Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - МУАЙЯНКУНАНДАИ РУШДИ ОЯНДАИ МАМЛАКАТ

ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - МУАЙЯНКУНАНДАИ РУШДИ ОЯНДАИ МАМЛАКАТ

11-07-2025, 23:46
Хабарро хонданд: 502 нафар
Назарҳо: 0
ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - МУАЙЯНКУНАНДАИ РУШДИ ОЯНДАИ МАМЛАКАТ
Мактаби давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди минбаъдаи мамлакат ҳамчун давлати шукуфо ва устувор, ки дар минтақа ва ҷаҳон нақши муҳим дорад, заминаи устувор мегузорад. Ҳадафҳои сиёсӣ ва ташаббусҳои Пешвои миллат низ рушди ояндаи мамлакатро муайян мекунанд ва ба мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд.
Дар марҳилаи давлатдорӣ ва давлатсозӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, рушди муносибатҳои накуҳамсоягӣ бо тамоми давлатҳои ҷаҳон, бахусус ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ равона гардидааст. Тоҷикистон дар равандҳои ҳамгироии минтақавӣ фаъолона иштирок намуда, дар таъмини субот ва амният дар минтақа саҳм мегузорад.
Яке аз дастовардҳои бузурги Пешвои миллат дар баробари барқарорсозии сулҳу ваҳдат ин таҳкими равобити байналмилалӣ ва ҳамкории дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Шарқи Наздик, Амрико, Аврупо ва Африқо мебошад.
Имрӯз давлати мо бо зиёда аз 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои дӯстонаи дипломатӣ дорад, чунки самти асосии сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ сиёсати “дарҳои боз” мебошад. Он ҳамасола таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат рушду такомул меёбад.
Ҳар як мамлакати соҳибистиқлолу озод сиёсати дохилӣ ва хориҷиро дар доираи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ пеш мебарад, ки онҳо қисми таркибии равандҳои сиёсӣ ба ҳисоб мераванд. Дарвоқеъ, сиёсати хориҷӣ сиёсати дохилиро идомаву рушд бахшида, интиқоли он ба муносибату робитаҳои дигар мамлакатҳо ба ҳисоб меравад. Ба монанди сиёсати дохилӣ, сиёсати хориҷӣ бо шакли иқтисодии ҳукмрон, сохтори ҷамъиятӣ ва давлатӣ алоқаманд буда, онҳоро дар арсаи байналхалқӣ инъикос менамояд. Мақсади асосии сиёсати хориҷӣ дар чунин ҳолат аз таъмини шароити муфиди байналхалқӣ барои амалӣ намудани манфиатҳои миллии давлат иборат аст.
Самти муҳимми сиёсати хориҷӣ мубориза бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ мебошад. Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои алоҳида бо мақсади муқовимат ба ин таҳдидҳое, ки барои амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ доранд, фаъолона ҳамкорӣ мекунад.
Пешвои миллат чунин таъкид намуда буданд, ки “Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад. Дар шароити мураккабу пуртазоди имрӯза мо бояд ҳамкорӣ кунем, на рақобату бартариҷӯйӣ”.
Сарвари давлат дар нигоҳ доштани субот ва амният дар Осиёи Марказӣ нақши назаррас доранд. Кӯшишҳои Пешвои мо ба таҳкими ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа дар мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои фаромиллӣ равона карда шудаанд. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти марзҳо бо Афѓонистон бо андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати муқовимат ба воридшавии гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир нақши муҳим дорад.
Ташаббусҳои Пешвои миллат дар дохили мамлакат ва ҳам берун аз он эътироф гардидаанд. Барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ Президенти Тоҷикистон ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор дониста шудаанд.
Сарвари давлати тоҷикон дар ҷаҳон аввалин сиёсатмадоре ҳастанд, ки чунин мукофоти олиро соҳиб гардидаанд. Инчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои басо арзишмандашон дар ҳусни ҳамкорӣ, таъмини амният, сулҳу субот ва таҳкими дӯстии миёни Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони олии давлатии “Қаҳрамони миллии Афѓонистон-Аҳмадшоҳ Масъуд” низ сарфароз гаштаанд.
Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зимни омода сохтан ва амалӣ кардани стратегияи фарогир ва санҷидашудаи сиёсати хориҷии даврони Истиқлол ва дар солҳои охир бо таваҷҷуҳ ба ин тамоюлу равандҳо ва махсусиятҳои дигари ҷаҳони зудтаѓйирёбанда ба таври пайгирона ҷиҳати таъмини сазовори манфиатҳои стратегии Ватан ва халқи он дар доираи сиёсати “дарҳои боз” саъю кӯшиш мекунад.
Маҳз ба шарофати сиёсати муваффақ ва самарабахши Президенти мамлакат ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо назари хайрхоҳона ва эътимод менигарад.
Имрӯз бошад, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ, сиёсати хирадмандона ва созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат ба дастовардҳои назарраси иқтисодӣ соҳиб гардид. Барои боз ҳам ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои сатҳи баланд ва беҳтар шудани зиндагонии ҳар як фарди тоҷик мо қадамҳои устувор мегузорем.
Маҳмадалӣ ҚУРБОНЗОДА,
ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: