Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА НЕРУГОҲИ “НОРАК”

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА НЕРУГОҲИ “НОРАК”

28-10-2025, 15:29
Хабарро хонданд: 276 нафар
Назарҳо: 0
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА НЕРУГОҲИ “НОРАК”
Неругоҳи барқи обии “Норак” бузургтарин неругоҳ дар Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, соле то 10-11 миллиард кВт соат неруи барқ истеҳсол менамояд. Ин неругоҳ ба тараққиёти саноати кишвар дар солҳои 70-уми асри гузашта саҳми шоиста гузоштааст.
Бунёди неругоҳи “Норак” соли 1961 оғоз ёфта, аввалин агрегати он бо иқтидори 300 МВт 15-уми ноябри соли 1972 ба истифода дода шуд. Иқтидори неругоҳ сараввал 2700 МВт буда, соли 1988 ҳамаи агрегатҳои он таҷдид гардида, ба 3000 МВт расонида шуд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Неругоҳи барқи обии “Норак” аз нав таҷдид шуда истодааст.
Дар неругоҳ то ин дам чунин корҳои азнавсозӣ анҷом дода шудаанд: аз ҷумла, соли 2009 чархи кории агрегати №3 ба чархи нави иқтидораш баланд иваз карда шуд, соли 2012 тамоми таҷҳизоти Дастгоҳи тақсимоти кушода - 220 кВ ба таҷҳизоти нави замонавии элегазии ДТПЭ-220 кВ иваз карда шуд, солҳои 2010-2014 дар агрегати №8 чархи кории нав васл карда шуда, бори аввал дар таърихи неругоҳ таъмири асосии дарбанди куравӣ гузаронида шуд ва 27-уми апрели соли 2016 дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии - 500 кВ ба кор дароварда шуд. Ҳамин тариқ, барои иҷрои корҳои таҷдиду барқарорсозии неругоҳи “Норак” дар тӯли солҳои 2006-2016 маблағи 627 миллиону 219 ҳазору 557 сомонӣ хароҷот шудааст.
Вобаста ба маблағгузории марҳилаи якуми лоиҳа байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (Бонки Умумиҷаҳонӣ) 2-юми июни соли 2017 созишномаҳои қарзию грантӣ ба маблағи умумии 226 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шуданд. Ҳамзамон, 1-уми августи соли 2017 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Созишномаи қарзӣ ба маблағи 60 миллион доллари ИМА ба имзо расид.
Инчунин, 4-уми июни соли 2019 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёгии Рушд Созишномаи қарзӣ ба маблағи 40 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шуда, 20-уми марти соли 2019 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар неругоҳи “Норак” ба татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии “Норак” расман оғоз бахшида шуд.
Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо дастури Роҳбари давлат ба таҷдид ва модернизатсияи неругоҳ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд. Бояд зикр намуд, ки барои амалисозии марҳилаи якуми лоиҳа то имрӯз қариб 3 миллиарду 300 миллион сомонӣ ва барои марҳилаи дуюми он 1 миллиарду 120 миллион сомонӣ ҷалб гардидааст.
Баъд аз татбиқи пурраи лоиҳа иқтидори неругоҳ аз 3000 то ба 3375 МВт зиёд шуда, бо дарназардошти тавоноии барқароршаванда ва иқтидори иловагие, ки дар натиҷаи таҷдид ба даст меояд, иқтидори кории неругоҳ то 775 МВт зиёд мешавад.
Хушбахтона, 24-уми октябри соли 2022 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 50-солагии Неругоҳи барқи обии “Норак” ботантана таҷлил гардида, агрегати №1 баъд аз таҷдиду навсозӣ расман ба истифода дода шуд.
Шоистаи зикр аст, ки агрегати № 4-и неругоҳ баъд аз таҷдиду навсозӣ дар таърихи 30-юми августи соли 2024 бо иштироки Пешвои миллат расман ифтитоҳ ва ба кор дароварда шуд. Агрегати №7-и неругоҳи “Норак” тибқи нақшаи пешниҳоднамудаи пудратчӣ охири соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Дар неругоҳи “Норак” рафти иҷрои корҳо бо истифода аз асбобҳои электронӣ ва нимноқил автоматӣ сурат мегирад. Дар ин раванд, инчунин, идораи гурӯҳии иҷрои корҳо ва танзими иқтидори фаъол ва реактивӣ дар назар дошта шудааст.
Барои осон шудани ҷараёни истеҳсолот ва сари вақт пешгирӣ кардану барҳам задани камбудиҳо дастгоҳи идора бо истифода аз васоити телемеханикӣ бо асбоби кашфи аломатҳои садамавӣ ва огоҳкунанда, инчунин, нақшаи хурди неругоҳи Неругоҳи барқи обӣ ҷиҳозонида шудааст. Ба сифати воситаи иловагии идорасозӣ воситаи телевизионии аз масофа идорашаванда истифода мегардад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки анҷоми муваффақонаи лоиҳаи таҷдиду навсозии Неругоҳи барқи обии “Норак” маҳз аз баракати Истиқлоли давлатӣ ва ҷаҳду талошҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки неругоҳи “Норак” аз нав эҳё шуда, боз солҳои дароз барои иқтисодиёт ва мардуми кишвар хидмат хоҳад кард.
Фаррухҷон МИРЗОЕВ,
вакили Маҷлиси вакилони халқи
шаҳри Норак
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: