Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВАЛИХАН ТУРЕХАНОВ: “ТОҶИКИСТОН АЗ ДӮСТОНИ НАЗДИКТАРИНИ МОСТ”

ВАЛИХАН ТУРЕХАНОВ: “ТОҶИКИСТОН АЗ ДӮСТОНИ НАЗДИКТАРИНИ МОСТ”

24-12-2025, 11:29
Хабарро хонданд: 48 нафар
Назарҳо: 0
ВАЛИХАН ТУРЕХАНОВ: “ТОҶИКИСТОН АЗ ДӮСТОНИ НАЗДИКТАРИНИ МОСТ”
-Ҷамъбасти соли равонро натиҷагирӣ ва дурнамои муносиботи муштараки кишварҳоро муайян карда, бо боварӣ метавон гуфт, ки ин давра барои Қазоқистон ва Тоҷикистон марҳалаи ҳамкориҳои дорои зарфияти ғанӣ ва самаранок гардид,-иброз дошт Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов.
-Мо ташаббусҳои кишвари шуморо таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди устувор ва таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ баланд арзёбӣ карда, ҳамчун заминаи қавӣ барои боз ҳам мустаҳкам гардидани тамоми маҷмуи муносиботи тарафайн қабул дорем, афзуд дар идома Валихан Туреханов.
Дар чорабинии натиҷагирии солона, ки аз ҷониби сафорати кишвари дӯстбаргузор гардид, намояндагони васоити ахбори омма ва коршиносони ватанӣ иштирок доштанд.
Ба иттилои сафир, муколамаи сиёсӣ дар соли 2025 дорои сатҳи баланди самаранокӣ буда, дар давоми сол сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қазоқистон дар ҳошияи Ҷаласаи якҷояи роҳбарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Италия” ва “Осиёи Марказӣ ва Чин”, ҳамчунин сафари Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон доир гардиданд.
Моҳи феврал вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Остона ташриф оварда, моҳи март аз Душанбе ҳайати Комиссияи марказии интихоботва вакилони Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон барои назорати интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Моҳи май Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе иштирок дошт, ки бори дигар нақши муҳимми пойтахти тоҷиконро дар фаъолияти ин ташкилоти бонуфузи минтақавӣ бозгӯ мекунад.
Моҳи июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, дар нишасти якҷояи сарони кишварҳои дуввуми “Осиёи Марказӣ-Чин” ва чорабиниҳои вобаста бо иштироки роҳбарони мақомоти соҳавӣ ҳузур доштанд.
Идомаи мантиқии ин робитаҳо сафари кории муовини Сарвазир-вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мурат Нуртлеу ба Тоҷикистон гардид, ки зимни он дар раванди вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили шарикии стратегӣ, амнияти минтақавӣ ва татбиқи амалии созишномаҳои баимзорасидашуда муфассал муҳокима гардиданд.
Натиҷаи муҳим баимзорасии “Созишнома дар бораи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри XXI”, ҳамчунин, тасдиқи дурнамои зиёдшавии тарафайни мубодилаи мол то 2 миллиард доллари амрикоӣ гардид.
Ҷониби Қазоқистон омодагии худро барои иловатан зиёд намудани содироти маҳсулоти озуқаворӣ, кишоварзӣ ва мошинсозӣдар ҳаҷми наздики 200 миллион доллари ИМА изҳор дошт.Дар ин замина, шаҳри Душанбе дар соли 2025 ба яке аз майдонҳои калидии муоширати байналмилалии минтақавӣ табдил гашт.
Дар ин ҷо Ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, вохӯрии тарҳи “Осиёи Марказӣ-Россия”, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе-Инвест-2025” баргузор гардиданд, ки Қазоқистон дар ин чорабиниҳои бонуфузи сатҳи байналмилалӣ дар сатҳи баланд ширкат дошт.
Ғайр аз ин, дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаҳои гурӯҳҳои коршиносони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай, конфронсҳои масоили дипломатияи об, иқлим, рушди рақамӣ, ҳамчунин, чорабиниҳои таҳти васояти Созмони Милали Муттаҳид ва ЭСКАТО (Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳавзаи Осиё ва Уқёнуси Ором-А.Д.) доир гардиданд.
Моҳи ноябр рӯнамоии Гузориши глобалии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд.
Қазоқистон дар ҳамаи чорабиниҳои байналмилалии зикргардида иштироки фаъолона дошта, мавқеи солимонаи ҷониби Тоҷикистонро барои муҳокимаи ташаббусҳои кишвар, аз ҷумла лоиҳаи созмон додани Маркази омӯзиши масъалаҳои оби Созмони ҳамкории Шанхайро махсус истиқбол мекунад.
Вобаста ба масоили ҳамкориҳои дуҷониба Валихан Туреханов изҳор дошт, ки дар ин самт заминаи рушди устувор гузошта шудааст:
-Яке аз самтҳои калидии муносиботи тарафайн ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ мебошанд.
Тибқи омори ҷониби тоҷикистонӣ, дар панҷ соли охир гардиши мол миёни кишварҳои мо 29 фоиз афзуда, он аз 909,8 миллион доллар дар соли 2020 то ба 1,29 миллиард доллари ИМА дар соли 2024 расид.
Дар даҳ моҳи соли 2025 муомилоти савдои берунӣ 981,8 миллион долларро ташкил дода, дар натиҷагирии солона баромадан ба сатҳи 1,2 миллиард доллар интизорӣ меравад.
Содироти Қазоқистон ба Тоҷикистон ба 906,8 миллион доллар расида, 13,7 фоизи ҳаҷми умумии воридоти кишварро ташкил дод.
Содироти Тоҷикистон ба Қазоқистон 75 миллион долларро ташкил дод ва ин рақамҳо пайваста дар ҳоли афзоиш ҳастанд,-гуфт сафир.
Чуноне қайд гардид, ба афзоиши савдои мутақобила таъминоти озуқаворӣ, маҳсулоти оҳан, нафтӣ, саноати кимиёвӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти гуногун таъсиррасон мебошанд.
Пайи ин нишондодҳо манфиати устувори тиҷоратӣ, фаъолияти босуботи долонҳои нақлиётӣ ва васеъшавии ҳамгироии саноатӣ меистад, ки дар ин самт фаъолияти ниҳодҳои дахлдори кишварҳои мо бунёдӣ аст.
Барои татбиқи амалии вазифаҳои аз ҷониби сарони давлатҳо гузошташуда корҳои мушаххас ба иҷро расонида мешавад.
Валихан Туреханов густариши ҳамкориҳоро дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла тиҷорат, бонкдорӣ, рақамикунонӣ, ҳарбӣ-техникӣ, маориф, фарҳангӣ-маданӣ қайд карда, гуфт, ки кишварҳои мо, ҳамчун шарикони стратегӣ, дар ин самт фаъол буда, натиҷаҳо босамар ҳастанд.
Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти амниятии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дидгоҳ ва мавқеи ягона дошта, дар заминаи таҳдиду хатарҳои гуногуни муосир дастҷамъона фаъолият мекунанд.
Соли 2025 Қазоқистон, ба ҳайси шарики боэътимоди стратегӣ, ба Тоҷикистон дар шакли ғаллаи ғизоӣ ва сӯзишвории дизелӣ дар ҳаҷми 3,6 миллион доллари ИМА кумаки башардӯстона расонд.
Дар панҷ соли охир ҳаҷми умумии кумакҳои башардӯстона марзи 21 миллион долларро убур карда, аз ҷониби Қазоқистон ҳамчун нишон додани ҳамдилӣ ва шарикии воқеӣ дар давраҳои масъулиятбор ба қалам дода мешавад:
-Ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии Қазоқистон ҷойгоҳи махсусро ишғол мекунад. Президенти кишвари мо ҳамеша таъкид мекунад, ки муносиботи мо дар заминаи эҳтироми тарафайн, боварӣ ва масъулияти умумӣ дар ояндаи Осиёи Марказӣ бунёд ёфтаанд.
Мо минбаъд низ сатҳи баланди алоқаҳои сиёсӣ ва ҳамоҳангсозии зичро дар ҳошияи механизмҳои дуҷониба дастгирӣ мекунем ва тақвият мебахшем.
Дар соҳаи иқтисодиёт мо бо мақсади расонидани гардиши тарафайни мол дар ҳаҷми 2 миллиард доллар устуворона пеш рафта, номгӯйи таъминоти содиротшавандаро зиёд ва лоиҳаҳои навро дар саноат, коркарди кишоварзӣ, логистика ва савдои рақамӣ амалӣ хоҳем кард.
Дар соҳаи иҷтимоӣ диққати махсус ба ҳамкориҳо дар сохаи тиб (дар Тоҷикистон гузаронидани Рӯзҳои тибби Қазоқистон бо иштироки мутахассисони соҳавии ин кишвар дар назар дошта шудааст-А.Д.), гуманитарӣ, барномаҳои таълимӣ ва мубодилаи академикӣ дода хоҳад шуд. Дар платформаҳои бисёрҷониба кишварҳои мо ҳамкориҳои зичро дар ҳошияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Шурои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ вусъат бахшида, диққати асосиро ба масоили амниятӣ, об, энергетика, нақлиёт ва иқлим равона хоҳанд кард.
Итминони комил дорам, ки ба шарофати боварии тарафайн ва иродаи сиёсии сарварони мо соли 2026 соли натиҷаҳои нави самарабор хоҳад шуд.
Қазоқистон Тоҷикистонро ба сифати кишвари дӯст, шарики наздик ва боварибахш қабул намуда, ҳамкориҳоро боз ҳам густариш хоҳад дод.
Дар Қазоқистон зиёда аз 50 ҳазор тоҷикони бумӣ-фарзандони куҳану содиқи сарзамини мо ба сар мебаранд, онҳо пайвандгар, ҳамчун пули устувори мардумони ду кишвар ҳастанд ва мо онҳоро дӯст дорем ва эҳтиром мегузорем.
Кишварҳои моро таърихан равобити дӯстиву бародарӣ ба ҳам мепайванданд, мо дорои муштаракот ва ба муносиботи тарафайн судманду ҳамгироии амиқ маҳкум ҳастем. Дар ин масъала ман хушбинам ин хушбиниро заминаи боътимоду қавӣ мавҷуд аст,-иброз дошт дар хотима Валихан Туреханов.

Азамат ДӮСТОВ,

“Минбари халқ”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: