Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби бонувони лаёқатманд маҷмӯи тадбирҳои ҳадафманди ҳуқумати кишвар аст

Ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби бонувони лаёқатманд маҷмӯи тадбирҳои ҳадафманди ҳуқумати кишвар аст

9-07-2024, 16:12
Хабарро хонданд: 1551 нафар
Назарҳо: 0
Ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби бонувони лаёқатманд маҷмӯи тадбирҳои ҳадафманди ҳуқумати кишвар астРоҳбарияти Олии мамлакат, ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодиҳои занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон тадбирҳои зарурӣ андешида, ин масъала дар маркази таваҷҷӯҳи Президент ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ шакли муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузошт. Сиёсати давлатӣ оид ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони маҷмӯи тадбирҳо ва амалиёти мушаххасу ҳадафманде мебошад, ки ба баробарҳуқуқии шахсӣ, иҷтимоӣ ва вусъати имкониятҳои онҳо дар интихоби роҳҳои ҳаётӣ мусоидат мекунанд. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Дар ин радиф Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд муддат аст, ки бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занони болаёқат барои солҳои 2023-2030 ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малакаи мудирият ва таҳлилгарии хизматчиёни давлатӣ, дониши ҳуқуқию сиёсии занону духтарон дар вазорату идораҳо, ташкилот ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор менамояд. Дар доираи татбиқи ин барнома 30 нафар бону – намояндагони мақомоти марказӣ, аз рӯйи барномаи «Ташаккули малакаи забондонӣ ва коргузории хизматчиёни давлатӣ» , ки мудати чанд моҳ дар Акдемияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешуд, такмили ихтисос карданд.
Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода зимни табрикот ва тақдими гувоҳиномаҳо ба иштирокдорон иброз дошт, ки: “Мақсад аз баргузории ин барнома - амалигардонии сиёсати давлатӣ дар самти таъмини ҳуқуқҳо ва имкониятҳо доир ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи кишвар аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд, таъмини дастрасии занону духтарон ба хизмати давлатӣ, таъмини ҳуқуқи баробари мардон ва занон ҳангоми пешниҳод ва таъин намудан ба вазифаҳои мебошад”.
Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим дар самти омӯзиши хусусиятҳои роҳбарии занон ин муайян намудани самти фаъолнокии онҳо мебошад, ки тавассути он имконияти гурӯҳбандии сохтории роҳбарии занон имконпазир мегардад.
“Пешвои миллат пайваста зимни суханрониҳои худ ба масъалаи дастгирӣ ва фаъолнокии занон, эҳтиром ба зан – модар таваҷҷуҳи хосса доранд. Натиҷаи ҳамин дастгириҳост, ки имрӯз дар мамлакат нақши занон сол то сол дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ боризтар гашта, мавқеи онҳо дар пешбурди равандҳои иҷтимоию сиёсӣ фаъолтар мегардад. Чунин курҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос барои бонувони болаёқати кишвар, на танҳо боиси сайқал ёфтани маҳорати онҳо мегардад, балки воситаи хеле муассире барои ҳамкорӣ минбаъда гардида, байни онҳо дустии амиқро густариш медиҳад. Дар муддати ин моҳҳо, ки мо дар як синфона таҳсил кардем, ба ҳамдигар мисли як хонавода шудем”-мегӯяд Шаҳида Шараф яке аз иштирокчиёни фаъоли курси мазкур.
Ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби бонувони лаёқатманд маҷмӯи тадбирҳои ҳадафманди ҳуқумати кишвар аст

Қобили зикр аст, ки ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш ва мақоми зан дар раванди идоракунии давлат сол то сол афзоиш ёфта истодааст, ки ин омил аз дигаргуниҳои назаррас дар ҷомеа ва баланд бардоштани шуурнокии занон ва кору фаъолияти онҳо дар тамоми мақомоту идораҳои давлатӣ дарак медиҳад.

Гулҳаёи Мадимар
мухбири махсуси "Минбари Халқ" №28
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: