НАҚШИ ЗАНОН ДАР ПОЙДОРИИ СУБОТИ ҶОМЕАР11-07-2025, 23:12
Хабарро хонданд: 603 нафар
Назарҳо: 0
АНДЕША [/right] Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ба мардуми сарбаланди тоҷик, аз ҷумла занону бонувон имконият фароҳам овард, ки бо дарки масъулияти баланд дар рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвари азизамон нақши муассир гузоранд. Имрӯз занону бонувони сарбаланди тоҷик ба он арҷ мегузоранд, ки бо сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ба даст овардани соҳибистиқлолӣ мақому манзалати зан-модари тоҷик баланд бардошта шуда, зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Вобаста ба ин, қонунҳои амалкунанда аз нигоҳи таҳкими баробарии гендерӣ, баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодиҳои занон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихоб, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон такмил дода шудааст. Бар замми ин, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барнома ва стратегияҳои давлатӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд, ки ҷабҳаҳои гуногуни фаъолияти рӯзмарраи занонро фаро гирифта, татбиқи амалии онҳо ҳаёту фаъолияти бонувони тоҷикро боз ҳам рангинтар мекунад. Ҳамин аст, ки имрӯз занону бонувони қавиирода дар баробари садҳо нафар мардони далеру шуҷоъ дар ҳифзи сулҳу суботи кишвар нақши бориз гузошта, ҳамчун сипари боэътимод дар сафи пеши ҳимояти ин неъмати бебаҳо қарор доранд. Лозим ба ёдоварист, ки таърихи пурғановати гузаштаи миллати тоҷик собит менамояд, ки занону бонувони мо дар ҳар давру замон бо масъулияти баланди ватанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои олӣ ва сулҳу субот дар ташаккули давлатдорӣ саҳми шоиста доранд. Ҳамчунин, онҳо бо меҳри модаронаашон баланд бардоштани мақому манзалати оиларо шараф ва номуси хеш мешуморанд ва бо самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофати худ номи зан - модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд, бо дастони пурмеҳри худ навниҳолони соҳибмаърифат ва фарҳангдӯсту адабпарвари боғи маърифати миллат, яъне созандагони ояндаи неки Ватанро ба камол мерасонанд. Бо дастони пурмеҳр ва саховати модарони мо ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат ва илму маърифат парвариш меёбад. Аз ин рӯ, баҳри оромию устувории оила, ҷомеа ва давлат қалби поки онҳо ҳамеша саршор аз меҳру муҳаббат аст. Беҳуда нест, ки бузургони олам дар назди қадру манзалати зан - модар сари таъзим фуруд оварда, эътироф кардаанд, ки ӯ, воқеан ҳам, бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад. Имрӯз ягон соҳае нест, ки занону бонувони мо он фаъолият накунанд. Бинобар ин, неруву ҷасорати занонро ба инобат гирифта, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳамасолаи худ низ ба Маҷлиси Олии мамлакат нисбат ба мақоми занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, аз ҷумла таъкид карданд: “Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад”. Дар идомаи Паёми хеш Роҳбари давлат иброз медоранд: “Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро занону бонувон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор занону бонувони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд. Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд”. Ин ҳама дастовардҳои занон ва бонувони тоҷик бо шарофати соҳибистиқлолии кишвари азизамон, бо шарофати Ваҳдати миллӣ, бо шарофати ғамхориҳои пайвастаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мо, занон ва бонувони кишвар мебошад. Мо, занону бонувон хушбахти замон бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар, ваҳдату ягонагӣ, бо шукргузорӣ аз ҳама иқдомҳои созанда, ғамхориҳои пайвастаи Сарвари маҳбуби кишвар нисбат ба мо, занон ва бонувон тамоми саъю талоши хешро ба он равона менамоем, то ки арзандаи ин ҳама кумаку дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои миллат шуда тавонем. Рисолати худро, ки пеш аз ҳама, тарбияи дурусти насли наврас, аз ҷумла дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарварӣ бузург кардани онҳост, иҷро намоем. Мо, занону бонувони тоҷик пойдории сулҳу осоиш, табассуми кӯдакону хушбахтии ҷавонон ва оромиву суботи хонадонро дастоварди беназири соҳибдавлатӣ ва натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, бобати ҳифзи ин музаффариятҳо ҳамеша омода ҳастем. Дар масири ҳимояти ин комёбии арзишманд ва обод намудани Ватан иродаи мо, занону бонувон устувору қавӣ аст ва маҳз ҳамин якдилӣ ба мо имкон додааст, ки мафҳуми ваҳдату якдилиро илман асоснок намуда, моҳияти аслии онро ба насли ҷавон омӯзем. Дар ин радиф ҳар яки мо вазифадорем, ки ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани ваҳдату осудагии мардум аҳлона заҳмат кашем, ҳар як иқдоми арзишманди Пешвои миллатро қадр намоем ва Тоҷикистони азизамонро бо меҳнати шоиставу арзанда боз ҳам ободтару шукуфонтар гардонем, зеро арзиши бузурге, ки моро боз ҳам муттаҳид мекунад, ин бақои ваҳдат ва оромиву суботи кишвар аст. [right]Лола СУЛАЙМОНЗОДА, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.




[/banner_right-3]


