Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » СИЁСАТИ МУВАФФАҚ ВА ТАШАББУСҲОИ ОЯНДАСОЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ОМИЛИ ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКИСТОН БО ҶАҲОНИ МУОСИР

СИЁСАТИ МУВАФФАҚ ВА ТАШАББУСҲОИ ОЯНДАСОЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ОМИЛИ ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКИСТОН БО ҶАҲОНИ МУОСИР

23-02-2024, 09:38
Хабарро хонданд: 281 нафар
Назарҳо: 0
СИЁСАТИ МУВАФФАҚ ВА ТАШАББУСҲОИ ОЯНДАСОЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ОМИЛИ ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКИСТОН БО ҶАҲОНИ МУОСИР


Марҳилаҳои муосири инкишофи муносибатҳои байналмилалӣ алоқамандии зич ва таъсирбахшии мутақобилаи ҳамкориҳоро дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо менамояд. Зеро, маҳз дар ҳамбастагӣ ва ҳамкории муштарак инсоният ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мураккабу мубрам қодир буда метавонад.
Аз чунин мавқеъ сиёсати хориҷӣ ин роҳу самтҳои муайянкардаи давлат дар фаъолияти байналмилалӣ мебошад, ки ин муносибатҳоро бо дигар давлатҳо вобаста ба принсип ва манфиатҳои худ ба воситаи шакл ва усулҳои гуногун ба амал мебарорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири истиқлоли сиёсӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти барӯманд тавонист ҷойгоҳи шоиста ва таърихиеро дар ҷаҳони муосир ва арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд, илова бар ин, ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Имрӯз аз рисолати волои истиқлолият миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи байналмилалӣ эътироф намудааст.
Боиси зикр аст, ки дар ҳама давру замон кишварҳои алоҳида ҷиҳати ҳифзи манофеи миллии худ дар арсаи байналмилалӣ, расидан ба ҳадафҳои умумибашарӣ ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ба як навъ ҳамгироиву иттиҳоди боэътимоду боварибахш ниёз доранд. Аз ин лиҳоз, ба роҳ мондани чунин навъи иттиҳоди боэътимод дар шакли созмонҳои байналмилалӣ, ки яке аз ниҳодҳои пуриқтидори дастгирии сулҳ ва амнияти байналмилалӣ мебошанд, омили асосии расидан ба марому мақсадҳои ягона дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Вақте аз назари коршиносӣ ва диди воқеъбинона баҳо диҳем, ки чи гуна Ҷумҳурии Тоҷикистон – як кишвари ошӯбзадаву дар ҳоли ҷанг қарордошта ба оромтарину босуботтарин кишвари минтақа ва яке аз кишварҳои осоиштаву бонизом дар ҷаҳон табдил ёфт, мусаллам хоҳад гашт, ки бешубҳа, ин ҳама дастоварду комёбиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи барномарезии дақиқ, талошҳои пайгирона ва хидматҳои софдилонаи фарзанди фарзонаи миллати шарафманди тоҷик, қаҳрамони миллат Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон аст.
Нигоҳе аз даричаи имрӯз ба рӯзҳои аввали таъсиси давлатдории тоҷикон пас аз истиқлол ва ташаккули заминаҳои сиёсати хориҷӣ нишон медиҳад, ки роҳандозии сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ низ дар он шабу рӯз чун ҷузъи раванди умумии ҳаводиси кишварҳои пасошӯравӣ сурат мегирифт.
Таҷрибаи таърихи сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки доштани Пешвои миллӣ, эътирофи бунёдгузори давлат барои рушди худшиносӣ ва роҳи ҳамвори тараққиёти давлатдорӣ вобаста ба шароити дохилию байналмилалӣ шарт ва зарур аст. Маҳз барои миллати азиятзада, ранҷкашида ва борҳо аз давлатдорӣ маҳрумгардидаи тоҷик дар шароити ҷаҳони ноороми имрӯз доштани Пешвои сиёсӣ, эътирофи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” ҳамчун рамзи муттаҳидии халқ атрофи ғоя ва андешаҳои ӯ аҳамияти бештари таърихӣ, замонавӣ ва ояндабиниро касб мекунад.
Бо шарофати хиради стратегӣ, иродаи қавӣ ва малакаи беназири сиёсии худ, Пешвои миллат дар як муддати нисбатан кӯтоҳ асосҳои давлатдории миллиро эҳё намуда, шиддати ҷанги бародаркуши шаҳрвандиро дарҳам шикананд ва ба раванди барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар оғоз бахшанд. Дар ин замина Пешвои миллат истифодаи самараноки имкониятҳои байналмилалиро ҷиҳати фурӯ нишондани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар ба ҳайси вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати хориҷӣ қарор доданд.
Пешвои миллат иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи равшан ва мусбии робитаи байни “амният” ва “рушд” ба ҳисоб меравад. Бо кӯмак ва мусоидати Созмони Милали Муттаҳид мо аввалин шуда, барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди ҳазорсола эҳтиёҷи кишварамонро ҳамаҷониба арзёбӣ намудем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат тавонистанд дар даврони истиқлолият на танҳо равобити судманд бо ҷаҳони хориҷ барқарор созанд, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ шинохта шавад.
Таърихи ҷаҳон собит месозад, ки дипломатия нахуст дар заминаи созишномаҳои байнидавлатӣ рӯи кор омадааст, ки аз ҷониби ҳокимон ва шоҳони бонуфузи давлатҳо расмияти ҳуқуқӣ пайдо намудааст. Пайдоиши он, пеш аз ҳама, ба зарурати таъмини амният, иттиҳоди инсонҳо ва ҳамгироии давлатҳо иртибот дорад. Зеро баъди фоҷиаҳои хунини байнидавлатӣ шоҳони давлатҳои қадим барои наҷоти давлат ва халқи худ рӯй ба ҷониби гуфтушунид меоварданд, ки дар таърихи инсоният бо номи дипломатия маъруф аст.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро истеҳком бахшид ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортар дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард.
Яъне, ҳадафи ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд таъкиди зарурати ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ҳамчун ҳастии ҳаёт ва рушди устувори инсоният аст. Дигар ин ки, яке аз ҳадафҳои бунёдии расидан ба мақсадҳои пешгузоштаи давлат оид ба беҳдошти вазъи экологӣ, ҳамчунин ҳифзи захираҳои обӣ мақоми ҳар як узви ҷомеа низ калидӣ маънидод мегардад. Аз ин рӯ, масъалаи муносибати оқилонаю сарфакорона ба об ҳамчун неъмати бебаҳо ва бо чизе ивазнашавандаи табиат Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 20 соли охир ташаббускори фаъоли масъалаҳои марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ бо Пешвои миллат яке аз ҷойгоҳи калидиро дар меҳвари сиёсати умумиҷаҳонӣ касб намудааст.
Ҳамзамон Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз асосгузорон ва узви фаъоли Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор ва Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии ҳоҷагии оби Осиёи Марказӣ аст. Аз ин лиҳоз, ҷумҳурии мо бо дарназардошти манфиатҳои кишварҳои наздисоҳилӣ бояд аз захираҳои оби дар ихтиёрдоштааш оқилона истифода намояд.
Албатта, ин пазироӣ ба сифати кишвари ташаббускор асосҳои худро дошта, дар ин замина то ба имрўз дар аксари паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои экологӣ ва ҳалли мушкилоти соҳа дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон зикри худро ёфтаанд.
Алалхусус, дар меҳвари паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан масъалаҳои тағйирёбии иқлим, норасоии оби нўшокӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини аманияти экологии инсоният қарор гирифтааст.
Аз ин рӯ, масоили вобаста ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, норасоии оби нӯшокӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии инсоният дар меҳвари ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат чунин иброз менамоянд: “…тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. Ман оид ба ин масъала аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ борҳо таъкид карда будам. Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили экологӣ ҳарчи зудтар чораҳои зурурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд”.
Аз ин лиҳоз, ба назари мо, чунин ташаббус ва иқдомоти Пешвои миллат, ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди устувори кишвар дар солҳои дигар мусоидат карда, бар замми ин барои тақвияту вусъати ҳамкориҳои мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якқатор созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба мисли Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаву ниҳодҳои он заминаи манфиатовар мегузорад.
Қобили зикр аст, ки дар чаҳорчўби пешниҳодҳои болозикри ҷониби Тоҷикистон дар соли 2025 дастгирӣ ёфтани баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе – пойтахти кишвари азизи мо аз ҷониби аксари кишварҳои ҷаҳон бозгўйи давлати пешоҳанг ва бунёдгузори ташаббусҳои созандаву фарогир будани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Воқеан, баргузории конфронси мазкур метавонад барои муколамаи сатҳи байналмилалии илмӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ роҷеъ ба ҳалли масъалаҳои бартарафсозии хатарҳои обшавии пиряхҳо ва таъминоти аҳолии сайёра бо об замина фароҳам созад. Бо дарназардошти ин, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона пазируфта шуд, ки ҳолати мазкур некбинона ва ояндасоз будани сиёсати экологии Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои муаззами миллатро ифода менамояд.
Дар баробари ин, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои милливу байналмилалӣ ва мақсаднок гузаронидани Конфронси болозикр вазорату идораҳо, ташкилоту муассиса, ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилоти байналмилаливу ҷамъиятии дар ҳудуди кишвар фаъолияткунандаро зарур аст, ки мушкилот, масъалаҳо, мавзӯъҳо ва таҳқиқоти илмиву амалии марбут ба ҳифзи прияхҳоро коркард намуда, ҷиҳати чораандешии дарозмуҳлат дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои баррасӣ дар ҳамоиши мазкур пешниҳод созанд.
Дар чунин дунёи пурталотум сиёсати хориҷии мустақил ва озод, ки тавассути Пешвои миллат роҳандозӣ ва ҳидоят мешавад, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бо чанд маркази муҳимми қудрат ва бозингарони асосии ҷаҳон ва минтақа муносибати ботавозун ва баробар дошта бошад.
Умумияти ҳадафу вазифаҳое, ки дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, зарурати рушду таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии онҳоро бар пояи дӯстӣ, эътимод ва ҳамкории судманд, аз ҷумла дар арсаи тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва иҷтимоиёт таъкид менамоянд. Бо такя ба ин усул мо метавонем ҳамкориро дар соҳаи амният низ густариш бахшида, ҳамроҳ бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳонии муосир дар минтақа муқовимат ва истодагарӣ намоем.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш нуфуз ва мавқеи худро мустаҳкам нигоҳ медорад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳаллу фасли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимод дорад.
РАҲМОНЗОДА. А
вакили Маҷлиси
вакилони халқи н. Шаҳринав
Аъзои фаъоли ҲХДТ
номзади илмҳои таърих
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: