Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сарфаи барқ ва фарҳанги истифодаи он

Сарфаи барқ ва фарҳанги истифодаи он

24-12-2020, 10:26
Хабарро хонданд: 550 нафар
Назарҳо: 0
Сарфаи барқ ва фарҳанги истифодаи он
Мардуми тоҷик дорои таърихи бузург буда, соҳибтамаддун ва бавуҷудоварандаи маданияти хоса дар Осиёи марказӣ мебошанд. Чи гунае, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, ин халқ барои инкишофи аксари соҳаҳои дунё нақши чашмрасе дошта, хусусан соҳаҳои илм ва тамаддуни барҷастаи инсониро ба таври возеҳ тақвият бахшидаанд. Халқи тоҷик дар истифодаи неъматҳои мавҷудаи дунё низ дар тӯли таърих муносибати хирадмандона ва истифодаи оқилона намудаанд.
Дар ин аср, яке аз муайянкунандаҳои маданият ва фарҳанги волои инсонӣ ин маданият ва фарҳанги истифодаи сарфакоронаи барқ мебошад. Дар муносибат ба истифодаи неруи барқ мардуми тоҷик бояд аз худ як фарҳанги воло ва муносибати оқилонаро нишон диҳанд. Чи гунае, ки худ медонед масъалаи тавлид ё истеҳсоли неруи барқ имрӯз боиси таваҷҷуҳи аксари кишварҳои дунё гардидааст. Дар тамоми соҳаҳо, ҳатто дар бунёди корхонаву ширкатҳо диққати асосӣ ба камистифодабарии он аз нерӯи барқ дода мешавад. Имрӯз дар кулли кишварҳои дунё ба сарфаи неруи барқ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Аксари ширкатҳои тавалидкунандаи техникаву технологияи пешрафтаи дунё диққати асосиро ба камистифодабарии он аз неруи барқ намуда, ҳамеша дар истеҳсоли ин ё он техника кӯшиш мекунанд, то он аз барқ сарфаҷӯёна истифода намояд.
Имрӯз қариб аксари кишварҳои дунё ба мушкилоти истифодаи неруи барқ гирифтор мебошанд. Табиист, ки аҳолӣ зиёд гардида, истифодабарандаи неруи барқ низ ба ҳамон дараҷа афзоиш меёбад. Ин ҳолат дар кишвари мо - Тоҷикистон низ вуҷуд дорад. Ҳоло сол аз сол дар кишвари мо низ корхонаҳои бузурги саноатӣ, фабрикаҳо, корхонаҳои истеҳсолии хурду калон ва ғайра бунёд мешаванд. Мусаллам аст, ки ин корхонаҳо бо неруи барқ фаъолият мекунанд, яъне истифодабарандаи доимии неруи барқ мебошанд. Бар замми ин, ба тавлиди неруи барқ дигар омилҳои табиӣ низ таъсир мерасонад. Аз ҳамин нигоҳ, зиёдтар аз ҳама, аз ҳолати табиӣ бештар кишварҳои ба таври табиӣ истеҳсолкунандаи неруи барқ гирифтор мешаванд, ки Тоҷикистон низ аз қабили чунин кишварҳост. Дар Тоҷикистон барқ аз об тавлид меёбад, ки бавуҷуд омадани об ин як ҳолати табиӣ ва бидуни ихтиёри одамизод аст. Дар баъзе солҳо боришот кам ва дар баъзе солҳои дигар боришот аз ҳад зиёд ва ё баъзе солҳо ниҳоят гарму баъзеи дигар ниҳоят хунук мешавад, ки ҳар яке ба тавлиди неруи барқ таъсир дорад. Масалан, имсол аз рӯи таҳқиқи аксари олимон ва мутахассисон дар Тоҷикистон гармӣ аз ҳад зиёд гардида, дар натиҷа аксари пиряхҳо об шуд ва ҳамчунин, зимистони имсола низ бо сабабҳои дигар бисёр барвақттар ва хунуктар омад. Чунин ҳолатҳо, албатта, ба тавлиди неруи барқ дар Тоҷикистон бетаъсир набуда, истеҳсоли онро кам ва ё зиёд менамояд.
Аммо имрӯз як нуктаи ташвишовар дар ин соҳа он аст, ки аз чунин ҳолат душманони миллат ва давлати мо истифодаҷӯӣ намуда, камбуди барқро ба шаклҳои гуногуни сиёсии хатарнок шарҳ медиҳанд.
Мардуми шарифи кишвар медонанд, ки имрӯз роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳо ва тамоми имкониятҳоро барои ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ равона кардаанд. Барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар чанд соли охир мо чандин неругоҳҳои хурду бузургро сохтаву таъмиру тармим кардаем. Муҳим он аст, ки НБО “Роғун” бунёд мешавад ва ба он умедҳои зиёде моро пайванд медиҳад.
Дар охир, мехоҳам як нуктаро қайд кунам. Чи гунае, ки дар боло гуфтем, дар фарҳанги мардуми мо сарфаю сариштакорӣ ҷойгоҳи хосе дорад. Гузаштагони мо ҳеҷ гоҳ исрофкор набуданд. Ба қадри заҳмати худу дигарон мерасиданд. Аммо мо имрӯз, бахусус, дар истифодаи сарфакоронаи барқ хеле камаҳамият ҳастем. Беҳуда чароғи хонаву коргоҳамон месӯзад, гармкунакҳои худсохти барқиро истифода мебарем, рӯзона бе зарурат барқро истифода мебарем. Андеша намекунем, ки агар ҳар яки мо дар истифодаи барқ аз сарфаю сариштакорӣ кор гирем, чи қадар барқ сарф мешавад. Ва аз ин сарфаи мо чанд хонаи дигар гарму равшан мешавад. Пас, мо дар баробари бунёди неругоҳҳо, фарҳанги истифодаи барқро низ ёд гирем.
Иноятулло Каримов,
устоди кафедраи улуми Қуръон ва ҳадиси
ДИТ ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: