сурати дар талхадонашон мавҷуд будани санг, аввал ин ки мушкилро ҳал карда, баъдан ҳомиладор шуданро ба нақша гиранд ва дар фикри тавлиди фарзанд бошанд. Набояд фаромӯш кард, ки саломатии тифле, ки зан ба дунё меорад, пеш аз ҳама, ба саломатии худи модар вобастагӣ дорад. Зан агар худаш солим бошад, фарзанди солим ба дунё меорад. -Бисёриҳо бар он андешаанд, ки санги талхадон чандон бемории хатарнок нест ва сангҳоро бо нӯшидани гиёҳоб ва давоҳои табиӣ низ нобуд кардан мумкин аст? -Дар ғизое, ки инсон истеъмол мекунад, бояд бофтаҳои растанӣ зиёд бошад. Ҳоло фасли баҳор аст, сарзамини мо аз алафҳои тару тоза ба монанди чукрӣ, чоқла, торон, сиёҳалаф ва ғайра бой аст. Агар аҳолӣ аз чунин растаниҳо истифода баранд, он аз манфиат холӣ нест. Айни замон усулҳои нави замонавии об кардани сангҳоихолестеринӣвуҷуддорад, кияке аз онҳороусулихолелитолитикӣ меноманд ва доругӣ бошад, ба воситаи доруи урсохолелитолитикӣ иҷро мекунанд. Табобат накардани санги талхадон метавонад боиси гирифторшавии инсон боз ба як бемории дигар-панкреатити музмин гардад. Ба ғайр аз ин, дармондани санг дар роҳҳои талхагузар боиси оризаҳои вазнин, аз қабили зарпарвини механикӣ гашта метавонад. Баъзан, талхадони сангдор боиси илтиҳоби гашта, хӯрдани ғизоҳои чарбдор ва нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ ё анҷом додани ягон кори вазнини ҷисмонӣ боиси хурӯҷи дард гашта метавонад. Дар чунин ҳолатхолетсистити шадиди сангдор ба амал меояд, ки талабусули табобатиҷарроҳиро фавран менамояд. -Санги талхадонро дар шароити хона, яъне мустақилона табобат кардан имконпазир аст? - Ҳамчун табиб ман худтабобаткуниро маслиҳат намедиҳам. Чаро? Аввалан, вақте ки дар талхадон санг вуҷуд дорад, сарфи назар аз он ки санги калон аст ё сангҳои хурд-хурди бисёр, холетсиститро ба пуррагӣ табобат кардан имкон надорад.Баъдан, вақте бемор барои резондани санг ягон гиёҳоб менӯшад, сангҳо майда шуда, хавфи рафтани санг ба роҳҳои талхагузар ва дармондани санг ба миён меояд. Ин бисёр хатарнок аст, чунки бемор метавонад бар асари дармондани санг дар роҳҳои талхагузар ба зардпарвини механикӣ гирифтор шавад. Дармондани санг дар роҳҳои талхагузар ҳатто боиси зардшавии механикӣ, панкреанекроз ваҳатто марги инсон гардад.Дар чунин ҳолат бояд мариз сари вақт ба беморхона расондава амалиёти ҷарроҳӣанҷом додашавад... -Маслиҳати шумо ҳамчун табиб ба шахсоне, ки аз санги талхадон азият мекашанд. -Саломатии ҳар як инсон, пеш аз ҳама, дар дасти худи ӯст.Яъне, табиби аввалини ҳар як инсон худи ӯ мебошад. Бинобар ин, беморон бепарвоӣ накарда, бояд сари вақтба табибон муроҷиат намоянд. - Ташаккур барои мусоҳиба. Умедворем, ки суҳбати мо барои хонандагон ва беморон муфиду судовархоҳад буд! Суҳбаторо: Саида ҲОҶАЕВА |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.