Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » НАҚШИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР

НАҚШИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР

28-10-2025, 15:13
Хабарро хонданд: 273 нафар
Назарҳо: 0
НАҚШИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР
Омӯзгор сутуни асосии ҷомеа ва машъалафрӯзи роҳи оянда маҳсуб меёбад, зеро маҳз ӯст, ки бо заҳмату ранҷи беандоза ва меҳру муҳаббати беинтиҳо роҳи зиндагиро барои наслҳои нав равшан месозад. Агар мо имрӯз илму дониш меомӯзем, фарҳанги миллиро пос медорем, ватандӯстиву хештаншиносиро эҳсос мекунем, ин ҳама ба шарофати омӯзгор аст.
Ҳанӯз бузургони таърих омӯзгорро “меъмори насли оянда” унвон додаанд. Зеро омӯзгор на танҳо илм меомӯзонад, балки ахлоқу одоб, инсондӯстӣ, ватандорӣ ва меҳру садоқатро низ дар дили шогирдон ҷой мекунад. Ҳар як суханаш, ҳар як насиҳаташ метавонад сарнавишти насли ҷавонро тағйир диҳад ва онҳоро ба роҳи дуруст ҳидоят намояд.
Боиси хушнудист, ки таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми давраҳои сарварии хеш ба соҳаи маориф, ки пояи асосии давлатдорӣ ва рукни муҳимми ҷомеаи муосир маҳсуб меёбад, зиёд аст.
Бо дастуру ҳидоятҳои дурбинонаи Пешвои миллат имрӯз соҳаи маорифи мамлакат ба марҳалаи нави рушд ворид гардидааст. Маҳз бо ташаббусу дастгириҳои Президенти кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” таҳия гардид. Ин қонун рамзи эҳтиром ба заҳмати омӯзгор, эътирофи нақши маънавию иҷтимоии ӯ ва қадами устувор дар роҳи эҳёи ҷойгоҳи устод дар ҷомеаи муосири тоҷик мебошад.
Имрӯз омӯзгорон бо ифтихор метавонанд бигӯянд, ки заҳмату фидокориҳояшон аз ҷониби давлат ва Пешвои миллат қадр карда мешавад. Қонуни мазкур ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои омӯзгорон нигаронда шуда, барои беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии онҳо заминаи устувор мегузорад.
Тавре ки Пешвои миллат таъкид кардаанд: “Дар тамоми давру замон омӯзгорон мавқеи калидӣ доштанд, зеро онҳо қувваи равонӣ ва маънавии миллатанд. Омӯзгор онест, ки фарзандро ба роҳи дуруст роҳнамоӣ мекунад ва миллатро ба фардои равшан мебарад”.
Ин суханони пурҳикмат ба мо неру мебахшад ва масъулияти бузургро хотиррасон мекунад.
Омӯзгорон машъалафрӯзони роҳи илму маърифатанд, онҳо ҷомеаро равшанӣ мебахшанд ва насли наврасро ба арзишҳои инсонӣ, ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ роҳнамоӣ менамоянд.
Бо қабули Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” ҷойгоҳи омӯзгор на танҳо дар андешаи мардум, балки дар меъёрҳои қонунӣ низ устувор гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ нишон медиҳад, ки сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба қадршиносии меҳнати омӯзгор ва боло бурдани обрӯ ва касбу мақоми ӯ равона шудааст.
Имрӯз ҳар як омӯзгор бояд бо ифтихор ва масъулияти бештар фаъолияти хешро ба роҳ монад, зеро давлату миллат ба ӯ такя мекунад. Қонун на танҳо ҳимоя, балки як навъ паём аст, паёме, ки омӯзгор бояд мисли ҳамешагӣ манбаи рӯшноӣ, ахлоқ, фарҳанг ва илм боқӣ монад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор”, ки бо ташаббуси Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, як қадами муҳим ва таърихӣ дар роҳи арҷгузорӣ ба заҳматҳои омӯзгорон ва баланд бардоштани мақому мартабаи онҳо дар ҷомеа мебошад. Омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас, таҳкими арзишҳои миллӣ, худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа нақши меҳварӣ доранд. Қабули қонуни мазкур эҳтиром ва дастгирии давлатӣ ба заҳмату рисолати ин табақаи созанда аст.
Қонуни мазкур аз 6 боб ва 16 модда иборат буда, дар он ҳуқуқ, уҳдадорӣ, масъулият, имтиёз ва кафолатҳои иҷтимоиву иқтисодии омӯзгорон ба таври равшан муайян гардидааст. Аз ҷумла, масъалаи эмин нигоҳ доштани шаъну шараф ва қадру манзалати омӯзгор, ташаккули муҳити муносиб барои фаъолияти омӯзгорӣ, таъмини шароити кору маишат ва таҳкими мавқеи иҷтимоии омӯзгорон ба таври возеҳ дарҷ шудааст. Қонуни мазкур заминаи устувори ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили малакаи касбии омӯзгорон ва тарбияи мутахассисони асили ватандӯсту хештаншинос мебошад. Ин иқдоми нек, бешак, боиси болоравии нуфузи омӯзгор ва ҷалби ҷавонон ба касби омӯзгорӣ хоҳад гашт.
Бояд зикр намуд, ки қабули ин Қонун як навъи эҳтиром ба заҳмати омӯзгор ва қадами устуворе дар роҳи рушду такомули соҳаи маориф дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Мақоми омӯзгор дар ҷомеа бо ҳамин иқдоми Пешвои миллат боз ҳам устувортар ва шоистатар хоҳад шуд. Ҳамин тавр, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” рамзи эҳтиром ба устод, нишонаи сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар ва ифтихори ҳар як шахси маорифпарвар мебошад.
Умеда АЛИМОВА,
вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: